Акси садо

Тамоку хушбахтиро аз инсон мегирад

№2 - 3 (3796 -3797) 06.01.2018

носДар рӯзномаи «Садои мардум» №155, аз 28 декабри соли 2017  мақолае зери унвони «Чаро аз сигарет ҳазар дорему аз нос не?» ба табъ расида буд. Муаллиф андешаҳои мутахассиси варзидаро дар хусуси зарари тамоку бо факту рақамҳои мушаххас баён кардааст.

Ман бо муаллиф ҳамфикрам, зеро аз тамоку на танҳо худи тамокукаш, балки атрофиён низ зарар мебинанд. Агар аз дуди сигор наздикони  тамокукаш заҳролуд шаванд, аз бӯи бади даҳони носкаш ва носи туфкардаи ӯ кас дилбеҳузур мешавад.

Чизе, ки барои  саломатӣ барин гавҳари ноёб зарарнок бошад, оқил онро истифода намебарад. Афлотуни Ҳаким гуфтааст:  «Нахус­тин хушбахтӣ барои инсон саломатист. Дувумин хушбахтии инсон ин зебоист» Тамокукашӣ ҳар дуи ин хушбахтиро аз инсон мегирад.

Нақл мекунанд, ки дар қадим тоҷирон бори аввал ба шаҳре тамокуро барои фурӯш оварда буданд. Донишманде ба мардум гуфтааст, ки кашидани тамоку ба саломатӣ зиён дорад. Аҳолии шаҳр ба сухани  донишманд гӯш дода, аз кашидани тамоку худдорӣ кардаанд. Тоҷирон дастаҷамъона бо туҳфаҳои зиёд ба назди донишманд рафта, хоҳиш кардаанд, ки фикрашро дар хусуси тамоку дигар кунад. Вагарна, онҳо аз тиҷорат зиён мебинанд.

Донишманд тибқи хоҳиши онҳо рӯзи дигар ба мардум гуфтааст: «Эй халоиқ, касе тамоку кашад, саг ба ӯ наздик намегардад, ба хонааш дузд намедарояд, пир намешавад».

Дӯстонаш аз донишманд  пурсидаанд: — Шумо моро пештар аз кашидани тамоку манъ мекардед, ҳоло бошад, чунин мегӯед. Инро чӣ  хел фаҳмем?

Донишманд гуфтааст: «Касе тамоку кашад, заифу нотавон шуда, ба даст асо мегирад. Аз ин рӯ, саг ба шахси асодор  наздик намешавад. Тамокукаш ҳамеша месулфад. Бинобар ин, дузди шабгард гумон мекунад, ки ӯ бедор аст. Шахси ба тамоку дилбаста пир намешавад, зеро аз  нотавонию заифӣ ба пирӣ намерасад…»

Саломатии инсон  сарвати беҳамтост. Аз ин рӯ, онро қурбони ҳавою ҳавасҳои беҳуда кардан нашояд.

Сурайё ХОЛОВА,

омӯзгори МТМУ №91, шаҳри Душанбе