Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба тавсеаи фаъолият мусоидат намуд

№33 (3513) 08.03.2016

САХШНисо Холдорбековаро солҳои зиёд аст, ки мешиносам. Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш — деҳаи Ғуриёт ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1985 бо дипломи аъло хатм намуд. Бо роҳхат ба ноҳияи Ҳисор омада, фаъолияти кориашро ҳамчун муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №15 оғоз намуд.

Дере нагузашта донишу малака ва кордониашро ба инобат гирифта, ӯро барои кор ба шуъбаи маорифи ноҳия ва баъдтар  ба Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳисор даъват намуданд. Фаъолият дар ин вазифаҳои пурмасъулият обрӯву эътибори Нисо Холдорбековаро боз ҳам баландтар бардошт. Ҳамин буд, ки соли 1994 роҳбарияти ноҳия ӯро ба вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор таъин намуданд ва 22 сол мешавад дар ин вазифа кор мекунад. Хизматҳои номбурдаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор, Вазорати адлия ба назар гирифта, бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «90 — солагии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ намуданд. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Имрӯз дар ноҳия ҳама ин оиларо ҳамчун оилаи намунавӣ хуб мешиносанд. Хоксорӣ, хушмуомилагӣ нисбатба муроҷиаткунандагону корафтодагон аз хислатҳои ҳамидаи ин нафар маҳсуб мешавад.

Роҳбарияти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Нисо Холдорбековаро ҳамчун корманди чашмикордон ва ба вазифаи хеш содиқ ситоиш намуданд.

Аз суҳбати на чандон тӯлоние, ки бо номбурда доштам, аён гардид, ки ин суханон комилан дурустанд.

Фаъолият дар мақомоти адлия, бахусус дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ кори саҳлу осон нест. Иҷрои ин вазифа, пеш аз ҳама, заковату ҳушёриро талаб мекунад.

Афзудани нуфузу эътибори занонро дар ҷомеа Нисо Холдорбекова ба дастгириву таваҷҷуҳи ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳад.

- Ҷоиз ба зикр аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ягона мамлакате маҳсуб мешавад, ки Сарвараш фармонро дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ба тасвиб расонидааст. Биноан, бонувон бояд дар ҷавоби ин ғамхориҳо бо ибтикороти худ дар пешрафти мамлакат саҳми бориз гузоранд, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.

 М. ЗОКИР,«Садои мардум»