Тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз интернети озод

№27 (3977) 11.03.2019

10 марти соли 2019 ҳазорҳо сокини Федератсияи Россия дар як қатор шаҳрҳо зидди қонуне даст ба тазоҳур заданд, ки ҷудошавии «Рунет» (бахши русии Интернет)-ро аз Интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Зимни тазоҳурот дар шаҳри Москва беш аз 15 ҳазор одам иштирок карданд.

Тазоҳуротро фаъолони Ҳизби саб­ти номнашудаи озодихоҳи Россия ташкил карданд. Соли гузашта низ онҳо ба ҷонибдорӣ аз паёмакрасони «Telegram» тазоҳурот созмон дода буданд. Мухолифи русзабон Алексей Навалний низ сокинони кишварро ба тазоҳурот даъват карда буд.

Дар эътирози шаҳрҳои Хабаровск ва Воронеж низ даҳҳо одам иштирок карданд. Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои баргузории тазоҳурот иҷозат надоданд ва аъзои Ҳизби озодихоҳ ва ҳаракати «АгитРоссия» маҷбур шуданд, иқдоми эътирозиро дар назди бинои «Роскомнадзор» баргузор намоянд. Норозиён дар пушти дари бинои идораи зикршуда навиштанд, ки «Ин ҷо интернети русиро мекушанд».

Дертар маъмурони пулис узви фаъоли Ҳизби озодихоҳи Россия Роман Аянк ва узви ҳаракати «АгитРоссия» Григорий Кудрявтсевро боздошт карданд. Бино ба иттилои хабаргузориҳо, онҳо ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд, вале пас аз чанд соат бе тартиб додани санад раҳо гаштанд.

Парлумони  Россия 12 феврали соли равон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар пояи он имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунет аз Интернети ҷаҳонӣ фароҳам хоҳад шуд. Лоиҳа бо 334 раъйи ҷонибдор ва 47 раъйи зид қабул шуд. Бино ба хабарҳо, барои ҷудосозии Россия аз Интернети ҷаҳонӣ 20 миллиард рубл лозим аст.

«Садои мардум»