«Терминали чорум кай сохта мешавад?»

№54 (4004) 14.05.2019

Мақолаи «Терминали чорум кай сохта мешавад?» («Садои мардум» №45 (3995) аз 23 апрели соли 2019) – ро баррасӣ карда, иттилоъ медиҳем, ки хизматрасонӣ бо автобусҳои ғунҷоишашон хурд (микроавтобусҳо) аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба ташкилоту ҷамъиятҳои аъзои ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» вобаста мебошад. Мувофиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23 июли соли 2009 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» нуқтаи аввалу охири хатсайрҳои «Душанбе — Ҳисор», «Душанбе — Шаҳринав», «Душанбе — Турсунзода» ва самти муқобил тавассути дарвозаи ғарбии пойтахти кишвар, саристгоҳи марказии шаҳри Душанбе (ҳоло Терминали мусофирбарии «Холдинг Осиё гурӯҳ Тоҷикистон») муқаррар гардидааст. Нақлиёти мусофирбари ҷамъиятҳои мо аз рӯи тартиби муайяннамудаи қарори зикршуда фаъолият карда, аз рӯи реҷаи муайяни корӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Дар истгоҳи «Зарнисор»-и маҳаллаи 102-и шаҳри Душанбе барои фаромадану саворшавии мусофирон муддате таваққуф намуда, боз роҳро давом медиҳанд. Барои дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод намесозанд.

Аммо, ронандагони худсарона фаъолияткунандаи нақлиёти шахсии кирокаш (таксӣ), ки ягон ҳуҷҷати мусофиркашонӣ надоранд, на танҳо маданияти шаҳрдориро вайрон месозанд, балки дар ин маҳалла бесарусомонии зиёдро ба вуҷуд меоранду ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонанд. Бо мақсади савор намудани мусофирон хатҳои якуму дуюми ҳаракати нақлиётро ба самти ғарби пойтахт банд месозанд ва боиси вайрон гардидани реҷаи ҳаракати нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ мегарданд.

Дар бештар маврид саъю кӯшиши мо бобати ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёти мусофирбари самти Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода, бо сабаби аз тарафи мақомоти давлатии назоратӣ ва идораҳои дахлдор дастгирии зарурӣ наёфтан, баръабас меравад. Аз рӯи мушоҳидаҳо ҳоло дар самтҳои зикршуда тахминан 120-150 автомошинаи сабукрави таксӣ, ки ба ягон ҷамъияти мусофиркашонӣ шартномаи ҳамкорӣ надоранд, бе иҷозатнома, патент, роҳхат ва гузаштан аз муоинаи пеш аз сафари тиббию техникӣ ба мусофирон ва меҳмонони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав хизмат мерасонанд ва ба буҷети давлат ягон дирам ворид намесозанд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ кормандони мо ва нозироти андоз бо ронандагони автомошинаҳои ғайриқонунӣ фаъолияткунанда дар маҳаллаи 102 – и шаҳри Душанбе вохӯрӣ гузаронида, онҳоро даъват карданд, ки фаъолияташонро қонунӣ гардонанд. Ин даъват низ дар ҳаво монд. Чунин ҳолат дар дигар маҳаллаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳо низ ҳукмфармост. Тибқи таҳлилҳо ва ҳисобу китоби Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ тахминан 50 ҳазор нафар ронандаи нақлиёти шахсӣ ба фаъолияти мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғуланд. Агар фаъолияти онҳо қонунӣ гардонида мешуд, танҳо аз ҳисоби маблағи патенти онҳо ҳар сол ба буҷети ҷумҳуриявӣ миллионҳо сомонӣ ворид мегардид.

С. Гулов, директори генералии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар»