«Терроризм ва экстремизм таҳдид ба амнияти кишварҳост»

№34 (3984) 30.03.2019

Бо ин унвон чанде пеш дар шаҳри Хоруғ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ситоди байниидоравии таъминоти амнияту волоияти қонун дар вилоят ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

- Таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ то ҳанӯз паст нагардидаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ имкон медиҳад, ки таъсири онҳо то андозае аз байн бурда шуда, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо пешгирӣ карда шавад», моро водор месозад, ки барои тарбияи насли солиму созанда, худшиносу худогоҳ аз тамоми имкон истифода намоем, — изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов.

Ӯ инчунин зикр кард, ки танҳо бо риояи ахлоқи ҳамида ва хиради азалӣ метавонем насли ватандӯсту сазовор ба воя расонида, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав пешгирӣ намоем.

Алишер Мирзонаботов — муовини якуми раиси вилоят, мафҳумҳои терроризму экстремизмро шарҳ дода, таъкид дошт, ки аз хатар, таҳдид ва оқибатҳои даҳшатбори он бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳӣ дошта бошад. Ӯ иброз намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм хеле мукаммал аст. Татбиқи амалии он ва дар ин замина таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, дар баробари ниҳоду сохторҳои давлатии масъул, вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Бояд бо истифода аз ақли солим дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем.

Алишер Мирзонаботов афзуд, ки солҳои охир зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ҳадафи амалҳои террористии гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифтааст ва садҳо ҳазор нафар макони зистро тарк намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён қарор гирифт. Хушбахтона, бо талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нестшавӣ ва миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳо ёфтанд.

- Имрӯз беш аз ҳарвақта зарур аст, ки тамоми саъю кӯшишро ба он равона созем, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ гардад ва ҳам тавонем онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ талқин намоем, — таъкид дошт Алишер Мирзонаботов.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мамадқул Меликов зикр намуд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористӣ зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф гардонидани пояҳои давлат ва шубҳа андохтан дар миёни мардум аст.

Бо ёдоварӣ аз беэътиноии аҳли ҷомеа нисбат ба амалҳои шахсоне, ки барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ замина мегузоранд, Мамадқул Меликов таъкид кард, ки агар наздикону пайвандон, ҳамсояҳо сари вақт кирдорҳои хавфноки онҳоро пешгирӣ менамуданд ё бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳамкориро ба роҳ мемонданд, имконияти пешгирии маҳбасӣ гардидани чандин шаҳрванд мавҷуд буд. Номбурда зикр кард, ки ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби зиёиён, ҷавонон, занон, олимон, ходимони дин имкон медиҳад, ки ҷавонон аз оқибатҳои даҳшатбори терроризму экстремизм огоҳӣ пайдо ва аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ канораҷӯйӣ намоянд.

Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Мирзомуродзода ­Рустам таъкид дошт, ки террористон, сарфи назар аз дину мазҳаб, ба ягон намуди муқаддасот арҷ намегузоранд. Барои онҳо мафҳумҳои муқаддасе чун Ватан, Модар, сулҳ, ваҳдат бегона аст. Онҳо ба хотири анҷом додани амалҳои нопоку даҳшатбор аз ҳама восита истифода мебаранд.

Дар конфронс, ҳамчунин, олимон ва ходимони дин дар робита ба мавзӯъ изҳори андеша намуданд. Баргузории он дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ дар назар аст.

Шоҳтолиб Шоҳқосимов«Садои мардум»