Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост»

№12 (4118) 23.01.2020

Мақолаи Сайфиддин Суннатӣ бо унвони «Тиллои сурх» ба беш аз сад дард давост»  («Садои мардум», №146 аз 3 декабри соли 2019) аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Заъфарон (русӣ – шафран посевной, лотинӣ — Crocus sativus) яке аз рустаниҳои маъмул буда, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Фаронса, Шоҳигарии Испания ва дигар кишварҳо кишт мешавад. Онро асосан ҳамчун моддаи хуштаъмкунандаи таому хӯришҳо ба кор мебаранд. Дар тибби қадим ва халқӣ низ заъфарон васеъ тавсия мешавад.

Мутаассифона, заъфарон гиёҳи фаромакопӣ нест, аз ин рӯ, дар тибби муосири давлатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода намешавад. Дар асоси ин рустанӣ низ ягон дору барои тибби маъмулӣ истеҳсол намекунанд.

Ҳамзамон, қисми фоидабахши ин рустанӣ гардбарги он мебошад, ки ба ҳисоби миёна барои ба даст овардани  як килограмми он 108000 бех ниҳол зарур аст, ки он аз 3 гектар ҷамъоварӣ ва барои парвариши он тақрибан 20000 сомонӣ масраф мешавад. Агар дар ҳамин андозаи замин рустании дигари фоидаовар кишт шавад, ҳам барои парвариш маблағи кам сарф мегардад ва ҳам фоидаи бештар ба даст меояд. Бинобар ин, парвариши заъфарон дар шароити кишвари мо камманфиат ҳисобида мешавад.

Н. ОЛИМЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон