Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон дониста шуд

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

ываывМаркази таҳлилии амрикоӣ  «Gallup» дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин мамолики олам ҷой дод.

Дар раддабандӣ ҷойи аввал ба Сингапур ва ҷойи сеюм ба Амороти Муттаҳидаи Араб сазовор дониста шудааст.

Пажӯҳишгарон пурсидаанд, ки оё аз гаштугузори шабона дар танҳоӣ наметарсед? Тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба  мақомоти ҳифзи тартиботи  маҳали зисташон  бовар доранд, — хабар додааст «Gullup».

Дар баробари Тоҷикистон, инчунин, Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Ӯзбекистон, Финландия, Чин, Олмон шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд.

Дар маҷмӯъ, зимни назарпурсӣ дар ҷаҳон аз се ду нафар – 69 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона худро амн эҳсос мекунанд ва  68 дарсад  изҳор доштаанд, ки  ба пулиси маҳаллӣ бовар доранд.

Ҳар нафари 8-ум ё 13 дарсад гуфтаанд, ки соли гузашта моли онҳо ё наздиконашон ҳадафи дуздӣ қарор гирифтааст ва  6 дарсад изҳор доштаанд, ки мавриди ҳамлаю ғоратгарӣ қарор гирифтанд.

Дар Афғонистон танҳо 13 дарсад изҳор доштаанд, ки ҳангоми сайругашти шабона дар танҳоӣ худро амн эҳсос мекунанд. Ин нишондод як сол пеш ба 20 дарсад баробар буд.

АМИТ «Ховар»