«Тоҷикистон — Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ»

№ 15.02.2018

IMG_0992Таҳти ин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли 2018 конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид, ки ба 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон бахшида шуд. Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Турк­манистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшиносон, кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикматулло Муминов, раиси Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари шуъбаи тоҷикистонии Ассотсиатсияи башардӯстонаи туркманҳои ҷаҳон Довлет Куллаков, собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Тоҷиддин Мардонӣ доир ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар зарфи 25 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки пойдевори   ҳуқуқии муносиботи  Тоҷикистон ва Туркманистон 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта, дар зарфи 25 сол байни ҳар ду мамлакат муносибатҳои дӯстона бар асоси эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои шарикии баробар ба роҳ монда шуд.

Инчунин, қайд гардид, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикис­тону Туркманис­тонро беш аз 70 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра ба танзим медароранд.

Сафари расмии Президенти Туркманис­тон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки моҳи ноябри соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, равобити дуҷонибаи ҳар ду давлатро боз ҳам тавсеа бахшид. Зимни ин сафар 13 санади нави байнидавлатӣ ба имзо расонида шуд, ки ба дурнамои тақвияти ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории минтақавии ду давлат, татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии минтақавӣ, нақши Тоҷикистону Туркманистон дар таъмини амнияти минтақа, хусусан Афғонистон ва дурнамои неки равобити ҷонибҳо табодули назар сурат гирифт.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»