«Тоҷикстандарт» ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунад

№73 (3219) 04.07.2014

Аз маркази матбуоти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, ки давоми панҷ моҳи соли равон зиёда аз 400 тонна молу маҳсулоти пастсифату ба саломатии инсон хатарнок ошкор ва нобуд карда шуд. Бино ба гуфти сардори маркази матбуоти Агентии мазкур Мурод Ашӯров, дар вилояти Суғд зимни гузаронидани санҷиш дар нуқтаҳои фурӯши ҶДММ «Гулистон»  панҷ намуд нӯшокиҳои худсохти ташнашикани «Оби газнок», «Тасним», «Яблоко», «Лимонад», «Вишня», «Кола» ва «Персик»  дар зарфҳои  полиэтилении  ғунҷоишашон яклитра дар ҳаҷми калон ошкор карда шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд.  Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки ин гуна обҳоро соҳибкори инфиродӣ Шуҳрат Аъзамов бе риояи талаботи зарурӣ дар шароити ғайристандартӣ истеҳсол менамудааст. Зарфҳои дорои нӯшокиҳои ташнашикани ғайристандартии ошкоршуда 4568 ададро ташкил дода, миқдори он дар коргоҳи соҳибкори зикршуда хеле зиёд будааст. Инчунин Мурод Ашӯров изҳор дошт, ки дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  23200 килограмм маҳсулоти қимаи гӯшти мурғ, ки аз ҷониби соҳибкор Ш.Нарзиев аз Ҷумҳурии Туркия ворид шудаасту ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест, нобуд карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳри Душанбе низ ба миқдори 180 килограмм қандҳои ғайристандартии истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ошкор ва аз муомилот гирифта шудааст. Ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  56040 дона зарфи шишагиро, ки бо оби ҷави тамғаи «Балтика-3»  пур буданд, ошкор кардааст, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст. Маҳсулоти зикршуда ба соҳибкор М.Шарифов тааллуқ дорад. Алҳол дар робита ба ин чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Шарифи СОЛЕҲ, «Садои мардум»