Ту некӣ мекуну дар даҷла андоз

№107 (4057) 05.09.2019

СафиаллоСафиало Азизулозода соли сеюм аст, ки дар ноҳия ва минтақаи Рашт ба ҳайси сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Дар ин муддат ӯ тавонист, ки бо кордонӣ ва ғамхориҳои пайвастааш нисбат ба сокинон дар дили мардуми диёр ҷой гирад. Номбурда, дар баробари адои вазифаи давлатӣ, вақти холиашро дар миёни мардум мегузаронад. Барои ҳалли мушкилоти онҳо дар доираи имконот ёрӣ мерасонад.

Сафиало баҳри ободонии диёр мардумро ҳамеша ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта маҳз бо туфайли ӯ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ беш аз даҳ километри шоҳроҳи Душанбе-Лахш-сарҳади Қирғизистон дар ноҳияи Нуробод мумфарш карда шуд. Чанде пеш бо кӯшиши вай кормандони раёсат тавонистанд, ки аз масофаи панҷ километр ба канори маҳаллаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм хати об оваранд. Аз он истироҳаткунандагони осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қисми сокинони маҳаллаи Эмом Муҳиддин истифода мебаранд.

Сафиало Азизулозода бо соҳибкорони маҳаллӣ низ пайвас­та вохӯрӣ гузаронида, онҳоро дар партави дастуру супоришҳои ­Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагӣ ҷалб месозад. Масалан, соҳибкори варзида Муҳиб Бобоҷонов зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм ва деҳаи Хуфаки деҳоти «Қалъанак», баъди суханронии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сафиало Азизулозода барои кандани чоҳи амудӣ ва таъмини пурраи мавзеъҳои номбурда бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ 280 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ кард, ки ба гуфти мутахассисон, барои кандани чоҳи амудӣ ва баровардани об кифоят мекунад.

- Ҳар кадоми мо бояд дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бошем, зеро онҳо ба ободонию созандагӣ равона шудаанд, — гуфт зимни суҳбат генерал — майори милитсия Сафиало Азизулозода ва афзуд: «Бовар дорам, ки дигар соҳибкорони баору номуси диёр низ ба соҳибкори номдор Муҳиб Бобоҷонов пайравӣ карда, дар ободонии диёр ва ҳалли мушкилоти мардум саҳми сазовор мегузоранд».

Ҳар некиро подошест. Тавре мегӯянд:

Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз,

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»