Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷати ҳадафманди тақвиятбахши рушди иқтисодиёт

№27 (4133) 29.02.2020

Паём ҳамчун ҳуҷҷати ҳадафманди дурнамои рушди соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла, муносибатҳои ҳуқуқиро дар як даври муайян ҷамъбаст карда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷро намудани барномаву стратегияҳо, амалӣ гардонидани рушди босуботи ҷомеа ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва тарбияи аҳолӣ муайян мекунад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 декабри соли 2019) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян карда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Боиси зикр аст, ки аз рӯзи ба сари давлат омаданашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба рушди иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Ба ин хотир, бо мақсади шиносоӣ бо шароити кору зиндагонии мардум, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, хатарнокии роҳ ба дурдасттарин минтақаҳои кишвар сафарҳо анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа ба рушду нумӯи онҳо такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Бо талошҳои пайгирона ва шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар, дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари воридоткунанда ба давлати содироткунанда табдил ёфт. Тавре ки дар Паём Президенти мамлакат изҳор доштанд, соли 2019 суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1, гардиши савдо 8 ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин гардид.

Инчунин, дар Паём қайд гардид, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард то ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Соли 2019 чархаи дуюми НБО-и «Роғун» ба кор даромад, ки низ ба рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид, зеро фаъолияти бонизоми корхонаҳои саноатии кишварро бе неруи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, дар заминаи дастгириҳои давлатӣ, аз қабили эълон гардидани мораторий ва имтиёзҳои андозӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои рушди соҳибкории хурду миёна, ҳар сол дар кишвар корхонаҳои зиёд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул мебошанд, ба истифода дода мешаванд. Бо ин роҳ ҷойҳои кори доимӣ таъсис ва давра ба давра сатҳи бекорӣ коҳиш меёбад.

Пешвои миллат дар Паём бо таҳлилҳои дақиқ зикр намуданд, ки саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013 ба 54 фоиз баробар буд. Ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳо дар хусуси рушд додани иқтисодиёти миллӣ изҳори андеша ва Ҳукумати мамлакатро вазифадор намудаанд, ки ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Пӯшида нест, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба соҳаи иқтисодиёти кишварҳо бетаъсир намемонад. Яъне, шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо масъулинро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки то охири соли 2020 «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025»-ро қабул намояд.

Роҳбари давлат такмили қонунгузории кишварро яке аз омилҳои рушд ёфтани иқтисодиёти мамлакат шуморида, дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо супориш доданд, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул карда шавад. Ҳамчунин, дастур доданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бояд соҳибкорон иштирок дошта бошанд, то ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ пешбинӣ карда шавад.

Бо эътимод метавон гуфт, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи амалии ҳадафҳои дар Паём пешбинигардида, ҳамчунин, бо қабул ва амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025», иқтисодиёти мамлакат боз ҳам инкишоф ва кишвар ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа табдил меёбад.

А. ХАЙРИДДИНЗОДА, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон