Ба мо муроҷиат мекунанд

Убайдулло Қурбон – табибе, ки ҳабиби мардум аст

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

ubaydullo-_Ба идораи рӯзнома сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нусратулло Сатторов бо писарчаи чорсолааш Ҷалолиддин омад. Таваҷҷуҳи моро, пеш аз ҳама, писарчаи ӯ, ки дасти росташ докапеч буд, ҷалб намуд. Вақте бо онҳо шинос шудаю ба суҳбат оғоз кардем, маълум гардид, ки писарбачаро на танҳо дасти росташ, балки як қисми бадану дасти чапаш низ ҷароҳатнок аст. Сабабашро падари писарбача нақл кард:

- Ҳодиса 28 августи соли 2017 рух дод. Ҷалолиддин ба танӯри зеризаминии тафсон афтид ва беш аз 40 фоизи баданаш осеб дид. Дар давоми як моҳ ба вай дар Беморхонаи шаҳрии клиникии №3-и пойтахт ёрии тиббӣ расонданд. Дард каме таскин ёфт, вале муолиҷаи ҷароҳатҳои зиёди дасту пой ва баданаш то имрӯз идома дорад.

Дар НБО — и «Роғун» кор мекардам. Бинобар ҳодисаи зикршуда дигар натавонистам фаъолиятамро идома диҳам, зеро ба Ҷалолиддин нигоҳубин  ва табобати мунтазам лозим буд. Барои бартараф намудани иллати мавҷуда, ки ба ҳаёти кӯдак таъсири манфӣ расонид, зарурати гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ пеш омад. Табиист, ки гузаронидани чунин ҷарроҳии нозук маблағи зиёдеро талаб мекунад. Аз ин ҷиҳат, такудави зиёд кардем, ташвишҳои зиёде пеш омаданд.

Шунидам, ки дар беморхонаи маъруф ба «Медгородок» табиби масеҳонафас ва инсони нексиришт, профессор Убайдулло Қурбон кор мекунад. Рӯзе ба наздаш рафтам. Ростӣ бовар надош­там, ки чунин як духтури номдор маро қабул мекунад. Вақте бо эшон вохӯрдам, ӯро як инсони хоксор, хушмуомила ва дардошно дарёфтам. Чун мақсади омаданамро фаҳмид ва писарчаамро дид, пеш аз ҳама, маро таскин дода гуфт, ки ҳатман ёрӣ мерасонем. Аз ҳамон лаҳза гӯё кӯҳи гароне аз дӯши ман дур шуду барои муолиҷаи фарзандам дар қалби ман умеди тоза пайдо гардид. Хуллас, бо дастгирию роҳбарии табиби нексиришт Убайдулло Қурбон дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг писарамро ройгон ҷарроҳӣ карданд.

Инак, барои изҳори сипос намудан ба ин шахси бузург ва дигар духтуроне, ки ӯро ҷарроҳӣ карданд, аз ҷумла, С. Ҷанобилов, Ҷ. Ҷононов, ҳамчунин, табибони Беморхонаи шаҳрии клиникии №3 ба идораи рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» омадам. Мехоҳам аҳли ҷомеа огоҳ шаванд, ки дар миёни ҳамватанонамон чунин ворисони ҳақиқии Ҳаким Сино ҳастанд ва бигзор кору амали онҳо барои дигарон намунаи ибрат шавад. Ба кори ин табибони ҳозиқу дардошно барор мехоҳам.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»