Ғубор дар оинаи эътиқоди мардум

№91 (4196) 28.07.2020

Сархам- Солҳост, ки дар маҳаллаи хонаҳои бисёр­ошёна зиндагӣ дорам, — бо ҳасрат қисса намуд, марде, ки дар ошхона сари як миз нишастанамон бо ҳам иттифоқ афтод. — Ҳамсояҳо инсонҳои хубу некдиланд ва намояндаи миллатҳои гуногун. Аз ҷумла, оилае аз мардуми тотор дар ҳамсоягӣ зиндагӣ менамояд, ки касе то ба ҳол ягон кори бадашонро мушоҳида нанамудааст. Ҳамин қадар ки яке аз занҳои солдидаи ин оила Ҳалима ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошт. Вале аз тарафи ӯ ҳам касе таҳқиру озоре надидааст. Номбурда, ки аз дарде азият мекашид, ниҳоят ҷон ба Ҷонофарин таслим намуд. Пайвандон бо мақсади маслиҳати гузаронидани маросими дафн ба масҷид назди мулло рафтанд. Мулло, ки пеш аз ин духтур буд, арақнӯшии марҳумаро асос намуда, гузаронидани ҷанозаро аз рӯи оинҳои мусалмонӣ ҷоиз надонист. Хайрият, ки домуллои калони масҷид, ки хатмкардаи яке аз мадрасаҳои бонуфузи Осиёи Миёна буд, садди ин кор гардид.

Баъди анҷоми хоксупорӣ ҷияни зани фавтида, ки бо расму оинҳои инҷоӣ кам ошно буд ва махсус барои иштирок дар маросими дафн аз Россия омада буд, аз пардохт кардани хароҷоти гӯручӯб бо маблағи 200 сомонӣ ба мулло гуфта, боз ягон хизмати дигаре карданашро аз ман пурсон шуд. Аз суҳбат маълум гашт, ки мулло аз ӯ пардохти маблағи зикршударо чун «ҳаққи масҷид» талаб карда будааст. Нороҳат шудам, вале «изои муъмин ҳаром» гуфта, сир бой надодам.

Бо гузашти ҳафтае пайвандони марҳума ҷиҳози хонаи ӯро пурра берун бароварда, офтоб доданд ва хонаро тозаю озода намуданд. Дар ҳамдастӣ бо ҳаққу ҳамсояҳо дар берун дег монда, оши худоӣ пухтанд. Дар қатори дигарон он мулло ҳам ҳозир гардид, вале баръакси дигарон ба таом, бинобар тааллуқ доштанаш ба зани фавтида ва миллияти пайвандони онҳо даст набурд. Узр пеш овард, ки наметавонад аз он истеъмол намояд ва хоҳиш кард, ки пайвандони зан ба ӯ маблағ диҳанд. Соҳибони раҳматӣ дархости ӯро иҷро карданд ва мулло баромада рафт. Тоқатам тоқ шуду баъд аз маърака рост роҳи масҷидро пеш гирифтам ва кори нохуб кардани муллои баднафсро ба рӯяш гуфтам. Гуфтам, ки фавтида кофиру таоми ӯ ҳаром будаасту пули аҳлу авлодаш ҳалол? Магар аз тарафи ин гуна бо ном муллоҳо, ки дини мубини исломро ба манбаи даромад табдил додаанд, ғуборе дар оинаи эътиқоду пиндори мардум намешавад?

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»