Умед Бобозода: «Механизми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон сол то сол мустаҳкам мегардад»

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

DSC_3779Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Соли 2019 низ истисно набуд ва дар робита ба ин хабарнигорамон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакат Умед Бобозода суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Биёед, аз он оғоз мекунем, ки соли сипаришуда дастовардҳои мамлакат дар самти ҳуқуқи инсон чӣ гуна буданд?

- Мушаххас агар гӯем, назаррас. Пеш аз ҳама, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба имзо расониданд, ки асосан, нисбат ба гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон, аз ҷумла, ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ гардид. Қабул ва татбиқи Қонуни авф дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, соли гузашта аз қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ 25 сол пур шуд, ки меҳвари онро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.

Гузашта аз ин, Гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2013-2017» ва Гузориши даврии дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи муқаррароти «Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо барои солҳои 2012-2017» пешниҳод ва ҷиҳати иҷрои тавсияҳои сохторҳои дахлдори СММ нақшаҳои миллӣ тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд.

- Соли 2019 аз таъсиси мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сол сипарӣ гардид. Баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон он то кадом андоза нақш дорад?

- Бо тақвият ёфтани иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақши он ҷиҳати таҳкими механизми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол мустаҳкам мегардад. Масалан, соли 2019 дар мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3249 (соли 2018 — 3522) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, ки 587 адади он хаттӣ ва 2662 ададаш шифоҳӣ сурат гирифтааст.

Бо мақсади мусоидат дар такмили қонунгузории мамлакат дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли гузашта ба 26 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо хулоса омода ва пешниҳод шуданд. Дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ кормандони мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 8 мурофиаи судӣ иштирок намуданд.

Тибқи барномаи амал ва нақшаи кори Гурӯҳи мониторингӣ, дар асоси муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон соли гузашта 92 (соли 2018 — 57) санҷишу мониторинг (41 санҷиш, 32 мониторинг ва 19 боздид) сурат гирифт. Аз ҷумла, 16 муассисаи пӯшида ва қисман пӯшида, 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, ҳашт маркази саломатӣ, ҳафт муассисаи будубоши доимии кӯдакон мавриди санҷишу мониторинг қарор дода шуд. Аз натиҷаи санҷишу мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор гузоришу тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Ҳамкории мақомот бо ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон тақвият дода шуданд. Ин буд, ки соли 2019, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алянси авруосиёии омбудсменҳо ҳамроҳ гардид.

- Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон чӣ тадбирҳо андешида шуданд?

- Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон мебошад. Соли 2019 бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 47 семинару конференсия ва суҳбати гирди миз гузаронида шуд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №593 «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21-22 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар асоси банди 18 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (8 август), шаҳрҳои Роғун (13 сентябр) ва Истаравшан (20 сентябр) чорабиниҳои иттилоотӣ доир намуд, ки ба ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва боз ҳам боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона гардиданд.

- Лутфан мегуфтед, ки маърӯзаи соли гузашта бештар ба кадом мавзӯъҳо бахшида шуд?

- Тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дарназар­дошти вазъи воқеии ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, маърӯзаи соли 2019-ум дастоварду камбудии самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон, саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар эътироф, эҳтиром, ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон таҳия гардид. Он аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима таркиб ёфта, инчунин, бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъмини ҳуқуқи инсон, вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳо пешниҳод шудаанд.

Дар қисми аввал масъалаҳои таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, қабул ва баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардош­тани маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон, татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» инъикос гардиданд.

Дар қисми дуюм, мавзӯъҳои ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд, ҳуқуқ ба муроҷиат, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Илова ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, ҳамчунин, оид ба ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд, ҳуқуқ ба саломатӣ ва ба манзил, маълумот ҷой дода шуд.

Дар ин қисм бо мақсади бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва беҳтар намудани вазъ дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон 52 тавсияи мушаххас пешниҳод гардид.

Инчунин, таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдода доир ба барқарорсозии ҳуқуқи халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳи ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён гардидаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, мониторингҳои гузаронида ва иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод шудаанд.

- Мақсад аз таҳияи маърӯзаро, ки ҳар сол сурат мегирад, чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Мақсади асосии он ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодии инсон дар Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, маърӯза тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои баррасишударо мавриди омӯзиш қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоии мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.

Итминони комил дорем, ки мақомоти дахлдори давлатӣ, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солона омадаанд, чораҳои зарурӣ меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳамчунин, маърӯза барои дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолиятбаранда ва аҳли ҷомеа пешбинӣ ва бо мусоидати шарикони рушд тарҷума, нашр ва паҳн карда мешавад.

Мусоҳиб Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»