Ҳунар мардумӣ бошаду ростӣ…

№146 (3940) 04.12.2018

логотипАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд бо дастовардҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд. Сарвари давлат дар деҳоти «Ғӯлакандоз» коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд, ки 50 сокини маҳаллиро бо ҷойи корӣ таъмин намуд.

Қобили зикр аст, ки мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанг, санъату ҳунарҳои қадимаи халқӣ арҷ мегузоранд, ки ин ба эҳё ва такомули ҳунарҳои миллии аҷдодӣ мусоидат менамояд.

- Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тоҷикон бояд бори дигар ба ҷаҳониён соҳиби таърихи бою фарҳанги воло буданро собит намоянд, — гуфт дар суҳбат мудири бахши кор бо занону оилаи ноҳия Марҳамат Каримова.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши фарҳанги миллӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шароити мусоидро муҳайё намуд, ки қабули «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020» аз он гувоҳӣ медиҳад.

Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 6 маркази таълимию истеҳсолии адрасбофӣ ва 2 коргоҳи қолинбофӣ фаъолият карда истодаанд. Барои рушди соҳа соли 2015 Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба чеварони ноҳия 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 28 дастгоҳи қолинбофӣ туҳфа кард, ки ин ба зиёд гардидани шумораи занони ҳунаромӯз мусоидат намуд.

Занони деҳаи Селкани деҳоти «Гулхона» Хонзода Абдуллоева, Хонзода Қулдошева, Муҳаббат Турдиқулова, Зайнаб Маҷидова ва Солеҳа Ғаниева дар хонаҳои худ коргоҳи қолинбофӣ ташкил намуда, ба ҷавондухтарон ҳунар омӯзонида истодаанд. Дар ин деҳа, ҳамчунин бо ташаббуси соҳибкор Мусо Абдуллоев сохтмони бинои дуошёна барои сехи қолинбофӣ идома дорад, ки дар он 40 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

- Тавсеа ёфтани ин раванд агар аз як тараф ба эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ боис шавад, аз ҷониби дигар боиси беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии омма шуда истодааст, — гуфт дар фарҷом Марҳамат Каримова.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»