Ҳунармандон соҳиби бино шуданд

№87 (3881) 17.07.2018

IMGДар деҳоти «Қади Об»-и шаҳри Роғун ҳунармандон хеле зиёданд. Ба ин хотир, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар маркази деҳот барои фаъолияти пурмаҳсули  ҳунармандон бинои  алоҳида сохта, мавриди истифода қарор дод. Акнун бо истифода аз шароити муносиб устоҳои оҳангар, чӯбтарош, созтарош, кулолӣ метавонанд ба ҳунару эъҷоз машғул шаванд ва аз маҳсули дастони онҳо дигарон низ баҳравар гарданд. Устои оҳангар Саидмуқаддам Фозилов аз зумраи шахсони меҳнатқарин ва шуҳратёр аст. Ба досу теша, белу табару корд ва дигар маҳсули дастони ӯ дар деҳот талабот зиёд аст. Маснуоти сохтаи ӯ дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии шаҳри Роғун низ гузошта шудааст.

- Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушду тарғиби ҳунармандӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳунарҳои гуногун дар деҳаҳои «Қалъаи Нав» ва «Ҷавонӣ» курсҳои омӯзишӣ ташкил кардем. Алҳол 20 нафар зану духтар дар онҳо ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд ва дӯхтани либос, нақшофарӣ, рассомиро аз худ мекунанд,- мегӯяд ҷонишини раиси Ҷамоати деҳоти «Қади Об» Маҳина Назарова.

Ҳокими САФАР, рӯзноманигор