Табиби ман - ҳабиби ман

«Усули Таиров» ба махзани тибби ҷаҳонӣ ворид гардидааст

№10 (4116) 18.01.2020

Таиргов УТИлми тиб беш аз пеш дар кишвари мо рушд меёбад. Барои рушди он олимони нуктадону табибони ҳозиқ саҳм мегузоранд. Яке аз онҳо аввалин директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, сармутахассиси соҳаи стоматологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби хизматнишондодаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Умар Таиров мебошад. Ӯ барои равнақи илми тиб дар кишвари мо нақши босазо дорад. Омӯзишу кори пайваста қаҳрамони матлабро соҳибному соҳибмактаб гардонид.

Умари ҷавон ва ташнаи илму дониш мехост табиб шавад. Ин меҳру иштиёқ ӯро то факултети стоматологии Донишкадаи тиббии шаҳри Одесса ба номи Н. И. Пирогов бурд ва он ҷо асосҳои илми тибро аз устодони ботаҷриба омӯхт. Баъди хатми донишкада, соли 1971, дар Беморхонаи ноҳиявии Панҷакент ба кор оғоз намуд. Аммо дили беқарори ӯ парвози баландтар мехост. Ин иштиёқ боис гашт, ки соли 1976 ба ординатураи клиникии Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии шаҳри Москва дохил гардад. Устодони пажӯҳишгоҳ дар симои ӯ донишманди ҷавону боистеъдодро  дида, пеш аз муҳлат ба аспирантура қабул намуданд. Соли 1980 аспирантураро бо ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ хатм намуд.

Пас аз дифои рисолаи номзади илмҳои тиб мавсуфро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба кор даъват карданд. Чун ташнаи илм буд, пайваста меомӯхт. Заҳматҳояш бор оварданд ва баъди се соли ҳимояи рисолаи номзадӣ рисолаи докториро дифоъ намуд.

Дар ин даргоҳи илму ирфон то соли 2006 ба ҳайси ассистенти кафедраи стоматологияи ҷарроҳӣ, муовини декани факултети стоматология, мудири кафедраи стоматологии синни кӯдакона фаъолият намуд. Соли 1993 директори Дармонгоҳи ҷумҳуриявии стоматологӣ таъин гардид, ки баъдан дармонгоҳ Иттиҳодияи ҷумҳуриявии илмӣ-истеҳсолии «Стоматология» ном гирифт. Маҳз заҳматҳои ин табиби фидокор буд, ки пас аз васеъ шудани шуъбаҳои стоматологии иттиҳодия он аввал ба Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии стоматология табдили ном кард ва моҳи декабри соли 2010 ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй табдил дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Умар Таиров 21 сол дар ин муассиса роҳбарӣ кардааст.

Ин донишманд садҳо мутахассиси баландихтисосро тарбия намуд, ки 8 нафари онҳо сазовори унвони номзади илмҳои тиб гардидаанд. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, ду китоби дарсӣ, чор дастури таълимӣ ва  методӣ, инчунин, соҳиби 19 шаҳодатномаи муаллифӣ (6 патентро Кумитаи ихтирооти ИҶШС додааст) ва 17 пешниҳоди ратсионализаторӣ мебошад.

Усули табобати ҷоғи боло, ки ин олими тавоно таҳия кардааст, «Усули Таиров» унвон гирифта, ба махзани илми тибби амалии ҷаҳонӣ ворид гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ин марди меҳнатдӯсту пуркор бо ордени «Шараф», Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони Арбоби хизматнишондодаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудааст. Ӯро се маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе интихоб кардаанд. Соли 2003 узви ифтихории Ассотсиатсияи ҷарроҳони косахона ва ҷоғу рӯйи Украина ва аз соли 2007 узви вобастаи Академияи байналмилалии стоматологҳо интихоб гардидааст.

Дар ҷамъомадҳои ҳамкасбон гули сари сабад аст, чунки бо кор, саъй ва кӯшишҳои инсонии худ эҳтироми онҳоро ба даст овардааст. Ин шахси қавиирода, меҳнатдӯст, хушбин, табиби пуркор ва ба касбаш содиқ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки роҳҳои беҳтару таъсирбахшро барои муолиҷаи беморон истифода намояд.

Маҳмадулло ҚОСИМОВ, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, номзади илмҳои тиб,

Шерзод ҶУМЪАЕВ, номзади илмҳои тиб, Лутфия ПОЧОҶОНОВА, номзади илмҳои тиб