Ваҳдат кафолати фардои дурахшон аст

№№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Мафҳуми «Ваҳдат» дар рӯзгор беш аз ҳарвақта мавриди истифода қарор мегирад, ки заминаю сабабҳои худро доро буда, ба гузаштаи на чандон дур алоқамандӣ дорад. Миллати шарафманди тоҷик, ки фоҷиаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, солҳои навадуми асри гузашта боз як имтиҳони ҷиддии ҳаётро бо сари баланд паси сар карда тавонист. Хоинонро муяссар шуд, ки дар кишвар шӯре барпо намоянд, ки имрӯзҳо дар бархе аз мамолики араб, Украина ва даҳсолаҳост дар Афғонис­тони ҷангзада, қариб ки ҳаммонанди он идома дорад. Хушбахтона, заковати азалию фитрӣ даст дод, ки сари вақт иштибоҳи худро дарк намуда, аз вартаи нобудӣ худро берун кашем. Дар ин ҷода хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.

Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон такомули миллату давлати моро ба даҳсолаҳо қафо партофта бошад ҳам, баъди ба даст омадани сулҳу ризоияти миллӣ ва ваҳдати комил тавонистем дар муддати кӯтоҳ корҳои назаррасеро ба анҷом расонем ва дар ­назди ҷаҳониён обрӯи хешро барқарор намоем. Сулҳу ваҳдати бадастомада, на танҳо барои миллати тоҷик, балки ҷаҳон, хоса кишварҳои даргир, бояд намунаи барҷастаи ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагӣ дар фазои оромию осоишта бошад.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон 27 июни соли 1997 пурсаодаттарин рӯз маҳсуб меёбад. Онро метавон ба дигар шева Рӯзи наҷоти миллату давлати тоҷик ҳам номид.

Бо шарофати он имрӯз сокинони кишвар дар фазои амну осудагӣ, дӯстию рафоқат зиндагӣ доранд, ба нафъи Ватан меҳнати садоқатмандона мекунанд, сатҳи зиндагиашонро боло мебаранд.

Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру деҳоти мамлакат модарони хушбахт тифлакони шӯху беғаш дар оғӯш, бидуни тарсу ҳарос сайругашт менамоянд. Хонандагон, донишҷӯён болидарӯҳ ба таҳсил мераванд. Заҳматкашон дар коргоҳу хоҷагиҳо бо хотири ҷамъ ба ободкорию офарандагӣ машғуланд.

Ваҳдат каломи муқаддас, калиди заррини амалишавии нияту ормонҳои деринаи дилхоҳ миллат ба шумор меравад. Ҳар чизе, ки муқаддас аст, боиси арҷгузорӣ ва ҳифз мебошад. Бо натиҷагирӣ аз авзои номуътадили сиёсӣ дар ҷаҳон, мо — сокинони Тоҷикистони азизро мебояд аз ҳарвақта дида, дар атрофи Пешвои худ муттаҳид гардида, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандию ватандориро аз даст надиҳем. Бо меҳнати софдилона, ҳисси баланди ватандӯстӣ, агар зарур ояд, дар баҳои ҷон дастовардҳои беназирамонро ҳифз намоем.

Иқтидори дилхоҳ давлат аз ваҳдати мардум аст. Рушди иқтисодиёти мамлакат ҳам, пеш аз ҳама, аз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнати садоқатмандона, оромию осудагӣ маншаъ мегирад. Ваҳдат паҳлуҳои луғавии зиёдро фарогир аст, аммо асоситарини он кафолат барои фардои дурахшон, ояндаи неки миллату давлат мебошад. Ваҳдат сутуни мустаҳкаму бегазанди ҳар давлату ҷомеа мебошад. Бунёдкору нигаҳдорандаи ин сутуни муҳташам миллат, аз ҷумла, ҳар яки мову шумо маҳсуб меёбем. Бигузор, ин сутуни армону орзуҳо ҳамеша побарҷову ­мустаҳкам бошад.

 Фотеҳ Қувватзода,

судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод