Ваҳдат мардуми парешонро ҷамъ овард, вагарна…

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

«То замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми фикру зикр ва саъю талоши роҳбарияти давлат танҳо ба он равона гардида буд, ки халқи худро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Ва шукри беҳад Худовандро, ки мо ба рӯҳи шикастнопазири халқи азизамон такя карда, Ватани маҳбубамонро ҳаёти дубора бахшидем ва шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро бар он боз намудем. Тоҷикистони мисли симурғи афсонавӣ аз байни хокистари сӯзони ҷанги шаҳрвандӣ қомат барафрохт ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардид.»

(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳангоми савгандёдкунӣ, 16 ноябри соли 2013)

Солҳои душвори навадуми асри гузашта, ки мардуми тоҷик парокандаю дилмонда чун мурғи парканда буданд, навои сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азияткашидаро болу пар бахшида, ба ҳаёти осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд.

Яке аз осори шуми ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ гардидани қисмате аз мардум буд, ки дар миёни онҳо, хусусан, кӯдакону наврасон дучори ҷаҳолат мегардиданд. Аксар ифротгароёни харобиовари ҷаҳони имрӯз парвардаи ҷангу низоъҳои дирӯзаанд, ки ба мушкилоти сангини ҷомеа табдил ёфтаанд. Шукри Ваҳдати миллӣ, ки мардуми парешонро ҷамъ овард, вагарна кӯдакон дар ҳар гӯшаю канор ба доми ифротиён афтода, ба ҷои чароғи илму ҳунар оташи даҳшату ҷаҳолатро меафрӯхтанд. Аз ин рӯ, дигар набояд ба олудашавии мафкураи наврасону ҷавонон роҳ диҳем, зеро оқибати ногувори онро ҳар рӯз шоҳидем.

Дар зер бобати яке аз наврасони зодаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз наврасӣ ба таълимоти бегонаю ифротӣ ҷалб шуда, ҳоло ҷавони баркамол гардида бошад ҳам, аз афкори ба вай талқиншуда даст намешӯяд, нақл карданием, ки барои тарбияи насли наврас аз аҳамият холӣ нест.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта, ки ТТЭ ҲНИ дар он нақши марказӣ дошт, ба мардуми тоҷик бадбахтии зиёд овард. Дар баробари вайрону валангор гардидани шаҳру деҳоти обод, кушта гардидани беш аз 150 ҳазор нафар одами бегуноҳ, ҳоло ҳам дарду доғ аз дили мардум нарафтааст. Аз касофатии бо ном ҳомиёни дину мазҳаб ҳаёти бисёр касон сӯхт. То ҳадде ки таъсири манфии он таблиғоти дурӯғин аз насл ба насл гузашта, ҳатто баъди гузашти анқариб се даҳсола аз худ дарак медиҳад. Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо мардуми бечора ҷорчиён ва фарзандони онҳо, ки бо шиори «Аз хоби гарон хез!» одами зиёдро ба Афғонистон кашиданд, на танҳо заррае машаққат надиданд, балки аз бадбахтии инсонҳои заҳматкаш барои худ сарвату боигарӣ ва қасри хушбахтӣ сохтанду қисмате дар маҳбасу бархе дар хориҷ аз кишвар мазлумтарошӣ карда гаштаанд. Зеро ба иқрори худашон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80 — уми асри гузашта ташкилоти ҷиноиро бо номи ҲНИТ таъсис дода, дар дохили мамлакат «диверсия» мебурданд. Мутаассифона, он замон ин ҳама аз чашми мақомоти дахлдори замон пинҳон монд ва хиёнаткорони миллат тавонистанд, то ҷое ба мақсад бирасанд, агарчӣ бори каҷашон, дар ниҳоят, ба манзил нарасид ва рӯсиёҳу шарманда гардиданд.

Аз зумраи нафарони гумроҳгардида Манонов Абдусалом Маҳмадалиевич, сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон мебошад, ки аз нуҳсолагӣ ба таълимоти бегонаю ифротӣ ҷалб шуда, то соли 2007 дар мадрасаи «Мадинаи Мунаввара»-и шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳсили ғайриқонунии динӣ гирифт ва аз таълимоти ҳанафия рӯ гардонд. Бар замми ин, аз мубаллиғон ва паҳнкунандагони фаъоли ақидаю адабиёти равияи ифротгароёнаи салафӣ маҳсуб меёбад.

Бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ соли 1992 оилаи Маноновҳо бо шумули падару модар, писар, ду нафар хоҳар ва чанде аз ҳамдеҳагон ба вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, ду сол дар як хайма ва баъдтар дар як бинои фарсудаи коргоҳе зиндагонӣ карданд. Соли 1997 баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аҳли оила ба ватан баргаштанд. Вале Абдусалом ҳамроҳи онҳо набуд.

Он айём ӯро бо 25 — 30 нафар ноболиғи дигар, ки онҳо низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ба вилояти Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон, ба мадрасаи «Мадинаи Мунаввара» бурда, бо 700 нафар таълимгирандаи ноболиғ 7 сол таълимоти ғайрирасимии динӣ медиҳанд. Устодонаш Устод Абдурашид, Устод Солеҳ ва дигарон ба онҳо таълимоти «Қуръон»-и карим, «Таҷвид», фанҳои риёзӣ, ҷуғрофия, забони форсӣ — дарӣ, забони арабӣ ва варзиши ҳарбиро омӯзониданд. Абдусалом то синни 17 дар макони зикршуда таълим гирифт. Бо хатми таҳсил ҳамроҳ бо 6 тан аз ҳамсабақ ба идораи Ҳизби наҳзати исломӣ рафтанд ва бо кумаки Исроил ном шахс дар мадрасаи «Таълим-ул-ислом» шаш солу шаш моҳи дигар таҳсилро давом доданд. Ба хотири таъмини ғизо ҳафтае се рӯз ҷавоб гирифта, муздурӣ мекарданд. Абдусалом дар яке аз он рӯзҳо бо марди урдуе шиносоӣ пайдо намуд ва бо маслиҳати ӯ ба таълим додани кӯдакону наврасон дар масҷиди «Раҳмония», ки пайравони равияи салафия буданд, машғул гардид. Соли 2007 Абдусалом тавассути суҳбати телефонӣ бо тағояш ба Тоҷикистон баргашт, вале на бо изҳори пушаймонӣ ва ниятҳои нек. Боз фаъолияти иртиҷоиро идома бахшид ва дар хона ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои салафӣ, паҳн намудани адабиёти иртиҷоӣ машғул гашт.

Чанд маротиба падару тағо ва домуллоҳои маъруф ӯро насиҳат намуданд, ки аз роҳаш баргардад, вале гӯш надода, равияи бегонаро пайравӣ намуд. Ду маротиба ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ба Федератсияи Россия) рафт, вале аз роҳи пешгирифта барнагашт. Волидон ӯро хонадор намуда, умед доштанд, ки шояд бо ин васила ба роҳи дуруст дарояд. Аммо…

Соли 2014 Абдусалом бо аҳли оилааш ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, то соли 2017 дар он ҷо истиқомат намуд. Вале дар он ҷо низ ӯ равияи салафияро ташвиқ намуда, намозхононро ба ду гурӯҳ ҷудо сохт. Дар яке аз масҷидҳо бо руҳониён мухолифат намуда, таҳти ҷустуҷӯи мақомоти интизомии ҷумҳурии ҳамсоя қарор гирифт. Сипас, моҳи октябри соли 2017 аз ҷумҳурии ҳамсоя гурехта, ба Тоҷикистон омад. То январи соли 2018 , яъне то лаҳзаи аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои ҷонибдори салафӣ будан дастгир шудан, тарзи намозхонии мазҳабҳои бегона ва ақидаҳои ифротгароиро идома медод. Падари Абдусалом бештар аз ҳама аз ин рафтори писар дар ташвиш шуда, ба хотири пешгирии кирдори эҳтимолии номатлуби фарзанд ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.

Қобили зикр аст, ки А. Маноновро хеле пештар ҳам ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин буд. Чунки бо дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саъю талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу амниятии кишвар зиёда аз 3000 нафар толибилми мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ, ба Ватан баргардонда шуданд. Бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ба Ватан баргардондани 300 нафари дигари онҳо идома дорад. Ҳатто чанд нафар ҷавони тоҷик, ки аз ҷавонию бетаҷрибагӣ, ноогоҳӣ ба доми гуруҳҳои ифротӣ афтода буданд, ихтиёрӣ ба Ватан баргаштанд ва зиндагии оромона доранд ва касе ба онҳо кордор нест. Мутаассифона, А. Манонов аз ин ҳама хулоса набароварду акнун тибқи моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ соли ҳаётро дар маҳбаси ислоҳии низомаш пурзӯр мегузаронад. Шояд дар ин муддат ба худ омада, ба ҳаёти солим баргардад, он чӣ ки мо ҳам хоҳон ҳастем. Дар баробари ин, умед бар он мебандем, ки шеваи нодурусти зиндагии Абдусалом Манонов ва пушти панҷараи маҳбас гардидани ӯ барои ҷавонони дигар сабақи ҳаётӣ мегардад ва онҳо иштибоҳи ӯро такрор нахоҳанд кард.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод