Ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдате, ки миллатро аз нестӣ раҳонд

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

48055788002_fb63e97b9b_oДар баробари дигар рӯзу санаҳои пурхосияти таърихӣ, 27 июни соли 1997 барои на танҳо миллати тоҷик, балки тоҷикистониёну тоҷикони олам рӯзи пур аз фараҳу шодӣ ва мондагор маҳсуб меёбад. Он рӯзе гардид, ки ба дилҳои пиру ҷавон умеди тоза ато кард. Сутуни қалъаҳои сангину басо мустаҳками аҳриманиро ба ларза даровард. Дӯстонро шоду душманонро ноумед сохт. Доғи сиёҳеро, ки хоинону душманони миллати осоиштаю тамаддунсоз гузоштанӣ буданд, аз байн бурд ва чун муъҷизае бузургию хирадмандии азалии миллати тоҷикро ба таври ҳайратовар ба чашми ҷаҳониён ба намоиш гузошт. Он рӯзи муборак – Рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон гардид, ки ба қатъи ҷанги бемаънӣ дар мамлакати офтобрӯяи мо маъвои нуру меҳр, сафою файз асос гузошт. Рӯзи фархундае, ки ҳосили ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии қувваҳои солимфикру ватандӯст бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Инак, аз он овони ҳассосу пурҳаяҷон 22 соли шабеҳи синну соли ҷавоне дар айни ғуруру шукуфоӣ сипарӣ мегардад. Ҳарчанд дар пеши таърих ин рақам чандон муҳташам набошад ҳам, бо шарофати якдилию ягонагӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, ки ҷавҳари Ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд, кори зиёд роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, пеш аз ҳама, аз як кишвари ҷангзада ба кишвари амну осоишта табдил ёфтани Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад. Мустаҳкам гардидани аркони давлатдорӣ, қонуният, дигаргуниҳои мусбати ҷиддӣ дар соҳаи иқтисоду иҷтимоиёт, сиёсию фарҳангӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи мамлакат далелҳоянд раднопазир. Умуман, дар ин муддати на чандон тӯлонӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо муттаҳид гардидан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳа ноил гардид, ки боз ҳам бо шарофати ваҳдату ҳамдилию ҳамгироӣ насибамон гардидааст.

Ҳарчанд дарднок аст, вале бояд ёдовар гардид, ки барои ба ин рӯзҳои нек расидан, фарзандони зиёди сарсупурдаи миллат ҷони худро аз даст доданд. Тоҷикистони азиз хисороти бузурги ҷонию молӣ дид. Бисёре аз шаҳру деҳаҳои замоне ободу шукуфон валангор гардиданд. Бинобар ин, касе аз мо ҳаққу ҳуқуқи  маънавии фаромӯш намудани  қурбониёни он рӯзҳои даҳшатро надорад. Дар баробари пос доштани хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ, набояд нодида гирифт, ки ҳанӯз ҳам кам нестанд, қувваҳои сиёҳу тахрибкоре, ки нияти дубора амалӣ намудани нақшаҳои зишти худро дар ҷумҳурӣ дар дил мепарваранд. Бо такя ва дастгирии доираҳои муғризи хориҷӣ кӯшиш доранд, ки амну суботи мардумро халалдор созанд. Осмони софу беғубори кишварро тираю ғуборолуд созанд. Барои расидан ба мақсадҳои нопок ин девсиратон аз пастигарию разолат рӯ гардонданӣ нестанд. Бо туҳмату буҳтонҳои беасосу бепоя Давлату Ҳукумати кишварро дар назари ҷаҳониён, ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бадном карданианд. Хоҳони он ҳастанд, ки чун дар солҳои навадуми асри гузашта, бо истифода аз ашхоси сус­тиродаю аз маърифат дурмонда, шӯру қиёми наве барпо кунанд. Ҳарчанд бо боварии комил метавон гуфт, ки тири онҳо ин дафъа ҳам ҳатман хок хоҳад хӯрд, вале нодида гирифтани фаъолияти онҳо аз рӯи мантиқ буда наметавонад. Баръакс, муттаҳидии боз ҳам бештари сокинони ҷумҳурӣ, нишон додани дараҷаи баланди кордонӣ, ҳушёрию зиракии сиёсии сохторҳои интизомию қудратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ мушти хубе ба даҳони бефаровези ҳарзагӯён хоҳад гардид.

Дилхоҳ музаффарияту дастовард ҳифз мехоҳад. Ҳимояи арзишҳои миллӣ ва марзу бум на танҳо тавассути силоҳ, балки бо нишон додани садоқати баланди касбӣ ба Ватан, иҷрои софдилонаи рисолату уҳдадориҳои базиммадоштаи ҳар фарди кишвар аз поён то ба боло, мубориза бо фасоду фасодкорӣ, риояи адолати иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва худогоҳии миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ислоҳоти ҷиддӣ дар соҳаи маориф ба хотири боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва амсоли он анҷом дода мешавад.

Мавриди зикр мебошад, ки рисолат ва нақши мақомоти судӣ низ дар роҳандозии ин нияту ормони неки миллӣ басо бузург мебошад. Хушбахтона, бо ба даст омадани сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар кишвар, барои фаъолияти мустақилонаи шохаи судии ҳокимияти давлатӣ низ шароиту имкониятҳои хуб фароҳам омад. Пеш аз ҳама, истиқлолияти касбӣ ба кормандони соҳа рӯҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ ба касбу кор бахшид. Акнун онҳо метавонанд, ки бидуни фишору тазйиқ ва таҳдид аз ҷониби унсурҳои алоҳида, ба таври шаффофу озод ҳукм бароранд. Ба таври зарурӣ мӯйро аз хамир ҷудо карда, ҳар чӣ камтар ба иштибоҳ роҳ диҳанд ва зимни мурофиаҳо ба қисмати инсонҳо аз паси панҷа нигоҳ накунанд. Ғамхорию дастгирӣ ва ваколатҳое, ки баъди тантанаи ваҳдату адолат дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд­ҳо фароҳам оварда шуд, назир надорад. Эътидоли вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар аз бисёр лиҳоз аз фаъолияти софдилонаю пурсамари мақомоти судӣ вобастагии калон дорад. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхорӣ, дар мақомоти судии ҷумҳурӣ якчанд ислоҳот роҳандозӣ гардид. Масъалаи кадрӣ ба таври ҷиддӣ бозбинӣ шуд. Марҳила ба марҳила кормандони соҳа бо мақсади муайян намудани донишу малакаи касбӣ аз санҷиш гузаронда мешаванд. Соҳа аз шахсони тасодуфӣ, ки дар солҳои нооромӣ бо ҳар роҳу восита ба вазифаҳои калидӣ роҳ ёфта буданд, тоза карда шуд. Талабот аз кормандон тақвият бахшида шуд. Фаъолият дар муқоиса ба чанд соли қаблӣ дар сатҳи хеле беҳтар ташкил карда шудааст. Бо дарназар­дошти пешрафти ҷаҳон ва рӯи кор омадани талаботи нав ба нави ҳуқуқӣ, болоравии маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа ва боз ҳам таҳким бахшидани фаъолияту ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқсозии он пеш омадааст, ки дар марҳилаи нахуст аллакай корҳои муайяне заминагузорӣ ва иҷро шуданд.

Чуноне Сарвари давлат таъкид намудаанд: «Суд­ҳо ҳуқуқи хато карданро» надоранд. Аз ин лиҳоз, ҷавобан ба боварӣ, ғамхориҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба судҳо, мо — кормандони мақомоти судии кишвар талош меварзем, ки сазовори он ҳама боварию дастгириҳо фаъолиятро ҷоноктар ба роҳ монда, хизмати халқу Ватанро дар сатҳу дараҷаи баланди касбӣ ба роҳ монда, баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистон ҳиссаи босазо гузорем.

ҚУВВАТЗОДА Фотеҳ Ҷумъа, судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод