Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолист

№72 (4022) 22.06.2019

DSC_5253Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навин ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз, иттиҳодгари ҷовидонаи миллати куҳанбунёд шинохта шуда, баъд аз мухолифатҳои мусаллаҳонаи таҳмилӣ, миллатро ба шоҳроҳи ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ягонагии миллӣ раҳнамун кард. Ба шарофати ин ҳуҷҷати муҳиму таърихӣ миллати тоҷик роҳ сӯи эъмори давлатдории ҷадид пеш гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон созишномаи дорои аҳамияти бузурги таърихиро барои сарнавишти миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда, аз ҷумла, гуфтанд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».

Воқеан, ин санади муборак сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуда, аз лиҳози маънавӣ моҳияти нав касб мекунад ва дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон нақши ҷовидон мегузорад.

Ваҳдати миллӣ, бешубҳа, самараи талошҳои фидокорона ва ҷавонмардонаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро маҳз садоқат ба арзишҳои миллӣ ва шинохти воқеии ватандорӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми шарафманди он шароит фароҳам овард. Дар ҳассостарин лаҳзаҳое, ки тақдири давлати миллӣ ва қисмати мардуми Тоҷикистон ба бозии манфиатхоҳони динию мазҳабӣ гирифтор шуд, ин ҷавонмарди асил ба арсаи сиёсат ворид шуда, сарнавишту тақдири миллатро бар дӯш гирифтанд ва бо самимияти комил ба миллати ҷафодидаву овораи тоҷик паём доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам».

Маҳз ин паём чун пайки умеду боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ва расидан ба шоҳроҳи тараққиро далолат менамуд, ки миллати тоҷик он солҳо аз ёд бурда буд. Мардум тарки хонаву кошона ва деҳу рустову шаҳру шаҳристон намуда, зиёда аз як миллион нафар хоки кишварҳои бегонаро барои худ паноҳгоҳ пазируфта буд.

Борҳо аз забони гурезагони иҷбории ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шунидаам, ки дар кишварҳои бегона паёми Сарвари давлатро бо ашки шодӣ истиқбол намуда, рахти сафар ба сӯи Ватан бастанд. Ин каломи Президенти мамлакат даъват ба Ватан буд, ки миллионҳо ҳамватани овораи моро ба хонаву кошонаашон овард.

Шоистаи зикр аст, ки тарҳи сулҳофаринии тоҷикон барои мардуми сайёра намунаи ибрат буда, аз ҷониби бузургтарин ниҳодҳои илмии ҷаҳонӣ таҳқиқ ва ҳамчун падидаи арзишманди сулҳофаринӣ эътироф шуда, аз имзои он 22 сол сипарӣ ва дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон зери парчами сулҳу субот, ягонагию якдигарфаҳмӣ сӯи фардои дурахшон қадам мегузорад. Тӯли ин солҳо мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист аз қалби хеш кинаву кудурат, хашму нотавонбиниро дур сохта, ҷои онро бо меҳру муҳаб­бат ва дӯстиву рафоқат пур кунад.

Зарурати пойдории ваҳдати миллӣ, махсусан дар шароити ҳозираи ҷаҳон, ки бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва авҷи носуботиҳо сайёраи Заминро ба хатари бурург мувоҷеҳ намудаанд, аҳамияти бузург пайдо кардааст. Аммо воқеияти замон шаҳодат медиҳад, ки суботу пешрафти давлати соҳибистиқлоламон то ба ҳол боиси рашку ҳасади баъзе аз неруҳои иртиҷоӣ мегардад.

Мардуми шарафманди Тоҷикис­тон ин неруҳои аҳриманиро мешиносад ва аз нақшаҳои разилонаи онҳо огаҳӣ дорад. Бинобар ин, насли ҷавон ба самте ҳаракат дорад, ки он саодатмандии миллӣ ва шарофати инсониро таҷассум мекунад, на ҷаҳолат ва хиёнатро.

Воҳидҷон АСЛОНОВ, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон