Ваҳдати миллӣ ва масири рушди давлатӣ

№77 (4027) 27.06.2019

Мирализода А. (1)Имрӯзҳо сокинони кишварро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Ин санаи таърихӣ, дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, барои миллат басо арзишманду тақдирсоз буда, гардише дар масири давлатдории навин ба амал овард.

Дарвоқеъ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар мусоидат кард. Он барои мардум марҳилаи эҳёи фарҳанги давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи соҳибфарҳангу боасолат ва таҳкими сулҳу субот гардида, самараҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон барҳақ гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Ба шарофати ин санади тақдирсоз мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои васеи мутақобилан судманд ҷалб намуд ва бо роҳандозии сиёсати дарҳои боз дар масири рушду пешрафт гомҳои устувор гузошт. Эътибори баланди кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ бевосита ба ибтикори Пешвои миллат алоқаманд буда, ҷонибдории сокинони сайёра аз ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масоили глобалии ҷаҳон далели гуфтаҳои болост.

Кайҳост, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бавижа, Созмони Милали Муттаҳид, таҷрибаи расидан ба ризоияти умумӣ ва сулҳи пойдори тоҷиконро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро барои мамолики нобасомон ҳамчун дастурамал тавсия медиҳад. Коршиноси олмонӣ Арне Клеманс Зайферт таҷрибаи сулҳи моро чунин баҳо додааст: «Дар ҳақиқат, муҳокимаҳои сиёсие, ки солҳои охир пас аз бастани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҷомеаи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст, таҷрибаи беназире дар фазои Аврупо ва Осиё тавлид кард».

Коршиноси англис Кэтрин Баренс дар ин маврид чунин андеша рондааст: «Ҷараёни муноқишаи тоҷиконро хуб баррасӣ намуда, муайян сохтан лозим аст, ки чӣ тавр ин сабақ метавонад барои хубтар фаҳмидани ҷанги шаҳрвандӣ дар манотиқи дигар ба мо кумак расонад».

Ба қавли собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан, «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд».

Боиси шарафмандӣ ва сарбаландии миллат аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзанда дар таъмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таьмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.

Дар замони пуртазоди кунунӣ зарур аст, ки дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолият қарор диҳем. Барои ҳифзу таҳкими ғояҳои ваҳдати миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва тарғиби сулҳи тоҷикон нақши китобу китобхона басо бузург аст. Бахшида ба дастовардҳои сулҳи тоҷикон, ваҳдати комили миллӣ матолиби фаровони чопию электронӣ ба табъ расид, ки тавассути онҳо коршиносони ватанию хориҷӣ, донишмандону аҳли адаб афкор ва андеша иброз доштанд. Нашри китоби бисёрҷилда таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент», китобҳо ва маҷмӯаҳои илмии «Ваҳдат – якдилӣ», «Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон», «Омилҳои Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», «Пайки оштӣ», «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори мустақилияти ҷумҳурӣ», «Фалсафаи ваҳдати миллӣ», «Самараи ризоият», «Оштинома», «Сулҳнома», «Эмомалӣ Раҳмон – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ», «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ», «Ваҳдатнома», «Таджикистан: путь к миру и согласию», «Опыт мирного разрешения конфликтов Республики Таджикистан», «Путь к миру и созиданию Президента Эмомали Рахмона», «Миростроительство в Таджикис­тане», «Дорога к согласию» ва осори дигари интишорёфта барои омӯзиш ва таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сулҳу ризоят ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Хушбахтона, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи маърифати китобхонӣ меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ аст. Дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои мантиқиву саривақтӣ андешида шуда, аз ҷониби Пешвои миллат амру дастурҳои зарурӣ содир мегардад. Дар баробари таъкидҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, 9-уми феврали соли ҷорӣ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» содир гардид, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти кишвар миёни қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳама зинаи таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар, дар соли 2019 доир мегардад.

Воқеан, ин иқдоми фарҳангӣ бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон фарҳангпарварӣ, рушди илму хирад ва ҳифзу посдории мероси пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхона дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва ҷой доштани равияву гурӯҳҳои ифротию тундгаро тадбири мубраму саривақтӣ аст. Ҳамчунин, ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати сиёсӣ аз фирефтаи дасисабозиҳои муғризон гардидан эмин мегарданд. Феълан, зарурат пеш омадааст, ки кормандони муассисаҳои илмию фарҳангӣ барои равнақи бештари сиёсати илмӣ-фарҳангии кишвар ва тарбияи мукаммали насли солиму ояндасоз ва меросбари сазовори давлатдории навин фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намоянд. Мардуми кишвар, бахусус ҷавононро лозим аст, ки аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, ба китобу китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ рӯ оранд.

Таърихнигорону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит намудаанд, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих бо ваҳдатсолориву фарҳангпарварӣ, бунёдкориву созандагӣ мақоми хос доранд ва насли наврасу ҷавонро зарур аст, ки аз мероси гаронбаҳои гузаштагону имрӯзиён бархӯрдор бошанд. Чунончӣ, Пешвои миллат дар «Тоҷикон дар ойинаи таърих» нигош­таанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамини аҷдодӣ ва марзу бум, расму оини ниёкон огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».

Маврид ба зикр аст, ки маҳз ба хотири шинохти таърихи воқеӣ ва рос­тини миллат, муаррифии таърих ва фарҳанги оламгир, таблиғи шинохт ва ҳувияти миллӣ, таъмини иртибот бо марказҳои илмӣ-тадқиқотии дохиливу хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, таҳия ва нашри силсилаи «Тоҷнома» бо фарогирии беш аз 50 ҷилд китобҳои марбут ба масоили тоҷикшиносӣ дар асоси манобеи гуногуну эътимодноки таърихӣ ва этнографию адабӣ, ки 12 ҷилдаш аллакай рӯйи чоп омадааст ва ниҳоят баҳри тақвияти ваҳдату ҳамдилии наслҳо дар Китобхонаи миллӣ бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат Маркази «Тоҷикшиносӣ» фаъолият мекунад.

Воқеаҳои солҳои охир, аз ҷумла, бесарусомонӣ дар Афғонистон, Яман, Сурия ва Ироқ, бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ ба он далолат доранд, ки бояд ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва арзишҳои ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвияти фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таблиғи шинохт ва ҳувияти миллӣ ва ба ин васила фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеаро ҳадафи асосӣ қарор додаанд. Барои расидан ба онҳо тарбияи шахсиятҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят, онҳое зарур аст, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта, асолати миллӣ ва ваҳдати милливу истиқлолияти давлатиро бо нархи ҷон ҳифз намоянд.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

Абдусалом МИРАЛИЗОДА, профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон