Вақте ки имомхатибон мубаллиғи терроризманд…

№123 (3917) 11.10.2018

Дар вилояти Суғд нисбат ба 20 имомхатиб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст

ВохидовВазъи сиёсии ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки амнияти кишварҳои сайёра бинобар фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгаро ва авҷ гирифтани амалҳои террористӣ осебпазир буда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният тақозо менамояд, ки баҳри пешгирии таҳдиду хатарҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Амалҳои террористии солҳои охир дар як қатор давлатҳо ва кишвар рухдода гувоҳӣ медиҳанд, ки терроризм ва экстремизми динӣ василаест, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷаҳолатпараст барои барҳам задани осоиши мардум, пешгирии раванди рушд ва ноором сохтани ҷомеа истифода менамоянд.

Шукронаи ақлу хирад ва азму иродаи халқ менамоем, ки бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонис­тем аз вартаи ҳалокатбори солҳои навадуми асри гузашта халосӣ ёбем. Доираҳои муайяни манфиатҷӯ он замон бо суиистифода аз эътиқоди динӣ ва бо мақсади бунёди давлати ба ном исломӣ кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавқеи мамлакатро дар масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ возеҳ баён намуданд.

Метавон гуфт, ки таъсири терроризм ба амнтарин манотиқ ва кишварҳои пурқудрати ҷаҳон расида, барои онҳо мушкилӣ эҷод намудааст. Аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро ҳалок гардидани мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон, гувоҳи он аст, ки аъзои ташкилоти террористӣ ва равияҳои тундрав ба касе раҳму шафқат надоранд.

Зимни суханронии Пешвои миллат таъкид шуд, ки баъзе аз ҷавонони гумроҳ ба сафи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайваста, дар муҳорибаҳо ширкат доштанд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзе аз шаҳрвандон аҳли оилаашонро ба кишварҳои ҷангзада интиқол дода, бештарашон дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ кушта шуда, фарзандонашон бесаробон монданд. Ин аст оқибати гумроҳиву кӯтоҳандешӣ.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ шуд, ки он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Таҳлилҳои гузаронидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад, ки дар сафи пеши ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ташкилотҳои экстремистию террористӣ, аз қабили «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (ҳоло «Ҳизби исломии Туркистон»), равияи динии «Салафия», ДИИШ, ҷамоати «Ансоруллоҳ», иттиҳодияи «Ихвон муслимин», «Ҷундуллоҳ», ҲНИ, «Ҷамъияти таблиғ», «Бародарони мусулмон» ва дигарон қарор доранд. Онҳо баҳри расидан ба мақсадҳои нопок зери ниқоби дини мубини ислом ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун сохтани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, куштор, ғоратгарӣ ва ғайра даст мезананд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Зеро надонистани қонун ҷавобгарии ҷиноятиро истисно намекунад.

Дар шароити кунунӣ технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ ба яке аз сабабҳои торафт густариш ёфтани зуҳуроти терроризм ва экстремизми динӣ мубаддал гардидаанд. Далелҳо аз он ҳокиянд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани аъзои нав ва роҳбарӣ кардан ба онҳо истифода мешаванд.

Эътироф бояд кард, ки гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ташвишовар мебошад. Ин ҷо ду ҷанбаи масъала тавзеҳ мехоҳад. Аввалан, ҷавонон чун неруи асосӣ ва ояндадор мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд. Дуюм, хавфи он ки насли ҷавон чун неруи камтаҷриба суиистифода мешавад, зиёдтар аст. Аз ин хотир зарур аст, ки беш аз пеш талош варзем ва нагузорем ояндаи миллат зери хатар монад.

Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон аз сабаби дуруст надонистани мафҳумҳои ибодат фирефтаи баъзе «ходимони дин» ё «ҷӯяндагони роҳи ҳақ» мешаванд. Бояд донист, ки дини ислом бо ифротгаройӣ ва терроризм комилан мухолиф буда, ба таъбири Пешвои миллат, террорист дину мазҳаб, миллат ва Ватан надорад.

Таҳлилҳо нишон дод, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз омилҳои ҷалбшавии шаҳрвандони алоҳида ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад. Баъзе ҷавонон агар бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба муҳоҷират сафар кунанд, аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ бармегарданд.

Муҳоҷирон бо сабаби паст будани сатҳи дониши дунявӣ ва динӣ, маърифати пасти ҳуқуқӣ, надонистани забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ, ба душвориҳо, аз ҷумла надоштани ҷои кор, манзили зист ва ғайра рӯ ба рӯ мегарданд. Иттиҳодияҳои ҷиноятӣ аз ин ҳолатҳо истифода бурда, ҷавононро бо ваъдаи додани маблағҳои калон ва беҳтар намудани шароити будубош, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мекунанд.

Бинобар ин, масъулини хадамоти муҳоҷират, ҷамоат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо касбомӯзию забономӯзӣ ҷалб намудани онҳое, ки майли ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Чораи дигари пешгирӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар, назди ба ном муллоҳо ва назорати қатъӣ аз болои онҳое, ки таълимгоҳҳои динии кишварҳои хориҷиро хатм намудаанд, мебошад.

Ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз шаҳрвандон дар масҷидҳо аз бетарафии ходимони дин истифода бурда, ба ҷои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои номатлуби динӣ машғул мешаванд. Солҳои охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд нисбат ба 20 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иштироки фаъолона дар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Масалан, собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Абӯбакри Сиддиқ»-и шаҳри Гулистон Абдуллоев Илҳомиддин Донишгоҳи исломии давлатии Кувейтро (солҳои таҳсили 1994-1998) хатм намуда, аз соли 2014 ҳамчун имомхатиб кор кард. Ӯ дар байни намозгузорон ташвиқот бурда, шаҳрвандон А. Қосимов, А. Маҳмудов, Ш. Халимовро барои аъзогӣ ба ташкилоти экстремистии «Салафия» даъват ва то рӯзи дастгиршавӣ ғояҳои ташкилоти ғайриқонуниро тарғиб намуд.

Ҳамчунин, нисбат ба собиқ имомхатибони масҷиди панҷвақтаи «Муллоқурбон»-и ноҳияи Мастчоҳ М. Охунов, масҷиди ҷомеи ба номи Муҳаммадиқболи шаҳри Истаравшан Р. Асроров, муовини имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Муҳаммадиқболи шаҳри Истаравшан С. Саидфайзулло ва масҷиди ҷомеи ба номи «Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассалам»-и ноҳияи Деваштич М. Мираҳмадов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, онҳо бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд.

Бинобар ин, зарур аст, ки сатҳи таъсиррасонии рӯҳониёнро дар маҳкум намудани кирдорҳои террористӣ ва иштироки сокинони кишвар дар ҷангҳои мазҳабӣ баланд бардошта, чораҳои муассир андешида шавад.

Сабаби дигари шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ ва иштирок дар муқовимати мусаллаҳона дар муҳити носолим тарбия ёфтани онҳо мебошад.

Таълиму тарбияи наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ бе нақши мактабу маориф ва омӯзгорони касбӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Илова бар ин, саҳми фарҳангу идеология баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро басо арзанда аст. Вале санҷишҳо нишон доданд, ки фаъолият дар ин самт мувофиқи мақсад нест.

Бояд дар барномаҳои радиову телевизион гуфторҳо ва баромади олимони маъруф, филму саҳначаҳо таҳия ва намоиш дода шаванд, то оқибати ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бозгӯйӣ гардад ва бо ин вабои аср, зуҳуроти хавфнок ва харобиовар муборизаи дастаҷамъона бояд бурд.

Аз ин рӯ, танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мусоидати аҳолӣ ба мақомот имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳама гуна хатар гирифта шавад.

Ҳ. Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3