Мавзӯи рӯз

Вақте уҳдадориро иҷро намекунанд…

№152 (3946) 22.12.2018

Тайи се соли охир бо таъсири амалҳои берунию дохилӣ (буҳрони молиявӣ, иқтисодӣ, сари вақт напардохтани маблағҳои  кредитӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, мақсаднок сарф накардани маблағҳо ва ғайра) фаъолияти бонкҳои саҳомӣ нигаронкунанда буда, бар хилофи шартномаю дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ мебошад.

Одамон барои гирифтани пасандоз аз бонкҳо ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳанд ва аксар муваффақ намегарданд, чунки на ҳама аз донис­тани ҳуқуқу уҳдадориҳо бархӯрдоранд. Аввали соли гузашта Ҳукумати ҷумҳурӣ аз буҷет барои дастгирӣ, таъмини низоми мусоиди молиявӣ ва вобаста ба фаъолияти муътадили бонкҳо 2.250 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки асосан барои пардохти пасандозҳои шаҳрвандон ва орому осуда гардонидани онҳо буд, вале ба ин мақсад 115 миллион сомонӣ, қариб се фоизи он сарф шуду халос. Ноумедӣ, ташвишу тараддуд, даводаву сарсонӣ аз нав авҷ гирифт, чунки пасандозҳо ҳамчун «капитали мурда» ба манфиати бонкҳо хобанд.

Кор то ба ҷое расид, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Бонки миллӣ талаб кард, ки дар бораи маб­лағҳое, ки давлат барои ҳисоббаробаркунӣ бо депозит ҷудо намуд, ба парлумон ҳисобот пешниҳод намояд. Вале суол ба миён меояд, ки магар роҳбарони бонкҳо муқобили амонатгузоронанд?

Дар банди охири ҳар як шартномаи пасандози бонкии муҳлатноки тарафҳо – «Бонк» ва «Амонатгузор» тахмин чунин банд омадааст: «Ҳама баҳсе, ки аз шартномаи мазкур ё вобаста ба он ба амал меояд, байни тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд. Дар ҳолати (ё мавриди) наёфтани ҳалли худ, баҳсҳо тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд». Мутаассифона, ҳамин муқаррароти шартномаи тарафҳоро, ки дар назди қонун санади асосӣ маҳсуб меёбад, бонкҳо ба манфиат истифода мебаранд, вале на ҳама амонатгузор онро ба инобат мегираду дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиат талош меварзад.

Шаҳрванд Л. А. Раҳманова аввали соли 2018 дар бораи рӯёнидани пасандозҳои бонкиаш дар ҳаҷми 24.200 евро (дар асоси шартномаи бонкӣ аз 8 июли соли 2014) ва 5.275 доллари ИМА (дар асоси созишномаи пасандозии бонкӣ аз 24 августи соли 2015) ба андозаи 13 фоиз ва инчунин рӯёнидани фоизҳои зарари маънавӣ бо аризаи даъвогӣ ба суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Дар он омадааст, ки муҳлати шартномаҳо ба охир расида бошанд ҳам, бонк уҳдадории шартномавиро иҷро намекунад. Яъне, на пасандоз ва на фоизи муқаррарнамударо пардохт наменамояд. Вале то ҳол воситаҳои пулии бегонаро ғайриқонунӣ истифода мебарад. Шаҳрванд дар аризаи даъвогӣ зикр намудааст, ки амали бонк бар хилофи моддаҳои 854, 856 ва 861 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тавр, даъвогар Л. А. Раҳманова аз суд хоҳиш намудааст, ки пасандозҳои дар боло зикршуда бо фоизҳо, фоизҳо барои истифодаи ғайриқонунии воситаҳои пулӣ дар намуди евро ва доллар баргардонида шуда, ба мақсади таъмини даъво воситаҳои пулие, ки дар суратҳисоби ҷавобгар дар намуди доллари ИМА, евро ва сомонӣ вуҷуд доранд, ба миқдори маблағи тасдиқшуда ба ҳабс гирифта шаванд.

Суди ноҳияи И. Сомонӣ 12 сентябри соли 2018 даъвои Л. А. Раҳмановаро дар бораи баргардонидани маблағҳои пасандоз, фоизҳои он, ҷарима барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр дар натиҷаи иҷро накардани уҳдадориҳои пулӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ қонеъ кард.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе таҳти раисии камина, дар маҷлиси ошкорои судӣ 21 ноябри соли 2018 парвандаи гражданӣ аз рӯи шикояти кассатсионии даъвогар Л. А. Раҳманова ва намояндаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро аз болои ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор дода, парвандаи гражданиро омӯхта, бо ваҷҳҳои дар шикоятҳои кассатсионӣ овардашуда ва дигар далелҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, бетағйир монондани ҳалнома ва қонеъ нагардондани шикоятҳои кассатсиониро ба мақсад мувофиқ донист.

Ҳамин тавр, бо дастрасии моддаҳои 349 қисми 1, 350 қисми 1, сархати 1, 355 ва 356 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияи судӣ қарор кард, ки ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонии  шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2018 бо парвандаи гражданӣ бо даъвои шаҳрванд Л. А. Раҳманова дар бораи баргардонидани маблағҳои пасандоз, фоизҳои он, ҷарима барои ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағи ғайр дар натиҷаи иҷро накардани уҳдадориҳои пулӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ бетағйир, шикоятҳои кассатсионии даъвогар ва намояндаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» беқаноат мононда шаванд.

Нуқтаи муҳими ҳалномаи суди марҳилаи якум дар он аст, ки аризаи даъвогии шаҳрванд Раҳмановаро оид ба рӯёнидани маблағи фоизҳои шартномаҳои амонатӣ ба андозаи 3005,53 (се ҳазору панҷ) евро ва 289.22 (дусаду ҳаштоду нуҳ) доллар баробар бо асъори миллӣ дар рӯзи рӯёниш қонеъ кардааст.

Ҳамин тавр, вақте бонкҳо уҳдадорӣ ва шартномаҳои муштараке, ки бо имзои тарафҳо ба тасвиб расидаанд, иҷро ва риоя намекунанд, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намояд.

Раҷабалӣ АҲТАМ, судяи Суди шаҳри Душанбе