Ваксинаи ғайрифаъолкардашуда чӣ хусусият дорад?

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

v-kakom-vozraste-delajut-privivku-ot-poliomielita_1_1Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  иммунопрофилактика» бинобар ворид кардани  ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ (ИПВ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори он Зафарҷон Азизов зикр кард, ки моҳи майи соли 2012 Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ барҳамдиҳии бемории фалаҷро «вазифаи фавқулодаи барномавӣ баҳри тандурустии омма» эълон намуда, бо ин мақсад «Нақшаи стратегӣ оид ба  барҳамдиҳии бемории фалаҷ ва амалӣ намудани марҳилаи хотимавӣ дар солҳои 2013-2018» таҳия шуд.

- Тибқи нақшаи мазкур, ваксинаҳои бемории фалаҷ, ки аз тариқи даҳон  гузаронида мешаванд, бояд тадриҷан аз муомилот бозпас гирифта шаванд. Ин имконият медиҳад, ки  хатари пайдоиши фалаҷи паралитикӣ ва гардиши вируси вобаста аз ваксинабударо, ки ба хурӯҷи бемории фалаҷ оварда мерасонад, барҳам диҳем, — гуфт Зафарҷон Азизов.

Зикр шуд, ки ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ моеъ буда, аз се намуди вируси фалаҷ муҳофизат менамояд.  Ҳаҷми як воя 0,5 мл  буда, ба воситаи сӯзандору ба организми инсон ворид карда мешавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»