Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Вазъи санитарию эпидемиологӣ ташвишовар аст»

№98 (3735) 17.08.2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории доимӣ бо аҳли қалами рӯзномаи «Садои мардум» дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолии кишвар ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим изҳори қаноатмандӣ намуда, нисбат ба мақолаи Муҳаммад Зокир — «Вазъи санитарию эпидемиологӣ ташвишовар аст», ки дар шумораи №87-88 (3724-3725)-и рӯзнома вобаста ба ҳолати санитарии маркази ноҳияи Файзобод ба чоп расидааст, чунин маълумот пешниҳод менамояд.

Воқеан, мо аз рӯзноманигорон сипосгузорем, ки дар бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта бетараф нестанд. Бино ба иттилои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, дар ҳақиқат, камбудиҳо дар маҳали зикршуда ҷой доранд. Хадамот барои бартараф кардани онҳо чанд маротиба ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои дахлдори ноҳия оид ба бартараф кардани камбудиҳо пешниҳоду амрнома ирсол намудааст.

Аз он ҷумла, оид ба сагҳои дайду ба сардори Хоҷагии коммуналию манзилии ноҳия 16 сентябри соли 2016 таҳти № 604, 16 феврали соли 2017 таҳти № 144 амрномаи санитарӣ пешниҳод гардидааст, ки сагҳои дайду безарар гардонида шаванд, зеро шумораи осебгирифтагон нисбат ба соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст. Вобаста ба амрномаи санитарӣ 13 марти соли 2017 таҳти № 2013 ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҲКМ, инчунин ба дастгоҳи раиси ноҳия маълумот пешниҳод гардидааст.

Дар робита ба бозори марказӣ ҳаминро бояд қайд намуд, ки мутахассисони Хадамот бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод апрели соли 2017 санҷиши санитарию эпидемиологӣ гузаронида, то бартараф кардани камбудиҳо фаъолияти бозорро бо қарори №7 аз 14 апрели соли 2017 муваққатан боздошта буданд. Мутаассифона, камбудиҳои ҷойдошта ҳалли худро наёфта, бо мувофиқати раиси ноҳия ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод барои фаъолияти бозор иҷозат дода шуд.

Оид ба ифлосшавии оби канали маркази ноҳия дар байни аҳолӣ ва соҳибкороне, ки дар ҳудуди он иншоот доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Вале аз беэътиноии сокинони минтақа бо партофтани партовҳои гуногуни маишӣ канал ифлос мегардад. Аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и ноҳия дар ин давра барои ифлос намудани оби канал нисбат ба се нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳар кадом ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар мавриди партовгоҳи радиоактивӣ бошад, бояд зикр кард, ки Муассисаи давлатии «Мавзеи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ» дар ҳудуди ноҳияи Файзобод соли 1960 аз рӯи лоиҳа сохта шудааст. Масоҳати умумии он 71,75 гектарро ташкил медиҳад. Атрофи он иҳота карда шуда, бо оби нӯшокӣ ва системаи коррезии маҳаллӣ пайваст шудааст. Шумораи коргаронаш даҳ нафарро ташкил медиҳад ва фаъолияташон ба гурӯҳи корҳои зарарнок дохил мешавад.

Роҷеъ ба вазъи экологии ҳудуди ин минтақа тавассути назорати видеоӣ ахборот ба бинои маъмурӣ равон карда мешавад. Дар ин ҷо барои коргарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии «Мавзеи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ» манбаъҳои радиоактивӣ, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, қабул карда, дар контейнерҳои қӯрғошимӣ ва дар бункерҳои бетонӣ нигоҳ дошта, ҳар рӯз бо таҷҳизоти радиометрӣ санҷида мешаванд.

Нурҳо дар минтақаи назоратӣ, минтақаи муҳофизатии санитарӣ аз меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-06) СП2.6.1.001-06 зиёд намебошанд.

Бо пешниҳоди МНДСЭ-и ноҳия баъзе масъалаҳои ин мушкилот дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод низ баррасӣ гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

М. Камолзода,

муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон