Вазир Маркази саломатӣ бунёд кард

№ 28.11.2018

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо саҳми вазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар деҳаи Дошмандии деҳоти “Сари Хосор”- и ноҳияи Балҷувон бинои нави Маркази саломатӣ бунёд гардид.

Бинои мазкур аз 6 ҳуҷра — қабулгоҳ, ҳуҷраи ташхис, доругузаронӣ, таваллудхона ва нигоҳубини кӯдак, хатнакунӣ иборат буда, бо лавозимоту таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Атрофи бинои Маркази саломатӣ бо дарахтони сояафкан  оро дода, барои дар оянда бунёд намудани гулгашти зебо мувофиқ гардонида шудааст.

Инчунин, барои сари вақт расонидани беморон аз ҷониби вазир ба Маркази саломатӣ як автомашинаи ёрии таъҷилӣ, муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимоти тиббии муосир, тақдим гардид.

Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо  иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Ориф НОЗИМИЁН, Маркази матбуоти вазорати мудофиа