Вохӯрии навбатии кишварҳои аъзои Ёддошти ҳусни тафоҳум

№68 (3369) 15.05.2015

Дар шаҳри Ашқобод вохӯрии нуҳуми кишварҳои аъзои Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар доир шуд, ки дар кори он намояндагони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд. Ба ин чорабинӣ инчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои зиддимухаддиротӣ, намояндагони кишварҳои нозир ва маблағгузорони Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо даъват гардида буданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон        С. Аслов, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Назарзода, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Нодирӣ, сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Малахов иштирок намуданд.

Директори Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода зикр намуд, ки дар Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои ҷиноии трансмиллӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд, то бозори фурӯши маводи нашъаоварро васеътар намоянд. Солҳои охир тамоюли интиқоли маводи нашъаовар бар хилофи «хатсайри шимолӣ» тавассути шимоли Эрон ва кишварҳои Кавказ ба Аврупои Ҷанубу Шарқ ва Федератсияи Россия аз рӯи хатсайри ба ном «Шимоли баҳри Сиёҳ» мушоҳида мегардад. Дар ин бора мусодираи маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон дар кишварҳои хатсайр шаҳодат медиҳад.

Рустам Назарзода оид ба масъалаҳои тақвият бахшидан ба назорати минтақавӣ аз болои ҳаракати прекурсорҳо аз кишварҳои истеҳсолкунанда то Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зикр кард, ки ба кори Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ вусъат бахшидан лозим аст.

Дар вохӯрӣ инчунин барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ муҳокима гардид, ки буҷети умумии он 70 миллион долларро ташкил менамояд.

Зикр гардид, ки барои созмон додани системаи самараноки муқовимат ба ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, мустаҳкам намудани сарҳад ва тақвият бахшидан ба қатъ гардонидани интиқоли маводи нашъаовар, саъю кӯшишҳои идораҳои марбутаро муттаҳид намудан лозим аст.

Хотирнишон менамоем, ки Ёддошти ҳусни тафоҳум соли 1996 дар шаҳри Тошканд байни ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ба имзо расида буд. Соли 1998 ба он Федератсияи Россия ва Фонди Оғохон, соли 2001 Ҷумҳурии Озарбойҷон дохил шуданд. Ҳамин тариқ, имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар васеътар гардид. Ёддошти ҳусни тафоҳум ба як нишасти судманд барои муҳокимаи ташаббусҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамкорӣ табдил ёфтааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»