Волоияти қонун таъмин мегардад

№136 (3930) 13.11.2018

 Чанде пеш дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва кормандони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд Форуми чоруми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Форумро вазири адлияи ҷумҳурӣ Шоҳмурод Рустам ифтитоҳ намуда, дар бораи натиҷаҳои Форуми сеюми миллӣ оид ба волоияти қонун ва мавзӯву масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ ба форуми навбатӣ пешниҳод гардидаанд, маълумот дод.

 Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Шоназаров, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳра, сафири Швейтсария дар Қазоқистон ва Тоҷикистон Урс Шмид ва дигарон дар боби муваффақиятҳои Тоҷикистон дар самти таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, рушди қонунгузорӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва вазифаҳои минбаъдаи кишвар дар ин самтҳо суханронӣ намуданд.

Сипас, иштирокчиёни форум аз рӯи мавзӯъҳои пешниҳодшуда ба гурӯҳҳои корӣ ҷудо гардида, масоили «Рушди қонунгузорӣ, мушкилӣ ва муаммои соҳаи меъёрэҷодкунӣ бо назардошти муқаррароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018 — 2028», «Самтҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар замони муосир», «Муқовимат бо экстремизм ва терроризм: мушкилот ва дурнамо», «Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ҳуқуқи сайёҳӣ — заминаҳои бунёдии таҳкимбахшандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» ва «Воситаҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ: муаммо ва дурнамо»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷом, бо дарназардошти пешниҳодҳои гурӯҳҳои корӣ, аз ҷониби иштирокчиёни форум эъломия қабул гардид.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»