Ба мо муроҷиат мекунанд

Як рӯзи боздоштшуда дар тавқифгоҳи тафтишотӣ ду рӯз ҳисобида мешавад?

№151 (3945) 20.12.2018

Хонандаи рӯзнома Комилҷон Халилов бо суоли зер ба мо муроҷиат намуд:

Солҳои шӯравӣ дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) як рӯзи боздоштшудагони гумонбаршуда ба ҷиноят ду рӯз ҳисоб карда мешуд. Ҳозир ин тавр нест. Пурсиданиам, ки аз кай ва аз ҷониби кӣ ин тартиб бекор карда шуд. Дар нашрияи «Аргументи и факты» хонда будам, ки Думаи давлатии Федератсияи Россия масъалаи якуним рӯз ҳисоб кардани як рӯзи тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) - ро дида мебарояд. Оё парлумони кишвар низ баррасии чунин масъаларо дар назар дорад?

Раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад масъаларо чунин шарҳ дод:

Дар моддаи 70 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ҳисоб кардани муҳлати ҷазо ва ба ҳисоб гирифтани ҷазо ба таври возеҳ ва оммафаҳм муайян карда шудааст. Тибқи он муҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан ба фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, ҳабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ бо моҳ ва сол, корҳои ҳатмӣ бо соатҳо ҳисоб карда мешаванд. Ҳангоми иваз ё зам кардани ҷазоҳои зикргардида ва баҳисобгирии онҳо, муҳлат бо шабонарӯз ҳисоб карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар асоси принсипи инсондӯс­тонаи қонунгузории ҷиноятӣ ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудае, ки то мурофиаи судӣ дар ҳабси пешакӣ дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) нигоҳ дошта шудааст, дар намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти муҳлати дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳ доштани ӯ, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд.

Агар то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм маҳкумшуда дар ҳабси пешакӣ, аз ҷумла, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳ дошта шуда бошад, ин давра ба муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ як рӯз баробари як рӯз, дар шакли маҳдуд кардани озодӣ — як рӯз баробари ду рӯз, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ — як рӯз баробари се рӯз ва корҳои ҳатмӣ — як рӯз баробари ҳашт соати корҳои ҳатмӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Махсус бояд зикр намуд, ки агар шахси маҳкумшуда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар хориҷи мамлакат дар ҳабси пешакӣ дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) нигоҳ дош­та шуда бошад ё ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо ҳукми суди давлати хориҷӣ барои ҷинояти дар ҳудуди он содирнамуда адо намуда бошад ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супурда шуда бошад, як рӯзи дар маҳбас дар давлати хориҷӣ будани ӯ баробари як рӯз ба ҳисоб гирифта мешавад.

Инчунин, агар шахси ҷиноятсодиркарда дар давраи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, бинобар таъин намудани ташхиси судӣ — рӯҳшиносӣ ва ё гирифтор шудани ӯ ба бемории рӯҳӣ дар муассисаи бемориҳои рӯҳӣ ҷойгир карда шуда бошад, ин давра низ ҳамчун муҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳамин тавр, қонунгузории ҷиноятӣ ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкурро пурра ба танзим даровардаанд. Аз ин лиҳоз, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мамлакат вобаста ба масъалаи зикршуда зарурат нест.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»