Ёде аз Абдураҳим Ҳоҷибоев

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

«Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш тулӯъ хоҳанд кард».

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ХочибоевИмрӯз зарур аст, ки ба гузаштаи пуршарафи хеш назар афканем, то дарёбем, ки фарзандони фидокори миллат чӣ корнамоӣ кардаанд? Яке аз онҳо  ходими намоёни ҳизбию давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900-1938) мебошад.

Номбурда аз зумраи он сиёсатмадороне буд, ки солҳои 20-ум-30-юми асри ХХ дониш ва неруяшро барои бунёди давлати миллии тоҷикон сарф кард.

30 майи соли 1929 фарзандони баруманди халқи тоҷик бо роҳбарии раиси Совети Комиссарони халқии РАСС Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ба шаҳри Маскав сафар намуда, ба қабули котиби КМ ВКП(б) Иосиф Виссарионович Сталин  медароянд. Дар он сафар ӯро Абдуқодир Муҳиддинов, Қосим Дайламӣ, Саидаҳмад Анваров, Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев, Муъмин Хоҷаев, Бобохон Ҳамдамов ҳамроҳӣ намуданд.

Абдураҳим Ҳоҷибоев 1 — уми июни ҳамон сол ҳангоми суҳбат бо И. В. Сталин тақсимоти ҳудудии байни  ҶМШС Тоҷикис­тон  ва ҶШС Ӯзбекистонро ба миён гузош­та, дар ҷаласа вобаста ба ин масъала суханронӣ намуда, чунин пешниҳод кард: «Рафиқ Сталин! Тоҷикон аз қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна буда, дорои таърих ва фарҳанги қадимаанд. Миллионҳо ҳамзабони мо дар Афғонистон, Ҳиндустон, Эрону Хитойи Ғарбӣ зиндагӣ доранд.

Хоҳишмандем, пешниҳоди моро баҳри аз нав дида баромадани тақсимоти миллии ҳудудӣ  қабул намоед».

Дар ҷаласа пантуркистон зиддият нишон дода, барои аз даст надодани округи Хуҷанд эътироз намуданд. Дар чунин вазъият Ҳоҷибоев ва ҳамфик­ронаш  ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мардуми тоҷик як силсила иқдомоти ҷасуронаро амалӣ карданд.

Сталин аз гузоришҳои намояндагони Тоҷикистон маълумоти дақиқ гирифта, пешниҳод намуд, ки «округи  Хуҷанд ба  Тоҷикистон ҳамроҳ карда шавад». Дере нагузашта 4-уми  сентябри соли 1929 округи Хуҷанд ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил гардид.

Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки зимни музокироти чандинкарата ва талош­ҳои пайгиронаи фарзандони миллати тоҷик И. В. Сталин ба ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС барои тоҷикон розигӣ дод. Дар ин замина ба Абдураҳим Ҳоҷибоев ва роҳбарони онвақтаи Тоҷикистон муяссар шуд, ки аввал Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон (соли 1924) ва дертар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро (соли 1929) ташкил намоянд.

Мактубу гузориш ва баромадҳои Абдураҳим Ҳоҷибоев дар бойгониҳои марказии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия то ҳанӯз маҳфузанд. Онҳо баёнгари он ҳастанд, ки то чӣ дараҷа фарзанди фарзонаи тоҷик барои ҳалли ин масъала ҷонбозиҳо кардааст.

Фарзандони фарзонаи  миллат, муборизони матини роҳи бахту саодат  ҳамеша дар қалбҳо зиндаанд.

Бахтовар Темирзода, унвонҷӯи кафедраи таърихи ватан ва рхеологияи факултети таърихи ДДХ ба номи Б. Ғафуров