Проблема ва мулоҳиза

Ҷӯю дарёҳо бе партов мешаванд, агар…

№103 (4053) 27.08.2019

ываываАз ҷумлаи манзараҳое, ки табъи ҳар як шахсро хира мекунад, дидани тӯдаи партовҳо дар канори роҳ ва ҷӯю дарёҳо мебошад. Пас аз гузаронидани маъракаҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» муддате нагузашта, боз партовҳоро дар манбаъҳои обу кӯчаю хиёбонҳо мушоҳида мекунем. Махсусан, партовҳои сохтмонӣ, бинобар солҳои дароз вайрон нашуданашон, ба муҳити зист зарари зиёд мерасонанд. Илова бар ин, сол то сол ашёи синтетикӣ дар рӯзгор зиёд шуда истодааст. Дару тиреза, зарфҳои гуногунандоза, таҷҳизоти электронӣ, телефон, мебел ва ғайраро бештар аз пластика месозанд, зеро он ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ сабуку арзонанд. Танҳо дар ИМА соле 30 миллион тонна зарфи пластикӣ ҷамъ мешавад. Дар сурати сӯзондани онҳо энергияи баробар ба 87 миллион баррел нефтро ба даст овардан мумкин аст. Бо ин миқдор нефт 6 миллион мошин метавонад дар як сол ҳаракат намояд.

Имрӯз ҷамъоварӣ кардану берун бурдани партовҳо аз мушкилоти асосии шаҳрҳои калон гардидааст. Мардум ашёи нав харида, чизҳои истифоданамудаашонро агар фаросат дошта бошанд, ба партовгоҳ мепартоянд. Иддае, бинобар надоштани маърифати экологӣ, ҳар гуна партовро ба ҷӯю дарёҳо ҳаво дода, муҳитро ифлос месозанд.

Делфинҳо, ки аз қадим дӯсти инсон маҳсуб меёбанд, инчунин наҳангу сангпушти обӣ, бинобар фурӯ бурдани ашёи пластикӣ, мемиранд. Мувофиқи ҳисоби коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳоло дар уқёнуси ҷаҳонӣ зиёда аз 5 триллион адад ашёи пластикӣ ҷамъ шудаанд. Танҳо соли 2016 дар ҷаҳон 480 миллиард дона зарфи пластикии нӯшобадор фурӯхта шуда буд. Онҳо қобили коркарди дубора бошанд ҳам, аксарашон мавриди коркард қарор намегиранд.

Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳо ҳар моҳ зиёда аз 196 061, 52 метри кубӣ партов ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда мешавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 72 партовгоҳи фаълияткунандаи партовҳои сахти маишӣ мавҷуданд, ки масоҳаташон зиёда аз 295 гектарро ташкил медиҳад.

Ба гуфти муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидумрон Абдураҳмонзода, ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии партовнигоҳдорӣ дар маҳаллаҳои аҳолинишин, хусусан дар деҳаҳо,  қариб дида намешавад. Дар бештари деҳоти ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷаи давлат барои кашонидани партов маблағ ҷудо карда мешавад, аммо онҳо барои кашонидани партов ва ташкили нуқтаҳои муваққатии партовнигоҳдорӣ сарф мешавад. Агар 30 фоизи партовҳои деҳот такроран истифода шавад, 70 фоизи боқимондаи онро ҳамчун партовҳои бесоҳиб ба соҳили дарёву ҷариҳо мепартоянд.

Дар бисёр кишварҳо ба хотири пешгирии паҳншавии партовҳо коркарди дубораи онҳоро ба роҳ мондаанд. Соли 1989 ҳукуматдорони иёлати Калифорнияи ИМА барномаеро қабул карданд, ки мувофиқи он бояд соли 1990 то 25 фоиз, соли 1995 — қариб 30 ва соли 2010 то 75 фоизи партов коркард шавад. Шарт гузошта шуда буд, ки агар ширкатҳо партовҳояшонро ба навъҳо ҷудо накунанд, ҳар рӯз 10 000 доллар ҷарима хоҳанд шуд. Дар баробари ин, ҳукуматдорону экологҳо маъракаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолиро ташкил карданд. Зиёда аз 30 сол аст, ки дар иёлати мазкур партовро насӯзонда коркард мекунанд. Сокинони он ҷо мустақилона партовҳоро ба навъҳо (шиша, пластика, металл, коғазу картон, пӯчоқ ва дигар ашёи биологӣ) ҷудо менамоянд.

Дар хонаву маҳаллаҳои пойтахти Тоторис­тон — шаҳри Қазон чунин навиштаҷотро дучор шудан мумкин: «Як зарфи пластикиро коркард намуда, се литр оби чашма, 15 литри кубӣ хоки ҳосилхез ва ду насл сокинони ҷангалро ҳифз мекунем». Дар ин ҷумҳурӣ корхонаи ҷамъоварию коркарди коғазу картон 22 адад, шишапора — 9, аккумуляторҳои истифодашуда -14, полимерҳо -27, фулузоти сиёҳ ва ранга 84 адад фаъолият менамоянд.

Шветсия яке аз кишварҳои пешқадам дар самти коркарди дубораи партов ба шумор меравад. Дар он ҷо 4 фоизи партовро сӯзонда, боқимондаро пурра коркард мекунанд. Он ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя партовҳои ба навъҳо ҷудошударо харида, коркард менамояд. Соле ба он ҷо аз хориҷа тақрибан 80 000 тонна партов ворид мешавад, ки ҳиссаи калони он ба Норвегия рост меояд. Як қисми партов дар ин кишвар ба неруи барқ табдил дода мешавад. Ҷамъоварию коркарди партовҳо боиси таъсисёбии ҷойҳои нави корӣ мегарданд.

Аз рӯи маълумоти маҷаллаи «The Economist», дар иёлати Калифорнияи ИМА индустрияи бузурги коркарди партов ба роҳ монда шудааст, ки 5300 корхонаро дар бар гирифта, 85 000 нафар дар онҳо кор мекунанд. Ҳаҷми умумии маҳсулот ва хизматрасонии соҳа 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар мамолики аврупоӣ 70 фоизи партов дубора коркард мешавад. Аз партовҳои биологӣ биогаз тавлид намуда, неруи барқ мегиранд. Барои муҳити зист гази метан, ки аз ашёи пӯсида ва поруи ҳайвонот хориҷ мешавад, нисбат ба гази карбонат 21 маротиба таъсири баландтар дорад. Аз ин рӯ, онро дар таҷҳизоти тавлиди биогаз сӯзонидан беҳтар аст.

Соли 1983 соҳибкор Пол Селю ширкатеро бо номи «Earthqro» таъсис дод, ки аз партовҳои пӯсида нурии органикӣ истеҳсол мекард. Истеҳсоли солонаи компости ширкат соли 1998 ба 320 000 тонна (20 миллион халта) расид. Ин соҳибкор дар 30 соли охир 6 ширкати коркарди партов таъсис дод. Ӯ қарор дод, ки пӯчоқу пасмондаҳои хӯрокро коркард намуда, компости ҳосилшударо ба фурӯш барорад. Дар ин ширкат гази метани ҳосилшударо тавассути лӯлаҳо ба магистрали умумӣ мефиристанд, ҳамчун сӯзишвории автомобилӣ истифода мебаранд ё дар неругоҳҳои ҳароратӣ аз он неруи барқ истеҳсол мекунанд.

Дар Германия даромади ширкатҳо аз коркарди партов соле ба 100 миллиард евро мерасад. Дар Британияи Кабир 70 фоиз ва дар ИМА 80 фоизи бонкаҳои алюминий аз партов истеҳсол мешавад. Япониҳо бошанд, 95 фоизи партовро коркард мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳар сол теъдоди зарфҳои пластикӣ дар ҷаҳон меафзояд. Солона истеҳсоли ин гуна зарфҳо дар дунё ба 93 миллиард адад мерасад. Дар як сол аз ҳисоби партовҳои пластикӣ дар уқёнусҳои ҷаҳон 150 тонна партов изофа шуда, дар уқёнусҳои Атлантикаву Ором дутоӣ ва уқёнуси Ҳинд якто ҷазираҳои партовӣ пайдо шудаанд.

Баъзе сокинони деҳоти мамлакат зарфҳои пластикиро барои гарм кардани ҳаммом истифода мебаранд, ки ин рафторашон ба муҳити зист зиён мерасонад. Ҳангоми гарм кардан ё сӯзондани полиэтилен ва поливинилхлорид ба фазо пайвастагии заҳрноки диоксин, дуоксиди карбон, қӯрғошим, сулфур, формалдегид, винилхлорид, фталатҳо ва металлҳои вазнин хориҷ мешавад. Аз пайвастагиҳои пластика ба ҷигар ва гурда зарар расида, чашм хира мегардад.

Чӣ кор кунем, ки шумораи партовҳои пластикӣ кам шуда, манбаъҳои об ва кӯчаю хиёбонҳо тоза монанд?

Олими немис Кристиан Кох таҷҳизотеро ихтироъ намудааст, ки аз партовҳои пластикӣ дар як соат 500 литр сӯзишвории дизелӣ истеҳсол мекунад. Он синтезатори катализатории бидуни фишор (КСД-500) ном дорад, ки алҳол дар 17 кишвар, аз ҷумла, Мексика ва Эрон истифода мешавад. Ба гуфти намояндаи ширкати олмонии «Алфакат», дар мамолики ИДМ, Эрон, Афғонистон, Покистон, Хитой ва Ҳиндустон, профессор Алимхон Бурҳонзод, истифода аз КСД- 500 имконият медиҳад, ки сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза тавлид шуда, ифлосшавии ҳаво пешгирӣ гардад. Насби чунин таҷҳизот аз лиҳози иқтисодӣ ва экологӣ дар шаҳрҳои бузург муфид буда, хароҷоташро дар муддати кӯтоҳ ҷуброн менамояд. Агар бо кумаки созмонҳои мададрасон ва ё аз тариқи грант таҷҳизоти мазкур дастрас шавад, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ вусъат ёфта, ҷӯю дарё ва роҳу хиёбонҳо хеле тоза мешаванд.

С. Суннатӣ, «Садои мардум»