Заҳматпеша ва соҳиби маърифати воло

№26 (4132) 27.02.2020

87852849_132782178054468_6297621064776155136_nВақте ӯро ба Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба сифати муовини раис ба кор даъват намуданд, ҳанӯз аз кори ҳизбӣ баҳравар набуд. Ба илова, кумиҷроия ҳуҷраи корӣ, суратҳисоб, корманд ва боз бисёр чизҳои дигареро, ки мебоист дошта бошад, надошт.

- Танҳо як мизу курсии ориятӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доштем, – ба ёд меорад Парвиз Шодизода — нахустин корманди расмӣ ва муовини раиси Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб.

Дар ҳисоботҳо беш аз 2000 нафар узви ҳизб гӯиё дар 30 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ буданд, вале дар асл ҳама барои ҳисобот буд.

-Кор аз эҳёи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оғоз ёфт, аъзои ҳизбро аз нав ба ҳисоб гирифтем, ҷаласаҳо доир кардем, раисони ташкилотҳои ибтидоиро аз ҳисоби шахсони фаъолу обрӯманд интихоб намудем, – мегӯяд Парвиз Шодизода.

Ба ин минвол як сол сипарӣ шуд. Ташкилотҳои ибтидоӣ фаъол мегардиданд, сафи аъзои ҳизб меафзуд. Суратҳисоби бонкӣ низ кушоданд ва баъди ҳашт моҳи оғози кор имкон фароҳам омад, ки муовини раиси кумиҷроия бори нахуст аз хазинаи ҳизб маош гирад. Маҳмадқул Ҳасанов – собиқ раиси Ҷамоати деҳоти «Косатарош» ва корманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба кумиҷроияи ҳизбӣ ба кор пазируфта шуд. Соли 2003-юм дар бинои Агентии минтақавии «Тоҷикстандарт» ду ҳуҷраро ба иҷора гирифтанд ва кумиҷроияи шаҳрӣ тавонист фаъолияташро бомаром ва низом ба роҳ монад.

Натиҷаи ташвишу такопӯҳо дар раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аён гардид. Кумиҷроияи шаҳрӣ, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар тарғибу фаҳмонидани мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳо фаъол буданд. Ҳамон сол кумиҷроия дар маъракаи обуна ба нашрияи ҳизбӣ низ фаъолона саҳм гирифт ва мукофоти асосии рӯзномаи «Минбари халқ» — телевизори рангаро соҳиб шуд. Зимнан, ин мукофот бо қарори кумиҷроия ба Хонаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент туҳфа гардид.

Муҳимтар аз ин, тавонистанд таваҷҷуҳи мардумро ба мақсаду мароми ҳизб ҷалб намоянд, сиёсати Сарвари муаззами ҳизбро дар ҳама соҳа ба онҳо фаҳмонанд.

Сафи аъзои ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии он бомаром меафзуд. Соли 2014 аллакай 5 ҳазор нафар сокини шаҳри Панҷакент ба ҲХДТ аъзо ва соҳиби билети ҳизбӣ гардиданд.

Барои фаъолияти босамари кумиҷроия низ шароити сазовор фароҳам омад. Соли 2006 Парвиз Шодизода ба вазифаи раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент пешбарӣ гардид. Бо мусоидати собиқ раиси шаҳр Шакарбек Самадов чор ҳуҷра аз бинои Раёсати кишоварзии шаҳр ба мувозинаи кумиҷроия ворид ва барои фаъолияти дастгоҳи кумиҷроия шароити созгор фароҳам карда шуд.

Акнун дастгоҳи ташкилоти ҳизбии шаҳр аз ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз, мошини хидматӣ, даҳ нафар корманд иборат буд.

Бале, кори ҳизбӣ, тавре баъзеҳо мепиндоранд, танҳо шиор партофтану дар ҷаласаҳо суханронии обшуста кардан нест.

- Дар он айёми мушкил ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум ба фаъолияти ҳизб, кори саҳл набуд. Албатта, корҳои шоиста, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешуданд, барои боло рафтани нуфузи ҳизб муҳим буданд. Вале, бо вуҷуди ин, мардум дар қатори пешравиҳои инқилобии замони истиқлолият сабабу омилҳои мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро низ аз мо мепурсиданд, — мегӯяд Парвиз Шодизода.

Хислатҳои ӯ дар мақоми муовин ва баъдан раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент солҳои 2002-2014 чун ҷавонмарди бомаърифату огоҳ, зиёӣ ва донандаи хуби кори ҳизбӣ, ташаббускор бо қобилияти волои ташкилотчигӣ дар кори ҳаррӯзаи ҳизбӣ ва хоса, дар маъракаҳои интихоботи Президент, Маҷлиси намояндагон, раъйпурсиҳо, бештар аён мегардиданд.

Дар интихоботи Президенти мамлакат, соли 2006, байни намояндагони дигар ҳизбҳо ӯ бо мулоҳизаю андешаҳои ҷиддӣ, пешниҳодҳои ҷолиб, иҷрои ­қатъии талаботи қонун барои ҳизбҳои сиёсӣ фарқ мекард.

Ҳар сол 20 май дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Лоиқ Шералӣ озмуни қироати шеър доир мешавад. Он ташаббусу пешниҳоди Парвиз Шодизода аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Шояд ҳамин такопӯҳо ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб, эҳсоси волои масъулиятшиносиаш зери назари мақомоти роҳбарӣ қарор дошт, ки моҳи июли соли 2014 ӯро ба вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент таъин намуданд. Вале ӯ чун узви раёсати Кумиҷроияи ташкилоти шаҳрии ҳизб дар чорабиниҳои он фаъолона иштирок менамояд.

Ҳоло Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар қатори беҳтарин ташкилотҳои ҳизбии мамлакат аст. Ба гуфтаи раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода ба ин пешравиҳо маҳз Парвиз Шодизода замина гузоштааст.

Мавсуф дувоздаҳ соли беҳтарини умрашро ба беҳдошти фаъолияти ҳизб бахшидааст.

- Чӣ нақш гузоштаанд он солҳо дар ҳаёти шумо? – суол мекунем аз Парвиз Шодизода.

- Ҳарчанд то кумиҷроияи ҳизбӣ дар донишгоҳ, ҷамъияти матлубот, соҳаи тиҷорат собиқаи кор дошта бошам ҳам, маҳз дар фаъолияти ҳизбӣ такмил ёфтам, — ҷавоб мегӯяд ӯ.

Аз мушкилот наҳаросидан, бори масъулиятро ба дӯш гирифтан, бо мардум забон ёфтан, пуштибонӣ намудан аз ҳадафу ормонҳои ҳизбиву давлатӣ аз бозёфтҳои Парвиз Шодизода дар мақоми раиси кумиҷроияи ҳизбӣ тӯли дувоздаҳ сол аст, ки дар фаъолияти имрӯзааш ба ҳайси муовини раиси шаҳри Панҷакент низ кор медиҳанд.

- Аз дасти мубораки Сарвари муаззами ҳизб Ифтихорнома гирифтам, дар анҷуманҳои ҳизб иштирок намуда, таҷриба андӯхтам. Муҳимтар аз ин, то ҷое тавонистам, барои беҳдошти фаъолияти ҳизб, боло бурдани нуфузу обрӯи он саҳм гузош­там. Дувоздаҳ соли фаъолият ба ҳайси сарвари Кумиҷроияи ҳизбӣ бароям донишгоҳи ҳақиқӣ буд, ки дарси ҳаёт, садоқат, масъулият меомӯхтам, — ин мулоҳизаҳо низ ҷавоби ӯ ба саволи қаблӣ буданд. Ҳамин садоқат ба ормонҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аст, ки ӯро дар Анҷумани 13-и ҳизб узви Кумитаи иҷроияи марказӣ интихоб намуданд.

Парвиз Шодизода аз андӯхтаҳояш дар мақоми муовини раиси шаҳр низ истифода мекунад. Ӯ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳамчун масъули бахши иқтисод дар такопӯи беҳбудии соҳа аст, зеро соҳаи мазкур зербинои ҳама пешравиҳо ва беҳдошти рӯзгори мардум мебошад. Инро ӯ чун сиёсатшиносу иқтисодшиноси варзида ва менеҷер хуб медонад ва дар барномаи амалаш чун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Панҷакент, № 21, ки дар заминаи Барномаи пешзинтихоботии ҳизб таҳия намудааст, ин масъала ҷойгоҳи хоса дорад.

Парвиз Шодизода бар он назар аст, ки такя ба коргоҳи азим, ки бори асосии буҷетро мекашад, бар салоҳи кор нест. Ба ин хотир, дар барномаи амалаш аз тариқи қонунгузорӣ ташкил намудани минтақаҳои саноатиро дар ҳар шаҳру ноҳия зарур мешуморад. Ин як воситаи муҳими иҷрои ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръат аст. Ҳамчунин, Парвиз Шодизода рушди соҳаи сайёҳӣ, ба ин раванд ҷалб намудани соҳибкорон ва аҳолӣ, бунёди инфрасохтори ин соҳаи фоидаовар ва шуғлафзоро муҳим мешуморад.

Т. СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор, Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»