Зайниддин Сафаров: «Нашъамандон бештар ба табобат ниёз доранд»

№148 (3785) 14.12.2017

DSC_0705 (2)Чанде пеш дар шаҳри Остона (Қазоқис­тон) таҳти шиори «Алтернативаи маҳрум кардан аз озодӣ: сиёсат ва амал дар самти табобат ва нигоҳубини ашхоси гирифтори бемориҳои алоқаманд ба истеъмоли маводи мухаддир» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар робита ба ин бо узви ҳайат – муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров суҳбат оростем.

- Тавре аз номи конференсия бармеояд, ҳадаф таҷдиди назар намудани меъёри қонунҳо ва асноди дигари ҳуқуқӣ нисбат ба истеъмолкунандагону паҳнкунандагони маводи мухаддир, аниқтараш, сабукӣ овардан ба онҳо буд, ки  барои ҷумҳурии мо низ муҳим аст. Пӯшида нест, ки паҳн ва истеъмол кардани маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҷуғрофӣ алоқамандӣ дорад. Вобаста ба вазъи мураккаби давр аз солҳои 90-уми асри гузашта кишвари мо ба роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишварҳои Аврупо табдил ёфт. Ин водор месозад, ки ба сиёсати давлат дар самти гардиши маводи мухаддир, табобат ва нигоҳубини ашхоси гирифтори он дар заминаи асноди меъёрии ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ намоем. Дар тӯли беш аз 25 соли Истиқлолияти кишвар қонун ва асноде, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар самти гардиши маводи мухаддир ва истеъмоли он ба танзим медароранд, ба тағйироти ҷиддӣ мувоҷеҳ гардиданд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи милливу соҳавӣ қабул карда шуданд. Дар доираи лоиҳаи пурзӯр намудани системаҳо ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои ҳуқуқӣ ба дастрасии хизматрасонӣ дар самти пешгирӣ ва табобати вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳӣ ба фазои ҳуқуқии кишвар вобаста ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) тадқиқот гузаронда шуд. Ҳадаф аз он мусоидат ба такмили фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои миллӣ ба муқобили ВНМО аст. Дар ин доира, ҳамчунин ҳолати рио­яи ҳуқуқҳои ашхоси истеъмолкунандаи маводи мухаддир ба воситаи сӯзандору аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони тиб, поймолкунии ҳуқуқҳои эшон, таҳқир ва паст задани онҳо дар ҷомеа, қонунгузорӣ ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ВНМО ва БНМБ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ҳангоми пурсиши истеъмолкунандагони маводи мухаддир бо сӯзандору маълум гардид, ки аксари онҳо бо моддаи 200 КҶ ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва психотропӣ бо мақсади фурӯхтан) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Вале ҳангоми суҳбатҳо ошкор гашт, ки бештари онҳо маводро на барои фурӯш, балки барои истеъмоли шахсӣ харидорӣ кардаанд.

Ҳамчунин, таҳлил муайян кард, ки тибқи моддаи 201 КҶ ҶТ (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор ва воситаҳои психотропӣ, истеҳсол, коркард, харидорӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва фиристодани он бидуни нақшаи фурӯши маводи нашъадор ва воситаҳои психотропӣ дар ҳаҷми хурд) истеъмолкунандагонро ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст. Муайян нест, ки ин намуди ҷиноят ҳамаи ҳаракатро якҷо дар назар дорад ё ҳар ҳаракатро ба таври алоҳида. Аз ин рӯ, мақомоти тафтишотӣ ҳатто барои харидорӣ кардан дар ҳаҷми хурд одамонро ба ҷавобгарӣ мекашанд, яъне ҳар як шахсеро, ки бо сӯзандору маводи мухаддир истеъмол менамояд, хатари боздошт шудан ва мавриди пурсиш қарор гирифтан таҳдид менамояд.

- Дар моддаи 1-уми КТ ҶТ нашъамандӣ ҳамчун беморӣ эътироф шудааст, ки дар натиҷаи заҳролудшавии дарозмуддат ё музмин аз истеъмоли маводи нашъадор ба вуҷуд омадааст…

- Аз ин хотир, таваҷҷуҳ имрӯз бояд бештар ба табобати гирифторони ин беморӣ, на таъқибу ҷазодиҳии онҳо равона карда шавад. Мувофиқи моддаи 193 КТ ҶТ, кумаки наркологӣ дар асоси муроҷиати бемор ё бо ризояти ӯ расонида мешавад. Табобати маҷбурӣ манъ аст. Беморон ҳуқуқ доранд, ки оид ба ҳадафҳои табобат, давомнокии он, тарзу усули табобат, натиҷаҳои имконпазир, вуҷуд доштан ё надоштани оқибатҳои зарарнок ва ғайра, тибқи моддаи 195 маълумот талаб намоянд, зеро тадбирҳои пешбининамудаи қонун на танҳо ба солимгардонӣ мусоидат намекунад, балки боиси мушкилоти дигар низ шуда метавонанд.

- Ҳолатҳои бо роҳи маҷбурӣ табобат кардани беморони нашъаманд вуҷуд доранд?

- Дар қисми 2, моддаи 25 КҶ ҶТ қайд шудааст, ки дар ҳолати ҷиноят содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари муайян намудани ҷазо метавонад чораҳои маҷбурии табобатро низ татбиқ намояд. Пурсиши нашъамандоне, ки аз сӯзандору истифода мебаранд, нишон дод, ки табобати маҷбурӣ беманфиат аст.

Ҳангоми таҳлили меъёрҳои кодекси мазкур, ҳамчунин муайян карда шуд, ки эҳтимолияти истифодаи тадбирҳои маҷбурии хусусияти табобатидошта нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои сил, майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикоманҳо ва гирифторони бемориҳои асаб низ ҷой дорад. Агар дар давраи адои ҷазо муайян карда шавад, ки шахси ҷазодида гирифтори бемории сил, майзадагӣ, нашъамандӣ ё токсикоман аст, муассисаи ислоҳотӣ бояд ба суд ҷиҳати нисбат ба чунин ашхос амалӣ намудани чораҳои маҷбуркунии табобатӣ дархост фиристад.

Дар замима ба моддаҳои 200-201, банди 2 қайд мегардад, ки мафҳумҳои ҳаҷми хурд, на чандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар моддаҳои 200-202 ва 204-и кодекси дар боло зикршуда  омадаанд, тибқи «Номгӯй ва ҳаҷми маводи мухаддир, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки дар гардиши ғайриқонунӣ қарор доранд», мувофиқи замимаи  1 муайян карда мешаванд. Аммо дар ин замима ҳаҷми хурд муайян карда нашудааст, ҳаҷмҳои дигар низ доираи васеъ доранд. Масалан, ҳаҷми на чандон калони героин аз 0,5 то 10 грамм нишон дода шудааст. Замимаҳои зикршуда ба тавсияи ташкилоти ЮНЭЙДС, ки соли 2016 дар Ассамблеяи кулли СММ оид ба проблемаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир муайян карда шудаанд, мухолиф мебошанд. Аз ҷумла, онҳо даъват мекунанд, ки барои истифода бурдан ва нигоҳ доштани маводи мухаддир ҷиҳати истеъмоли шахсӣ ҷазо муқаррар карда нашавад ва ҳама гуна санҷиши ҳатмӣ барои муайян намудани вируси норасоии масунияти бадан, маводи мухаддир ва табобати нашъамандӣ ба шаклҳои ихтиёрӣ иваз шаванд.

Марказҳои нигаҳдорӣ ва табобати ашхоси истеъмолкунандаи маводи мухадир низ бояд баста шаванд. Масъалаи ашхоси истифодабарандаи сӯзандору, ки гирифтори бемории сил ва қубоду зардпарвини сироятианд, имрӯз басо ҷиддӣ ба миён гузошта мешавад. Ҳуқуқҳои ин гуна одамон поймол мегардад ва онҳо ба кор қабул карда намешаванд. Барои гирифтани мақоми маъюбӣ ва ёрдампулӣ бошад, онҳо бояд дар беморхона аз ташхис гузаранд, «анализ»-ҳо супоранд. Чун ин хизматҳо пулакианд, барои бархе гирифтани ҳуҷҷату мақоми маъюбӣ ва кумакпулии ночиз ҳам имконнопазир аст.

Бояд таъкид намуд, ки ҳангоми боздош­ти ашхоси истифодабарандаи маводи мухаддир ба воситаи сӯзандору аз тарафи кормандони милитсия усулҳои мамнӯи пурсиш истифода бурда мешаванд. Бар замми ин, нашъамандон мегӯянд, ки барномаи методонӣ айни ҳол барои нашъ­амандони гирифтори вируси норасоии масуният хизмат мерасонад. Ба онҳое, ки маводи мухадирро бо сӯзандору истифода мебаранд, хизмат расонида намешавад.

Имрӯз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, ки дар онҳо тавсияҳои институтҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба назар гирифта шудаанд. Қонунҳои нав бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии куҳнашуда ва дастурҳои соҳавӣ, ки баъзеи онҳо дар даврони шӯравӣ таҳия гардида, имрӯз ҳам амал мекунанд, мухолифанд.

Ин ҳолат таҳлил ва таҳияи тавсияҳоеро тақозо менамояд, ки тибқи онҳо қонунҳо такмил ёфта, ба зиндагӣ мутобиқ карда шаванд.

Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар доираи амалӣ гардонидани «Барномаи миллӣ оид ба пешгирии паҳншавии истеъмоли маводи мухаддир ва такмили кумаки наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2020», ҷиҳати муайян намудани омилҳои ба сатҳи нашъамандӣ ва оқибатҳои тиббиву иҷтимоии ин беморӣ таъсиррасонанда шароити мусоид фароҳам омад.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вируси норасоии масуният ва БНМБ» паҳншавии беморӣ ба воситаи асбобҳои тиббӣ аз 59,2 фоиз (2010) то 12,0 дарсад (2017) кам гардидааст. Паҳншавии вируси норасоии масуният  ва БНМБ соли 2014 дар байни истеъмолкунандагони маводи мухаддир бо сӯзандору 12,9 фоизро дар муқоиса ба 16,3 дарсади соли 2010 ташкил дод.

Дар раванди амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур маблағгузории хадамоти наркологӣ бамаротиб афзуд. Бо намояндагони Бунёди глобалӣ ва минтақавии UNODC дар Осиёи Марказӣ ҳамкории самаранок ба роҳ монда шуд. Дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов», бо мақсади пайдо намудани сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ тибқи талаботи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, табобати беморон бо усули маблағгузории дуҷониба ба роҳ монда шуд. Дар ду соли охир аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 1230221 (тахминан 140000 доллари ИМА) ворид гардид.

Дар мамлакат ҷиҳати таҳлили вазъият, ҷамъоварии маълумот оид ба истеъмоли воситаҳои фаъоли психикӣ табдирҳо андешида шуданд, ки ба муқобили тамоюлҳои манфии паҳншавии истеъмоли маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он равона гардидаанд. Мувофиқи омори расмии муассисаҳои наркологӣ, то 1 октябри соли 2017 дар мамлакат 6930 нафар истеъмолкунандаи маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, 16,32 фоиз ба вилояти Суғд, 18,69 — вилояти Хатлон, 11,5 — ВМКБ, 16,71 — ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 36,7 дарсад ба шаҳри Душанбе мутааллиқ аст.

- Мегӯянд, ки сол то сол нашъамандӣ «ҷавонтар» мешавад…

- Дар мамлакатҳое, ки нишондиҳандаи истеъмоли маводи мухаддир баланд аст, солҳои охир болоравии нишондиҳандаи гирифтор шудан ба бемориҳо ва зиёдшавии беморон аз ҳисоби занҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷумҳурӣ болоравии нишондиҳандаи ба нашъамандӣ гирифтор шудани занҳо ба назар намерасад ва шумораи онҳо аз шумораи умумии гирифторони бемориҳои нашъамандӣ 2,41 фоизро ташкил медиҳад. Ин ҳолат ба мавқеъ ва мақоми иҷтимоии занҳо, одоби зани шарқ ва таъсири ислом ба ҳалли масоили гендерӣ алоқаманд аст.

Дар бораи ҷавоншавии нашъамандӣ бояд таъкид кард, ки табақабандии синнусолӣ дар ҷумҳурӣ хусусияти худро дорад. Шумораи ҷавонони аз 18 то 34 — сола, ки 68,6 фоизро ташкил медиҳанд, дар муқоиса ба гирифторони синну соли 35-59 — сола, ки 30,47 дарсадро ташкил намуданд, сол то сол кам мегардад. Яъне, «пиршавии нашъамандӣ» ба вуҷуд омадааст. Дар баробари ин, нишондиҳандаи гирифторони бемории аввалияи  нашъамандӣ низ поин меравад.

Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати такмили кумаки наркологӣ ба ашхоси эҳтиёҷманд тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Ҳамчун тавсия дар робита ба баҳогузории фазои ҳуқуқӣ пешниҳод гардидааст, ки нигоҳдорандагони маводи мухаддир барои истеъмоли шахсӣ аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ озод гарданд, истифодаи тадбирҳои ҷазодиҳӣ барои ҷомеа зарарнок эътироф карда шавад, дар КҶ ҶТ миқдору ҳаҷми воситаҳои нашъадор, ки ҳамчун нигоҳдорӣ барои истеъмоли шахсӣ баҳогузорӣ мешаванд, муайян гардад, табобати маҷбурӣ ба табобати алтернативӣ барои ашхоси нашъаманди истифодабарандаи сӯзандору бояд иваз ва мафҳуми табобати алтернативӣ, тарзи муайян намудани он ворид карда шавад.

Тавсияҳое, ки дар раванди баҳогузории фазои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд, бояд ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шаванд.

 Мусоҳиб Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»