Заминҷаллобон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд

№100 (4206) 18.08.2020

замин1Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро, дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир, сусткунандаи асосҳои давлатдорӣ, садди роҳи инкишофи ҷомеа номида, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кардаанд, ки муборизаро ба муқобили он пурзӯр намоянд. Яке аз ҷиноятҳои маъмули коррупсионӣ тайи солҳои охир хариду фурӯши ғайриқонунии замин мебошад. Бо мақсади шаффофу одилона ва беғаразона ба эҳтиёҷмандон тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №603 аз 11 ноябри соли 2010, Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби шахсони касбу кори гуногун комиссияи ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст. Мутобиқи талаботи қоидаҳои номбурда, қитъаи замини наздиҳавлигӣ бояд ба шахси эҳтиёҷманд, ки ба рӯйхати ҷамоати деҳот (шаҳрак) шомил гардидааст, тибқи навбат ва тартиби муқарраргардида бо риояи қатъии талаботи моддаҳои 26, 71, 711 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардад.

Зимнан, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои қарори зикршуда, дар доираи муқаррароти тасдиқнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои ба эҳтиёҷмандон тақсим намудани замин як қатор корҳоро анҷом додааст. Дар баробари ин, санҷишҳои прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳолатҳоеро низ ошкор намуд, ки шахсони масъу­ли комиссияи ҷамъиятии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бархе аз ҷамоатҳои деҳот бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ забон як карда, қитъаҳои заминро ғайриқонунӣ ба гурӯҳи заминҳои маҳали аҳолинишин гузаронида, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ба шаҳрвандони ғайриэҳтиёҷманд ҷудо ва бо ин ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони дар асл эҳтиёҷмандро поймол кардаанд.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани назорати прокурорӣ, танҳо дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи шаҳр, бо дарназардошти натиҷаи санҷиши қонунгузорӣ оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, ба 16 қарори ғайриқонунии раиси шаҳр эътироз оварда, 114 нафар шахси ғайриэҳтиёҷманд аз рӯйхат бароварда, нисбат ба шахсони гунаҳгор, ки ба камбудию қонунвайронкуниҳо роҳ додаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ ва истеҳсолоти интизомӣ оғоз карда шуд. Чунончӣ, бо қарори раиси шаҳри Панҷакент таҳти №790, аз 31 декабри соли 2018 майдони 5,40 гектар қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонии «Камар» ва «Ҳаёти нав», воқеъ дар деҳоти «Саразм», ғайриқонунӣ ба фонди маҳали аҳолинишин гузаронида, баъдан бо роҳҳои даст задан ба омилҳои коррупсионӣ ба 43 нафар шахсе, ки эҳтиёҷманд нестанд, ҷудо карда шудааст. Бо эътирози прокурорӣ қонунвайронкуниҳо дар ин самт бартараф ва қарори номбурда бекор карда шуд.

Ҳамчунин, бо қарори дигари раиси шаҳри Панҷакент, таҳти №330, аз 27 майи соли 2019, ба 46 нафар аз ҳисоби заминҳои фонди замини наздиҳавлигии деҳоти «Ёрӣ» зиёда аз 3,0 гектар ҷудо гардидааст. Санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки масъулини комиссияи ҷамъиятии ҷамоати деҳоти «Ёрӣ» аз бепарвоӣ ва хунукназарии мутасаддиёни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр истифода бурда, бар хилофи талаботи қоидаҳои номбурда, ҳангоми азназаргузаронии шароити зист ва ҳамчун эҳтиёҷманд ба қайд гирифтани онҳо, даст ба сохтакорӣ зада, дар парвандаҳои эҳтиёҷмандии шаҳрвандон имзоҳои қалбакӣ гузошта, бо ин кирдор ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеан ҳам эҳтиёҷмандро дағалона поймол намудаанд. Ба ин қарор низ эътирози прокурорӣ оварда шуд ва қонуншиканӣ бартараф гардид.

Ба ғайр аз ин, тибқи дастури роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи вилоят, прокуратураи шаҳри Панҷакент назорати прокурориро дар самти ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр карда, нисбат ба шахсони гунаҳгор 32 парвандаи ҷиноятӣ — 10 адад нисбат ба раисони ҷамоатҳои деҳот, муовини раиси Кумитаи идораи замин, шахсони масъули КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», муҳандис — заминсозони ҷамоатҳои деҳот ва 10 адад нисбат ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз намуд. Бо ҳукми суд ашхоси гунаҳгор тибқи талаботи қонун муҷозот шуданд.

Чунончӣ, раиси ҷамоати деҳоти «Саразм» Сатториён Баҳром Аъзамзода бо роҳи фиреб ва истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии сокинони ҳамин деҳот Р. Ҳазратқулов, Ҳ. Абдиев, Н. Эрназаров ва А. Расулов даромада, солҳои 2016-2018 бо баҳонаи ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз онҳо мутаносибан 20 000 сомонӣ, 5400 доллари ИМА ва 8000 сомонӣ маблағ гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо нисбат ба Сатториён Б. А. бо моддаҳои 247 кисми 3 банди «а» ва қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид.

Ҳамчунин, собиқ раиси ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан — Шарипов Ашур Норқулович бо истифода аз мақоми хизматӣ соли 2018 бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Сатторов Н. 3500 доллари ИМА гирифта, ба ивазаш аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Чинори кӯҳна» ғайриқонунӣ 0,18 гектар қитъаи замин ҷудо кардааст. Барои ин кирдор нисбат ба Шарипов А. тибқи моддаи 338, иловаи 1, қисми 2 ва моддаи 247, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҷазо муқаррар намуд.

Бар замми ин, санҷишҳои прокурорӣ ошкор намуданд, ки шахсони мансабдори давлатӣ ба ҷои беғаразона баррасӣ ва ҳал кардани мушкилоти мардум бо суи­истифода аз ваколатҳои мансабӣ, истифодаи усули пардапӯшонаи хариду фурӯши замин даст ба тамаъҷӯӣ, ришваситонӣ, сохтакорӣ ва заминфурӯшӣ задаанд. Аз ҷумла, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо роҳбарии сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Маҳмудзода Зафар Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо директори фурудгоҳи шаҳр Музаффаров Мӯмин, мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳр Бозоров Ҷовид, солҳои 2017-2019 бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳр аз ҳудуди фурудгоҳ ба чанд нафар ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо кардаанд. Бар илова, Маҳмудзода З. М. ва Музаффаров М. аз шаҳрвандон Азизқулов М. ва Замонов Б. барои ҷудо кардани қитъаи замин ва ба тасвиб расонидани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин 8000 доллари ИМА пора гирифта, барои эҳтиёҷи шахсӣ масраф намудаанд. Номбурдагон бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 338 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суд ҷазо гирифтанд ва ба унвони раиси шаҳр барои бартараф намудани қонуншиканиҳо пешниҳод фиристода шуд.

Муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Ёриён Ф. бошад, соли 2018 бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ, бо роҳи фиреб ва бидуни қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳр ба шаҳрванд Раҳимов К. барои сохтани бошишгоҳи саҳроӣ аз ҳисоби заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии «Мушхона» ғайриқонунӣ 0,06 гектар қитъаи замин ҷудо карда, ба ивазаш аз номбурда 10000 сомонӣ гирифтааст. Соли 2019 барои ин кирдор номбурдаро суд бо моддаҳои 247 қисми 2 ва 338 иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум намуд.

Ба ҳамин монанд, муҳандис — заминсозони деҳоти «Фароб» Маҷидов М., «Саразм» — Қодиров М., «Косатарош» — Исрофилов И. барои ба ивази ришва, ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин ба шаҳрвандон баъди санҷишу тафтиши прокуратураи шаҳр бо ҳукми суд муҷозот шуданд.

Кор ба ҷое расидааст, ки гурӯҳҳои муташаккили алоҳидаи ҷинояткор аз бемасъулиятӣ ва беназоратии шахсони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замин, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», ҷамоатҳои деҳот, нозирони минтақавӣ ва мақомоти дигари назоратӣ истифода бурда, ошкоро ба талаю тороҷ ва хариду фурӯши қитъаҳои замини корами обӣ даст задаанд.

Масалан, гурӯҳи нафарони манфиатдор бо роҳбарии Юсупов Одил Атобуллоевич, ки қаблан барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин 7 маротиба суд шудааст, бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ солҳои 2017-2019 аз 14 нафар шаҳрванд 41000 доллари ИМА, 455 000 рубли русӣ ва 67 200 сомонӣ гирифта, бар ивазаш ба ҳар кадоми онҳо, бидуни қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳр, аз ҳисоби қитъаи замини корами обии ҶСК «Моҳипарвари Панҷакент» барои сохтани манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ аз 0,06 то 0,10 га, дар маҷмӯъ, зиёда аз як гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст.

14 августи соли 2019 нисбат ба Юсупов О. барои ғайриқонунӣ додани замин ва дахолат ба фаъолияти прокурор бо мақсади монеъ шудан ба таҳқиқи ҳамаҷониба тибқи талаботи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ҳоло тафтишот идома дорад.

Ҳамин тавр, дар заминаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии «Фароб», «Суғдиён», «Дашти Малла», «Мушхона», «Бобоҷон Ғафуров», «Ғелониён», «Ҳаёти Нав», «Камар» ва ғайра барои ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб ба шаҳрвандон ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.

Бояд ёдовар гашт, ки танҳо дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ санҷишҳои прокурорӣ 43 ҳолати ғайриқонунии хариду фурӯши қитъаҳои заминро ба маблағи зиёда аз 850 000 сомонӣ ошкор намуданд, ки дар рафти санҷиш ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ маблағҳо рӯёнида шуданд.

Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои қонунгузорӣ оид ба самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо, сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ба унвони роҳбарони мақомоти давлатӣ 33 амр ва 10 пешниҳод ирсол карда, 88 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида, ба қарорҳои ғайриқонунии раиси шаҳр 16 эътироз оварда, нисбат ба шахсони гунаҳгор 32 парвандаи ҷиноятӣ оғоз, майдони зиёда аз 4 гектар қитъаҳои замини ғайриқонунию худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида, 185000 сомонӣ маблағҳои зарар барқарор карда шуд.

Аз натиҷаи санҷишҳо ва назорати прокурорӣ оид ба қонунҳои танзимкунандаи истифодаи замин таи шаш моҳи соли равон ба хулоса омадан мумкин аст, ки аз бемасъулиятӣ ва бо мусоидати мақомоти идораи замин, ҷамоатҳои деҳот, беназоратии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, замин низ ба қатори моли бозорӣ ворид шудааст ва аз фурӯши он заминҷаллобон дар шакли ришва фоидаи ҳангуфт мегиранд. Албатта, барои чунин рафтор онҳо дер ё зуд дар назди қонун ҷавоб мегӯянд, вале, то ҷое ин қабил ҷиноятҳо маъмулӣ шудаанд ва гунаҳгорон баъди муҷозот низ эҳсоси шарму сарафкандагӣ намекунанд.

Сарвар АЗИМЗОДА, прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи якум