Заминҳои ташналаб обшор мегарданд

№76(3377) 04.06.2015

Дар доираи Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» амалӣ мегардад ва аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва «Барномаи глобалии хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ» маблағгузорӣ мешавад, дар деҳоти «Сомон»-и ноҳияи Ҳисор корҳои зиёде иҷро шуда истодаанд. Дар асоси барномаи мазкур Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашмаи меҳр» ташкил шудааст, ки туфайли заҳмати он заминҳои солҳо боз ташналаб сероб гардиданд.

Ба ин тариқ, 250 нафар бекорон соҳиби ҷойи кор шуданд. Аъзои ассотсиатсия дар як муддати кӯтоҳ 1600 метри мураббаъ ҷӯю каналҳоро тоза карданд. Айни ҳол чунин маърака дар мавзеъҳои обгузари 12 деҳаи ҳудуди деҳоти мазкур босуръат идома дорад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»