Заминро сер бояд кард

Заминро сер бояд кард

№17 (3811) 08.02.2018

unnamed-1.51.22-p.m.Заминро барҳақ модар мегӯянд. Зеро одамизод ризқу рӯзӣ ва ашёи рӯзгузарониро аз он пайдо мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар ваҷаб хокро ҳифз намоем.

Аз рӯи заминҳои шудгоршаванда ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон дар ­Осиёи Марказӣ зинаи охирро ишғол ­менамояд. Ба ҳар сокини мамлакат ба ҳисоби миёна 0,10 гектар замини шудгоршаванда рост меояд. Қариб 93 фоизи масоҳати кишварро кӯҳистон ташкил медиҳад. Дар як қисми 7 фоизи боқимонда шаҳру деҳот, роҳ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар иншоот ҷойгиранд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии замин истифодаи нуриҳои органикӣ мебошад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ аз манфиати ин тадбири муҳим огоҳӣ доранд. Масалан, ба ҷойи поруи ҳайвонотро ба замин рехтан, аксари деҳотиён онро ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд. Дар натиҷа, замин элементҳои химиявии заруриро намегирад, ки ин ҳам ба ҳосилнокӣ ва ҳам ба сифати зироат таъсири манфӣ мерасонад.

- Дар мамолики пешрафта баъди ҳар 4-5 сол як маротиба назорати давлатии ҳосилхезии хок (замин) гузаронида мешавад, — мегӯяд корманди Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илм­ҳои кишоварзӣ Муродҷон Эргашев. — Баъди ба даст овардани натиҷаи ташхис ба майдонҳои кишт вобаста ба зарурат нурӣ меандозанд. Талабот ба макро ва микроэлементҳо дар ҳар зироат гуногун аст. Масалан, агар барои рӯёнидани як тонна гандум 37 кило нитроген, 13 кило фосфори фаъол ва 23 кило калий зарур бошад, барои пахта ин рақам 45 кило нитроген, 15 кило фосфори фаъол ва 45 кило калийро ташкил медиҳад. Пеш аз он ки ҳосили баландро умедвор шавем, бояд заминро сер кунем.

Ба гуфти олимони ботаҷриба, аз меъёр зиёд андохтани нуриҳо, алалхусус нуриҳои нитрогендор, боиси дар таркиби сабзавот, полезиҳо зиёд шудани нитрат мегардад, ки ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, пеш аз ба замин андохтани нуриҳои минералӣ тавсияи мутахассис (агрохимик, хокшинос) — ро гирифтан ба манфиати деҳқонон хоҳад буд.

Муҳаққиқи собиқадор, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев мегӯяд, ки дар баробари ба замин андохтани поруи пӯсида, инчунин кишт намудани зироатҳои сидератӣ (байниқаторӣ) ва риояи киштгардон низ боиси нигоҳ доштани ҳосилхезии заминҳо мегардад.

- Дар як замин чанд сол паи ҳам коштани як намуди зироат ҳосилнокиро кам карда, боиси авҷгирии беморӣ ва афзоиши зараррасонҳои ҳамон зироат мешавад, — мегӯяд Шамсиддин Солиев. — Аз ин рӯ, тавассути киштгардон зироатҳоро иваз кардан лозим. Аксар деҳқонон намедонанд, ки кишти зироатҳои лӯбиёгӣ заминро аз нитроген бой мегардонад. Лӯбиё, мош, наск ва дигар зироатҳои лӯбиёгӣ, инчунин юнучқа дар реша нитрогени биологӣ ҷамъ меоранд, ки он боиси ҳосилхезии замин мегардад.

Аз нигоҳи тиббӣ истеъмоли лӯбиёгиҳо манфиати зиёд дорад, лекин бисёриҳо аз он огоҳ нестанд.

- Ҳоло аксар кадбонуҳо пухтани хӯроки аз ҳама осонпаз, яъне картошкабирёнро меписанданд, — мегӯяд номзади илмҳои тиб Саид­ҷон Нодирӣ. Ҳол он ки танҳо аз лӯбиёгиҳо хӯрокҳои гуногуни болаззату барои организм фоиданок пухтан мумкин аст. Масалан, мош беҳтарин ғизо барои занон аст. Аксари занони ҷумҳурӣ аз камхунӣ ранҷ мекашанд. Оҳани таркиби мош камхуниро пешгирӣ мекунад. Истеъмоли бо меъёри мош асабро ором ва фаъолияти гурдаро беҳ мегардонад. Имрӯз на ҳама оилаҳо имкони ҳар ҳафта харидани гӯштро доранд. Сафедаи лӯбиёгиҳо метавонад сафедаи гӯштро иваз намояд.

Баргу пояи лӯбиёгиҳо барои чорво ғизои хушсифат буда, боиси афзудани маҳсулнокии чорво мегардад. Афзалиятҳои зикршударо на ҳама кишоварзон медонанд, зеро аксари соҳибони замин маълумоти агрономӣ надоранд ва бинобар набудани ҷойи кори доимӣ ба кишоварзӣ шуғл меварзанд. Агар ба онҳо дониши аввалияи истифодаи самараноки замин дода шавад, маҳсулнокии замин афзун шуда, некуаҳволии сокинони деҳот беҳтар мегардад.

- Бунёди гармхона низ аз лиҳози иқтисодӣ самаровар буда, ба зудӣ хароҷотро ҷуброн менамояд, — мегӯяд ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, номзади илмҳои кишоварзӣ Фаррух Абдувосиев. — Парвариши сабзавот дар гарм­хона, аз як тараф манфиати иқтисодӣ орад, аз тарафи дигар, боиси таъмини аҳли хонавода бо витамину микроэлементҳои зарурӣ мегардад, зеро витаминҳо дар организм захира намешаванд. Витаминҳоро организм ҳар рӯз аз меваю сабзавот мегирад. Норасоии витаминҳо бошад, боиси сар задани ҳар гуна бемориҳо мегардад.

Роҳи дигари таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот дар фасли зимис­тон ­бунёди сардхонаҳост. Агар хоҷагиҳо сардхона дошта бошанд, тобистону тирамоҳ ҳосили иловагиро дар сардхонаҳо нигоҳ дошта, дар фасли зимистон ба бозор мебароранд. Аз як тараф, ҳосил аз талафёбӣ эмин монад, аз тарафи дигар, маҳсулоти хушсифати нигоҳдошташуда бо нархи баландтар ба фурӯш меравад. Ҳамчунин, бисёр шудани сардхонаҳо боиси фаровонии маҳсулот дар бозорҳо гашта, камчинӣ (дефитсит) — ро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, муносибат­ро бо замин дигар кардану усулҳои беҳтарини хоҷагидориро омӯхтан сатҳи зиндагии сокинони мамлакат­ро баланд хоҳад намуд.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»