Ӯ замоне вазир шуд, ки ҷинояткорӣ дар авҷ буд

№105 (3899) 28.08.2018

Ё чанд сухан аз фаъолияти Ҳомиддин Шарифов ба ҳайси вазири корҳои дохилӣ

ХУМДИН ШАРИФОВИнсонҳои огоҳу соҳибназар, аз замоне ки хешро мешиносанд, қимат будани вақти барои ҳаёт додаи Худовандро, ки ҳисобаш барои одамизод дақиқ нест, дарк мекунанду мекӯшанд онро дар хидмати инсонҳо, барои кори неку номи нек сарф кунанд.

15 — уми июни соли 1947 дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикис­тон тифле ба дунё омад, ки роҳи зиндагиашро тақдир барои таҳкими қонун, адолат ва баробарӣ рақам зад. Ӯ роҳи пешгирифтаи хешро хуб дарк кард, хатароти сари роҳаш камингирифтаро низ пай бурд. Медонист, ки на ҳар фард дар ин ҷода ба сафар мебарояд ва барои мусофири ин роҳ ҷуръати риндона лозим аст.

Ҳомиддин Шарифов дар хонаводаи марди миёнаҳоле бо номи мулло Ҳасан по ба арсаи ҳастӣ ниҳода, баъди хатми дабистон муҳассили Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб мешавад ва онро соли 1966 ба поён мерасонад. Акнун фарде буд, ки забон ва адабиёти тоҷикро фаро гирифта, аммо медид, ки танҳо бо ин роҳ наметавон ба одамон кумак намуд. Бале, тарбияти фарзанди инсон кори шарофатманд аст, аммо кумаки ҳуқуқӣ болотар аз он, зеро ҷамъият пур аз инсонҳоест, ки беш аз ҳар чиз ба кумаки ҳуқуқӣ ниёз доранд. Ҳомиддин барои амалӣ намудани орзуҳо соли 1966 ба факултети ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1971 бо сарбаландӣ хатм мекунад.

Ҳамин тавр, зиндагии воқеӣ аз рӯи касби гирифта шурӯъ мегардад. Ӯ солҳои 1971 — 1975 муфаттиши ШКД — и ноҳияи Ёвон, 1975 — 1976 сармуфаттиши ШКД — и ҳамин ноҳия, 1976 — 1986 раиси Суди халқии ноҳияи Ёвон, 1986 — 1988 раиси Суди вилояти Кӯлоб, 1988 — 1990 раиси Суди вилояти Хатлон, 1990 — 1993  раиси Суди вилояти Кӯлоб, 1993 — 1995 раиси Суди вилояти Хатлон,  1995 — 1996 раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1996 — 2006 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар як ҷумла овардани арқоми моҳу солҳо осон аст, аммо зери ҳар рақам садҳо ҷилд китоб нуҳуфта. Аз ин рӯ, лозим шумурдем, ҷумлае чанд аз хидматҳои Ҳомиддин Шарифовро рӯи саҳфа орем.

* * *

Вазорати корҳои дохилӣ аз нахустин рӯзҳои ташкил ёфтан дар таърихи ташаккулёбии Давлати навини Тоҷикистони Шӯравӣ нақши муҳим бозида, дар ин роҳ ҳазорон нафар мансубинро аз даст додааст. Пас аз ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон, пош хӯрдани системаи Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилоти азиме садди роҳ гардид. Замоне фаро расид, ки тақдири миллати тоҷик ҳал мешуд. Афроде рӯйи кор омаданд, ки ҳадафашон танҳо манфиати шахсӣ буд ва мекӯшиданд дар ин роҳ аз тамоми восита, бигзор он ҳатто бо қурбон шудани ҳазорон нафар ҳамватанон, бо роҳи дастнигар кардани миллат бошад ҳам, истифода мебурданд.

Ҳамин буд, ки дар кишвар бар асари суитафоҳуму дарк накардани неъмати истиқлол, дахолати дасти бегонаву истифода намудани эҳсоси бади маҳалгароӣ ва амсоли инҳо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Бар асари он миллат фарзандони зиёдро аз даст дод, ободиҳо ба хароба табдил ёфтанд. Хатари нестии миллат ба миён омад. Хушбахтона, бо фазли Худову хиради фитрии фарзонафарзандони миллат Ҳукумати нав ба сари кор омад. То шурӯи кори он пайкари миллат абгору маҷрӯҳ ва аркони он аз ҳам гусехтаву бунёдаш тарқиш пайдо карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқ сулҳу оромиро башорат ва то расидан ба манзили мақсуд матонату устувории вижа нишон доданд.

Душвор буд ба афроде, ки бояд Ҳукумати тозаинтихоби халқро пеш мебурданд. Онҳо дар ҳалқаи гурӯҳҳои силоҳбадасту зӯргӯ ба кор шурӯъ карданд. Ҳар рӯз нафаре аз шахсиятҳои маъруф ва ё сиёсиву фарҳангӣ мавриди суи­қасди гурӯҳҳои табоҳкор қарор мегирифт. Ҳадаф як чиз буд: сиёҳ кардани чеҳраи Ҳукумати наву дилсард намудани халқ аз он. Тадриҷан мардум дарк намуданд, ки танҳо Эмомалӣ Раҳмон метавонад онҳоро ба шоҳроҳи ваҳдату истиқлоли комил оварад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Аммо то расидан ба ваҳдати миллӣ саддҳои азим ва душвориҳое буд, ки бояд мардум онҳоро таҳаммул менамуданд.

Барои расидан ба ҳадафҳои наҷиб зарур буд, ки дар интихоби кадрҳои роҳбарикунанда тааммуқи бештар ба харҷ дода шавад. Инсонро аз рӯи сурат шинохтан душвор аст. Онҳое буданд, ки пас аз гирифтани лаҷоми мансаби ин ё он вазорату кумита худро ҳокими мутлақ мепиндоштанд ва ба ҳар навъе мехостанд амал карданӣ мешуданд. Аммо Сардори давлат ба онҳо имкон надоданд ва аз шоҳроҳи халқ дур намуданд.

Аз ин миён нафаре лозим буд, ки Вазорати корҳои дохилиро роҳбарӣ кунад ва амнияту оромиро дар пойтахт ва атрофи он ба танзим дарорад. Нуфузи Вазорати корҳои дохилӣ то андозае коҳиш ёфта буд, зеро  афроди нолоиқу тасодуфӣ ба ҳайати роҳбарикунандаву сафҳои он роҳ ёфтанд.

Суоле матраҳ буд, чӣ касе метавонад маснади вазириро лоиқ бошад?

Аз нигоҳи гузаштагон, вазир пас аз подшоҳ шахси обрӯмандтарин ва байни шоҳу раият дар корҳои хайр бояд миёнҷӣ бошад. Ӯ халқро пушту паноҳ ва подшоҳро дар умри хайр мададгор аст. Бояд дорои хислатҳои ҳамида ва тарғибкунандаи адлу дод, илму фарҳанг, сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ, иттиҳоди раъият, покӣ, номи нек, ростӣ, олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ, ҷасорат, шикебоӣ, қавипаймонӣ бошад.

Вазирии генерал – полковник Ҳомиддин Шарифов мисоли рӯшани гуфтаҳои болост. Замоне ки ӯро ба ВКД роҳбар таъин намуданд (31 октябри соли 1996), миллат ҳанӯз захмҳои хуншор дошт, террору ҷиноят дар авҷ буд. Дуздии моликияти ҷамъиятиву шахсӣ, куштор, ғорат, таҷовуз ва дигар ҷиноёт кори маъмулӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар пеши вазири нави корҳои дохилӣ мушкилоти зиёди ҳалношудаи зерин меистод:

- тоза кардани сафҳои милитсия аз афроди тасодуфӣ;

- ба танзим даровардани вазифаҳои кормандони вазорат ва ҷузъу томҳои он;

- халъи силоҳ:

- нест кардани дастаҳои ғайриқонунӣ, ки ба ғорати мардум машғул буданд;

- мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, интиқолу фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир;

- ҳисоботи доимӣ ба мардум тавассути матбуоти давриву телевизион;

- тадриҷан беҳ кардани вазъи корӣ ва маоши кормандон;

- ташкил намудани шуъбаҳои нав дар минтақаҳои доғ ва аз нав ба роҳ мондани кор дар ШКД – ҳое, ки мавриди ғорату таҳоҷум қарор гирифтаву амал намекарданд ва ё буданду фаъолияти назарногир доштанд;

- таҳия ва пешниҳоди қонуни нав дар бораи милитсия;

- аз нав баргаштан ба фаъолияти муътадили корӣ ва ғайра.

 * * *

Ҳомиддин Шарифов бо истифода аз таҷрибаи бузург дар кӯтоҳтарин муддат вазъиятро омӯхт ва ба иҷрои он вазифаҳое, ки Сардори давлат наздаш гузошта буданд, муваффақ гардид. Охирин дастаи ғайриқонунии мусаллаҳи Раҳмон Гитлер батамом аз байн бурда шуд, ки он амалиёт чанд ҷилд асари фоҷиавиро метавонад ба дасти хонандагон диҳад. Муборизаи оштинопазир нисбат ба ашхоси ҷинояткор ва махсусан, ҷинояткорони ашаддӣ вусъати тоза гирифт.

Милитсия қурбонии зиёд дод, аммо миллат пирӯз омад.

Вазорати корҳои дохилӣ зери роҳбарии Ҳомиддин Шарифов исбот кард, ки чун ҳамеша мақомоти қудратии барои кишвар зарур вуҷуд дорад ва хоҳад дошт.

Миллат ба замони осоишта расид, аммо рисолати Вазорати корҳои дохилӣ итмомнопазир аст. Яъне, то даме ки ҷамъият вуҷуд дорад, муваззаф аст, ки амнияти инсонҳо, корхона ва роҳҳоро таъмин намояд.

Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ «ҷанги навбатӣ», аммо хеле вазнину тулонӣ «шурӯъ» шуд. Он муқобили ҷинояткороне тарҳрезӣ гардид, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд. Муборизаи оштинопазири мақомоти қудратӣ таҳти дастуру супоришҳои Роҳбари давлат алорағми афроди одамҷаллоб низ шурӯъ шуд. Барои расидан ба мақсад шуъбаи нав ташкил ёфт, ки он дар кори аз хориҷа пас овардани тоҷикзанҳои фурӯхташуда ва маҳбус, дастгир намудани афроде, ки ба чунин навъи «тиҷорат» сарукор доранд, ҳиссаи худро гузошт. Фаҳмондадиҳиву корҳои амалии дигар ба муқобили фоҳишагарӣ натиҷаи мусбат овард.

Ба хотири нишон додани фаъолияти амалии милитсия ба мардум Вазорати корҳои дохилиро лозим буд, ки нашрияи худро дошта бошад. Бо ташаббус ва пешниҳоди муҳтарам Ҳомиддин Шарифов барномаҳои доимӣ дар телевизиони тоҷик, радио ва ҳамкории доимӣ бо рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ба анъанаи нек табдил ёфт, ки эътибори милитсияро дар миёни мардум боло бурд ва масъу­лияти онро афзуд.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» падидаи нав ва саҳифаи тоза дар таърихи милитсияи тоҷик буд. Зеро он вазифаю манфиатҳои милитсияро возеҳ баён намуда, ба талаботи вақту замон ҷавоб медод.

Бо супориши вазири корҳои дохилӣ, кормандони Академияи ВКД ба тафсири қонун пардохтанд, ки шарҳи он тавассути матбуоти даврӣ интишор ёфт. Аҳамият додан ба забони давлатӣ ва боло бардоштани мақоми он дар сохторҳои вазорат зери назари махсуси вазири корҳои дохилӣ қарор дошт.

Бо ташаббуси Ҳомиддин Шарифов дар дараи хушманзараи Ромит истироҳатгоҳ – табобатгоҳи «Садбарг» дари худро ба рӯи мансубини вазорат ва дар маҷмӯъ, тамоми афроди хоҳишманд, боз намуд. Кормандони Академияи ВКД бо ҳамдастии сохторҳои дигари вазорат Осорхонаи милитсияи тоҷик­ро таъсис намуданд.

Дар маҷмӯъ, аз 31 октябри соли 1996 то соли 2006 зери роҳбарии Ҳомиддин Шарифов Вазорати корҳои дохилӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилтарин санҷишҳои даврони навини миллат берун омад, ки муҳимтаринашон инҳо буд:

- ба охир расонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, ки бар асари он наздик ба ҳазору ҳафтсад корманди милитсия ҳалок гардид. Ин шумора дар ягон вазорати қуд­ратӣ дида намешавад ва мисоли барҷастаи қаҳрамонии милитсия дар солҳои нооромӣ аст. Яъне, миллат пас аз фидокории Роҳбари давлат бояд ба милитсияи тоҷик сари таъзим фуруд овараду аз хидмати онҳо бо сипос ёд кунад:

- аз байн бурдани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва хеле хавфноки Раҳмон Гитлер ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор;

- фаъолгардонии беморхона ва клиникаи низомии ВКД бо таҷҳизоти замонавӣ, ки барои кормандони милитсия ройгон дар хидмат буд;

- халъи силоҳу ҷамъоварии он аз мардум ва ёфтани паноҳгоҳҳои яроқу аслиҳа;

- вусъат бахшидани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;

- қабули қонун «Дар бораи милитсия»;

- дастгирии ҳамешагии хонаводаҳои кормандони шаҳиди милитсия;

- кумаку дастгирии ҳамешагии собиқадорони ВКД, ки ҳамчунин, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намудаанд;

- сарпарастии боғчаҳои кӯдакон, хонаҳои кӯдакони бепарастор;

- кумак ба нашри асарҳои адабии кормандони милитсия, нашри китобҳо оид ба фаъолияти милитсия, китобҳои илмӣ – ҳуқуқӣ;

- ба истифода додани истироҳатгоҳи табобатии «Садбарг» дар дараи Ромит;

- мавриди истифода қарор додани осорхонаи ВКД;

- бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани кормандони милитсия ва ғайра.

Ҳамин тавр, ӯ даҳ сол вазири корҳои дохилӣ буд. Даҳ соли пур аз ҷонбозиву қаҳрамониҳо, бедорхобиву андешаронӣ ва пирӯзиҳои пай дар пай…

Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои фарзанди олиқадри хешро арҷ гузошта, 19 – уми феврали соли 2003 ӯро бо яке аз олитарин мукофотҳои Ватан – Ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намуданд. Аммо барои Ҳомиддин Шарифов мукофоти беҳтарин ҳамоно боварии халқу Ватанро сазовор шудан буд.

Ҳомиддин Шарифов дар тарбияи фарзандон низ муваффақ шудааст ва онҳо дар хизмати халқу Ватананд: Шарифзода Аҳлиддин – полковники корҳои дохилӣ — сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон, Шарифзода Фаррух – сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон, Шарифзода Рӯҳафзо – подполковники хизмати дохилӣ, сардори шуъбачаи Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифова Рухшона – майори адлия, нотариуси калони давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Шарифзода Рудоба – майори адлия, судяи суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, Шарифов Фирӯз – муовини директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, Шарифова Азиза – дорандаи маълумоти олӣ, айни ҳол хонашин, Шарифзода Бузургмеҳр – капитани корҳои дохила, сароператори шуъбаи шаҳраки бехатарии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифова Омина – дорандаи маълумоти олӣ, айни ҳол хонашин.

Ҳомиддин Шарифов 29 августи соли 2007 аз олам даргузашт.

Дар дунё одатест: ҳамин ки аз шахсиятҳои бузургу тавоно сухан оғоз шуд, дар ибтидо ва интиҳои суҳбат суол мекунанд, ки кадом шогирдонро тарбия намудаву ба воя расонидааст. Шодравон Ҳомиддин Шарифов устоди шахсиятҳои шинохтаи имрӯз — Шермуҳаммади Шоҳиён, Маҳмадалӣ Ватанзода, Раҳимзода Рамазон, Амирхӯҷа Ғоибназаров ва даҳҳо нафари дигар аст, ки ҳоло дар мақомоти қудратӣ адои вазифа доранд.

Некии инсонҳоро шумурдан амри хайр аст. Аз ин рӯ, умед дорем, ки рӯзе фаро мерасад ва шахсоне пайдо мешаванд, ки корномаи муфассали Ҳомиддин Шарифовро ба шакли китоби муфассал интишор медиҳанд.

Иноят АДОЛАТОВ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони Донишкадаи ҳарбии назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Раҷаб Мардон, узви Иттифоқи нависандагон,

А. Бердизода, узви Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон