Зан — чароғи рӯзгор ва оинаи зиндагӣ

№27 (3012) 05.03.2013

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Зан — чароғи рӯзгор ва оинаи зиндагӣ» доир шуд.

Дар ин чорабинӣ раиси кумитаи мазкур Маликшо Неъматов ширкат намуда, сараввал аз дастовардҳои ҷавондухтарон ва хусусан аз ҳунарҳои дастии муҳассилини литсей, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, суханронӣ карда, ба ҳунари ҷавондухтарон баҳои баланд дод ва масъулинро вазифадор намуд, ки барои ташвиқу тарғиби маҳсули ҳунарҳои дастии ҷавондухтарони литсей чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.

Маликшо Неъматов барои дастовардҳои арзандаю шоёнашон бахшида ба Рӯзи Модар ба шаш нафар мураббиёну донишҷӯдухтарони ин муассисаи таълимӣ туҳфаҳо супорид.

Баъдан ҷавонписарон бахшида ба Рӯзи Модар гулҳои тару тозаро бо қироати порчаҳои шеърӣ чун туҳфаи баҳорӣ ва рамзи ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба ҷавондухтарон тақдим намуданд.

Намоиши либосҳои миллӣ аз ҷониби ҷавондухтарон ба чорабинии идона ҳусни тоза бахшид.

Дар поёни чорабинӣ сарояндаи хушовоз Фахриддини Малик бо сурудҳои дилошӯбаш дар васфи Зан- Модар хотири иштирокчиёнро шод гардонид.

М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум»