Занон ободии хонадону ҷомеаанд

№27 (3012) 05.03.2013

занонЗан илова ба рисолатҳои модарӣ, хоҳарӣ ва ҳамсарӣ доштан, инчунин дар пешбурди рӯзгор ва ҷомеа низ саҳмгузор мебошад. Вале муҳимтарин вазифаи ӯ дар ҷомеа ин модар будани ӯст. Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар хабарнигорамон суҳбатеро бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гулбаҳор Чиллаева анҷом дод.

 

- Гулбаҳор Мардоновна, бо истифода аз фурсати муносиб шумо ва тамоми бонувони ҷумҳуриро ба ин рӯзи муборак табрик менамоем. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати занону духтарон дар ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Ташаккур барои таманиёти некатон ва ман низ тамоми занон ва модарони кишвари азизамонро бо рӯзи идашон табрик менамоям.

Тибқи нақшаи солонаи тасдиқшуда, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, дар мувофиқа бо нақшаи солонаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, оид ба амалӣ гаштани амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва қарорҳои раиси ноҳия фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки имрӯз зан — модари тоҷик мақому манзалати хешро дар ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ишғол намудааст, ки қабл аз ҳама бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бозгӯи ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат мебошад. Имрӯзҳо занони ноҳия ҳуқуқи ширкат дар ҳама сохторҳои давлатиро соҳибанд. Албатта, кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кору фаъолият мебаранд. Ба маротиб зиёд шудани шумораи занҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, ҳатто низомию қудратии мамлакат, аз ғайрату мардонагии бемисли занони тоҷик, масъулиятшиносии баланди онҳо дарак медиҳад. Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, зебоиву зебоипарастӣ, донишмандиву фарҳангдӯстӣ, диловариву ватанпарастӣ, ҳунармандиву кадбонугӣ ва сабру матонати зани тоҷикро арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то имрӯз сазовори таваҷҷуҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.

Оила гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст ва нигоҳубини ин гаҳвора, қабл аз ҳама бар дӯши модар вогузор шудааст. Ба ин васила барои омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар мавзуи «Маърифати оиладорӣ» байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ноҳия семинари машваратӣ баргузор гардид. Инчунин ҳамасола дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар кормандони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия якҷоя бо шӯроҳои занони маҳаллаҳо ба аёдат ва табрикоти занони собиқадори меҳнат ва соҳибэҳтироми ноҳия мераванд.

-Барои рушди фаъолияти занону духтарон боз кадом тадбирҳо андешида мешавад?

-Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан — Модар вобаста аст. Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯзиши забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд, хеле барҷаста мебошад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар ҷомеа ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб, ҷобоҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» курси омӯзишии «Зан-Роҳбар» барои занону духтарони лаёқатманди ноҳия ташкил карда шуд. Зиёда аз 25 нафар занону духтарони лаёқатманди соҳаҳои гуногуни ноҳия ин курси омӯзиширо хатм намуда, бо Гувоҳномаҳо дар мувофиқа бо Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Мақсад аз баргузории курси мазкур фароҳам овардани шароит барои ташаккули донишу касб, маҳорату малака, бедор намудани ҳисси масъулият ба вазифаи ишғолкарда, тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад.

-Саҳми занону духтарони ноҳия дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чӣ гуна аст?

-Имрӯзҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифтааст, ки дар ин кори муҳим низ ширкати фаъолонаи занону модарони ноҳия эҳсос мегардад. Барои дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, тибқи нақша, дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия вохӯриҳои зиёд гузаронид. Мақсади гузаронидани чунин вохӯриҳо баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии занон, инчунин пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуб дар байни занон ва ҷавондухтарон, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон, мебошад. Ҳамчунин тибқи нақшаи гузаронидани вохӯриҳои таблиғотию ташвиқотии бахши кор бо занон ва оила якҷоя бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шуъбаи ҳуқуқи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки 350 нафар истиқоматкунандагони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия, инчунин бо иштироки 120 нафар занон ва ҷавондухтарони маҳаллаҳои Саноат ва Зафар вохӯрӣ баргузор гардид.

-Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия доир ба таъмини занону духтарон бо ҷойи кор кадом тадбирҳоро амалӣ менамояд?

- Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардидааст, ки тибқи он 443 нафар занони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Ҳамчунин ба 154 нафар занону духтарон корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ гузаронида шуд. Дар робита ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯйи бозори меҳнат, дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби занон ба корҳои ҷамъиятии музднок, ҷалби қувваи кории занон ба шаклҳои гуногуни кори хонагӣ мувофиқи Барнома дар солҳои 2012-2013-ум 2136 нафар занон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Барои паст намудани сатҳи бекорӣ дар миёни занону духтарони хонашин, ҷалб намудан ба касбомӯзӣ ва таъмин бо ҷойи кори доимӣ, бахши кор бо занон ва оила якҷоя бо Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Шоҳмансур, дар назди ҶСШК «Нафиса» зиёда аз 30 нафар занону духтарони то синни 35- сола аз маҳаллаҳои Чехов, Саноат, Камоли Хуҷандӣ, Бадахшон 1-2, Восифӣ барои омӯзиш ва аз худ намудани касб дар муҳлати ду моҳ ҷалб ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

 Миҷгона МИРЗОЕВА,

«Садои мардум»