Зиндагияш кор ва кораш зиндагӣ мебошад

№101 (3895) 18.08.2018

avzalovӮ мегуфт ва мегӯяд: «Интихоботе, ки 25 феврали соли 1990 доир гардид, беҳтарин, шаффофтарин ва демократитарин маҳсуб мешуд». Ба шарҳаш меафзуду меафзояд, ки интихобкунандагон ба вакилон бовар доштанд. Ана ҳамин бовар ин инсони наҷибу комилро, ки пушти  пардаҳои сунъӣ қарор дошт, ба арсаи сиёсат овард. Ин дар ҳоле буд, ки қариб тамоми сохторҳои пурқудрат бар зиддаш кор мебурданд. Ҳеҷ намехостанд, ки рӯйи об барояд ва ҳатто номашро барои вакили мардумӣ шудан, расман сабт намоянд. Ҳар қадар ки муборизаҳо шадидтар мегардиданд, мардум бештар ба ӯ дил мебастанд ва эътиқодашон қавитар мешуд. Дар «боло» ҳеҷ кас надошт. Дар «поён» ба мардуми одӣ, зиёиёни ҳақиқатхоҳу адолатҷӯ такя мекард. Сарватманд ҳам набуд. Мисли дигар номзадон дархостҳоро дар роҳи расидан ба мақсад иҷро наменамуд, ваъда низ намедод. Ҳеҷ кас дар симояш, вуҷудаш, кирдору гуфтораш дурӯғ, риёро дида наметавонист, чунки бар ин ҳама амали зишт нафрат дошт.

Ҳамроҳи ӯ будан, ҳамфикри ӯ будан дар он рӯзгор хавф дошт, хавфи зиёд. Натарсидем, ҳеҷ натарсидем, бо ӯ ҳамроҳ шудем, бо ӯ ҳамфикр шудем. Ҳеҷ «панду андарз», дӯғу пӯписа, ҳушдору таъкид раъйи мо, андешаи моро дигар накард. Талош барои ӯ, талош барои ҳақиқат, адолат маҳсуб мешуд. Медонистем, ки даврони имтиҳон аст, имтиҳони нангу номус. Пирӯзии ӯ пирӯзии мардуми одӣ, зиёиёни асил ва ҳақиқату адолат буд.

Он рӯзҳои сарди зимистон магар метавонад, ки аз ёдҳо биравад? Не, ки не! Соати дуи шаб ба хона омадам. Падарам, ки дар он вақт бедор ва интизори шунидани хабари хуши пирӯзӣ буд, пурсид: «Ғайбулло, Авзалов, овоз гирифт?». Посухи мусбат ӯро қаноатманд намуд. Эҳсос мекардам, ки муждаро бо беқарорӣ саҳар ба мардум, ҳамсуҳбатон расонданист.

Ғайбулло Авзалов ҳамчун вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии, № 171 умедҳои интихобкунандагонро бештару беҳтар аз тасаввуру пиндорашон баровард. Аз он рӯзгор, агарчи 28 сол гузашта­аст, дар мавриди муносиб мардум ба некӣ ёд меоранд ва ҳатман изҳор медоранд: «Шукр, хато накардем».

Пас аз соле, яъне соли 1991, ки кишвар истиқлолият ба даст овард, вазъ бениҳоят мураккабу муташанниҷ гардид. Ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ мардумро ба гуруснанишинӣ, гирдиҳамоӣ ва ҷанг кашиданд. Ҳастиву нестии миллат ва давлат зери суол қарор дошт. Оянда рӯшан набуд. Интихоби роҳ низ ба осонӣ даст намедод. Ин ҳама, мавқеи вакили моро, ки хираду дониши азалӣ ёраш буд, дигар карда наметавонист. Тамоми саъю кӯшишро ба он равона сохт, ки миллату давлат аз вартаи нестӣ бираҳад, мардум ҳақиқат­ро дарёбад, бар душманон умед набандад.

Барои мо ҳамин ифтихор  бас аст, ки ӯ бо тамоми ҳастӣ дар хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, пойдории ваҳдати миллӣ саҳм дорад, саҳми чашмрас. Ва ҳам ӯ иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи таърихӣ бо Ғайбулло Авзалов ҳамсуҳбат шуда будам. Ӯро дар хираду донишу фаросати инсонӣ бештару беҳтар дарёфтам. Оре, он ҳама имтиҳони рӯзгору зиндагӣ комилтараш карда буданд. Ҳамон гуна поку беолоиш менамуд ва кибру ғурур дар вуҷудаш набуд.

Суҳбаташ ҳам ба он хотир буд, ки мардум, хосса насли нав­рас ҳақиқати он рӯзҳои талху нангинро бишносанд ва дубора раҳгум назананд. Миллату давлат бо сулҳу амни устувор ва фарзандони асилу ҷонфидояш пеш меравад, рушд меёбаду маъруфу машҳур мегардад.

Шунидану навиштани суханони зерини ӯ бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо барои ман ба осонӣ даст надодааст: «Ҳолати мардум хуб набуд ва дасту дилашон ба кор намерафт. Корхонаҳо, заводҳо, иттиҳодияҳо ва хоҷагиҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, тиб ва фарҳанг аз фаъолият боз монданд. Садҳо хона сӯхтаву валангор гардида буданд. Дар он ҳол шумораи гурезагон қариб ба як миллион нафар мерасид. Муҳорибаҳои силоҳнок бештар сабаби талафоти мардуми осоишта мегардиданд. Роҳҳоро аз қисмати водии Ҳисор ба марказ бастанд. Маҳсулоти  зарурӣ ба пойтахт намерасид».

Бори дигар, ки он рӯзҳо пеши рӯ меоянд, ғаму ранҷ вуҷудро саросар асир месозанд.

Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки дар Иҷлосия чанд гурӯҳ буданд. Шабона бо доир кардани машваратҳо тасмим мегирифтанд, ки ҷумҳуриро ба тариқи пеш роҳбарӣ намоянд. Ба ин хотир аз ҳама восита  истифода мекарданд.

Ва ҳам гуфт, ки мо, аксар вакилони мардумӣ, дар атрофи Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омадем. Дар симои ӯ наҷотбахши давлату миллатро дидем. Ба хираду дониш, заҳмату талош, ҷоннисориҳояш, сулҳ, ваҳдат овард ва онро устувор сохт.

Вақт собит сохт, ки мавҷудият ва донишу хираду таҷрибаи кору рӯзгори ӯ барои тараққиёти кишвар, ободонӣ ва сулҳу амният ба манфиати давлату миллат буду ҳаст. Дар ҳар ҷое, ки сарварӣ намуд, аз худ нақши нек ва фаромӯшношуданӣ гузошт.

Нашунидам, ки дар бораи ӯ бад бигӯянд, баръакс, нек мегӯянд ва эътироф менамоянд, ки сарвари асил, инсони нек асту ободкор.

Шахсиятест, ки мушкилоти рӯз ва зарурати ҳалли онҳоро на танҳо медонад, балки рафъ намуда метавонад.

Ба расму анъанаҳои роиҷбуда ошноӣ дорад ва медонад, ки чӣ бояд карду дар кадом мавқеъ устувор монд.

Ояндаро дидаву шинохта метавонад ва ҳам ин неруро дорад, ки мардумро ба роҳи росту дуруст, ба хотири саодатмандӣ ҳидоят бисозад.

Вақтшинос ҳаст.

Зиндагияш кор ва кораш зиндагӣ мебошад.

Аз фидокорӣ ҳарос надорад.

Соҳиби донишу хиради азалӣ аст.

Тафаккури таҳлилӣ дорад.

Неруяшро барои пешрафти кишвар, миллат ва осудагии мардум бахшидаасту бахшида метавонад.

Аз мушкилот ҳеҷ гоҳ рӯ натоф­таву дар канор нанишастааст.

Шуҷоат ӯро ҳеҷ гоҳ тарк накардааст.

Ба инсон эҳтиром гузошта метавонад.

Ҷамъ омадани ин ҳама сифатҳои нек дар як нафар собит месозад, ки соҳиби онҳо шахсияти комилу барҷаста маҳсуб мешавад. Инчунин, зуд шуҳратёр ва маҳбуби мардум мегардад.

Дар ин ҳолу маврид, албатта, ҳар нафар бо самимияту муҳаббат ва садоқат хоҳад гуфт: «Дер зиву шод»!

Абдулқодири РАҲИМ, адиб ва рӯзноманигор