Зодаи Душанбею раиси Кумитаи Маҷлиси давлатии Бошқирдистон

№1 (4107) 01.01.2020

RVvMcU2ncAIЯке аз лаҳзаҳои хотирмон зимни сафари хидматӣ ба шаҳри Уфа мулоқот бо раиси Кумитаи Маҷлиси давлатӣ — Қурултойи Ҷумҳурии Бошқирдис­тон оид ба тандурус­тӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо собиқадорон  Салават Харасов буд.

Ӯ 10 майи соли 1961 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Айёми кӯдакию наврасиаш дар маҳаллаи Яккачинори  пойтахт (кӯчаи Ҳилолӣ, 39) сипарӣ гардида, дар мактаби №32 таҳсил намудааст. Сипас, дар синф­ҳои болоӣ ба мактаби №1 гузашта, онро соли 1978 хатм ва ҳамон сол ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ – сиёсии  Новосибирск дохил мешавад. Дар даврони шӯравӣ онро шӯхиомез «Оҳангархонаи Сибирии комиссарони пиёданизом» меномиданд. Баъди хатми  омӯзишгоҳ ӯ ба ҳайси афсар дар округҳои низомии Закарпати ва Приволжский хизмат кард. Баъдан, дар давраи бозсозӣ Салаватро ба Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии ИҶШС оид ба кор бо ҳайати шахсӣ қабул намуданд. Афсари собиқадор бо дасту дили пок вазифаашро иҷро мекард. Қисми низомие, ки С. Харасов дар он хизмат кард, яке аз беҳтаринҳо дар Россия буд.

Аз сабаби пошхӯрии Давлати абарқудрати шӯравӣ ва суст  шудани назорат солҳои навадуми асри гузашта омори ҷиноятҳои иқтисодӣ рӯ ба афзоиш оварданд. Бинобар ин, дар Федератсияи Россия Хадамоти  полиси андоз таъсис ёфт. Салаватро ҳамчун шахси ҳалолкору тартиботдӯст ба сохтори нав даъват намуданд. Ӯ аз соли 1994 то соли 2002 дар вазифаи  сардори Котиботи Раёсати Хадамоти федералии полиси андози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии  Бошқирдистон ва аз соли 2002 то соли 2003 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи рушди комплекси сӯзишворӣ – энергетикӣ, соҳаи химия ва истифодаи қаъри замини Дастгоҳи девони вазирони Ҷумҳурии  Бошқирдистон фаъолият кард. Соли 2009 сардори Шуъбаи амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии  Бошқирдистон буд. Полковники мустаъфӣ дар ҳама сохтор, бинобар интизоми қавӣ ва хислати наҷиб доштан, миёни ҳамкорон соҳиби иззату эҳтиром гашт.

Хизмати фидокоронаи Салават Харасовро ба назар гирифта, ӯро раиси Палатаи назорату ҳисоби Ҷумҳурии  Бошқирдистон таъин намуданд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2009 то соли 2016 фаъолият дошт. Аз соли 2016 то соли 2018 ёрдамчии сарвари Ҷумҳурии  Бошқирдистон буд. Аз соли 2018 раиси Кумитаи Маҷлиси давлатӣ – Қурултойи Ҷумҳурии  Бошқирдистон мебошад. Соҳиби унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии  Бошқирдистон» ва бисёр ифтихорномаю ҷоизаҳои давлатӣ аст.

Ҳамчун дастпарвари Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон Салават Харасов даҳ сол боз ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул  ва тайи 5 соли охир ӯ раиси комиссияи имтиҳонҳои Донишгоҳи умумироссиягии молия дар назди Ҳукумати Федератсияи Россия мебошад. Ба корафтодагон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида, ба донишҷӯёни бахши ҳуқуқшиносӣ ҳамчун собиқадори соҳа таҷриба меомӯзонад. Дастпарварони донишгоҳи мазкур дар бозори кори Федератсияи Россия талабгори зиёд дошта, бо дониши баланд ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи намунавӣ фарқ мекунанд, ки дар тарбияи онҳо саҳми Салават Харасов барин устодони собиқадор калон аст.

Салават Харасов асоси комёбиву пешрафташро аз тарбияи дурусти падараш медонад. Қиблагоҳаш Фаттоҳ Харасов солҳои зиёд дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамчун машинисти паровоз фаъолият мекард. Рӯзе ба Салавати наврас гуфт:

- Писарам, ба роҳи оҳан нигоҳ кун. Он ҳамеша устувор ва рост буда, содиқонаву дурудароз ба одамон хизмат мерасонад. Зиндагии ту ҳам бояд ҳамин гуна бошад. Ин панди падарро Салават ба гӯш гирифта, ростию ҳалолкориро шиор кард. Дар баробари афсари содиқи Ватан ва ҳуқуқшиноси варзида будан бо аҳли илму адаб дӯстӣ дорад. Солҳои зиёд бо адиби шинохтаи даврони шӯравӣ ва Россияи муосир, Шоири халқии  Бошқирдистон Мустай Карим  ҳамнишин буд ва борҳо вохӯрии ӯро бо зиёиёну донишҷӯён ва ҳаводорони адабиёт дар сатҳи баланд доир намудааст.

Пеш аз вафот Мустай Карим ба ӯ тухми  помидор туҳфа намуд. Инак, чанд сол аст, ки аҳли хонаводаи Салават Харасов дар замини наздиҳавлигӣ тухми  помидори аз шоири маъруф баёдгормондаро кишт мекунанд.

С. Харасов зимни суҳбат иброз дошт, ки дилаш ба ёди Тоҷикистон гум мезанад:

- Давраҳои кӯдакию наврасиам дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе пушти сар шудааст. Бо ҳамсинфон ҳар тобистон ҳамеша ба кӯлҳои «Комсомол» (ҳоло «Ҷавонон»), «Варзоб» ва қалъаи Ҳисор мерафтем. Ҳоло аз телевизион ободкориҳоро дида хурсанд мешавам. Бори охир соли 1987 ба шаҳри Душанбе рафта будам. Онро хеле пазмон шудаам, — мегӯяд Салават Харасов.

Дар нақша аст, ки баҳори соли 2020 ҳайати расмии Ҷумҳурии  Бошқирдистон ба кишварамон биёяд. Хуб мешуд, то он вақт дар мактабҳои №32 ва 1 — уми пойтахт ба ифтихори Салават Харасов гӯшаи синфие таъсис диҳанд. Шояд ҳамсинфони ӯ аксҳои даврони мактабиро дошта бошанд. Зеро тарбия кардани мардони наҷиб ифтихори ҳар як дабистон аст.

Салават Харасов зимни ҳар ташрифи намояндагони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии  Бошқирдистон ширкат мекунад. Бо Ҷамъияти  тоҷикони Ҷумҳурии  Бошқирдистон робитаи доимӣ дошта, дар ривоҷи ҳамкориҳои ҳар ду ҷумҳурӣ саҳми босазо дорад. Месазад, ки чунин ашхоси  фидокорро қадрдонӣ намоем.

Самариддин АСОЕВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»