Бонги изтироб!

Зоти гӯсфанди тоҷикӣ аз байн меравад, агар…

№57 (4007) 21.05.2019

s1200Вақте дар ин бора андеша мекунам, дилам ба сӯзиш меояду вуҷудамро дард фаро гирифта, ашк аз чашмонам равон мегардад. Зеро яке аз зотҳои беҳтарини гӯсфанд дар дунё — гӯсфанди зоти тоҷикӣ аз байн мераваду бисёре аз нафаронеро, ки бояд ба несту нобудшавии он роҳ надиҳанд, парвое нест.

Андеша намекунанд, ки гурӯҳи калони олимони кишвар замони шӯравӣ барои эҳёву пайдо намудан ва парваришу дар истеҳсолот ҷорӣ кардани зоти гӯсфанди тоҷикӣ чӣ қадар ранҷу азобу бедорхобӣ кашида, садҳо паҳлуи масъаларо аз ҷиҳати илмӣ омӯхтаву тадқиқот гузарониданд, то ки зоти беҳтарин ба даст ояд ва аз ҳама муҳим, дар арсаи ҷаҳон гӯсфанди тоҷикӣ шинохта шаваду шуҳратёр гардад. Ҳол он ки бо номи пурифтихори тоҷикӣ он айём ками дар кам ихтирооте номгузорӣ карда мешуд.

 Зоти гӯсфанди тоҷикӣ баробари гӯшту равған навъи беҳтарини пашмро дорост, ки талабот ба он дар арсаи ҷаҳон хеле зиёд аст. Корхонаю коргоҳҳое, ки пашми сафеди онро харидорӣ мекарданд бо хоҳиш ва талабот ранг менамуданд. Масалан, сурх, сабз, зард, гулобӣ ва ғайра. Аз сабаби зиёд будани талабот онро дар корхонаҳои саноатии истеҳсоли қолин, трикотаж ва ғайра истифода мекарданд. Мустаҳкамии нахи пашм, дарозию сифатнокию ба ранги дилхоҳ рангубор намуданаш низ талаботро ба он ҳар рӯз зиёд мекард. Махсусан дар саноати қолинбофӣ талабот ба нахи он хеле зиёд буд. Аз ҷумла, яке аз корхонаҳои асосии истеҳсоли қолин — Корхонаи истеҳсоли қолинҳои шаҳри Қайроққум онро аз хоҷагиҳо харидорӣ мекард.

Дигар бартарии зоти гӯсфанди тоҷикӣ дар он аст, ки баробари гӯшту равған пашми хушсифату бадошту мустаҳкам низ дорад.

Базаи асосии истеҳсолу парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ хоҷагии таҷрибавии зотпарварии Даҳанакиик (ҳоло ба номи Сафар Шерназаров) — и ноҳияи Хуросон буд. Заминаи мустаҳками хӯрока ва чарогоҳҳои дорои шароити зарурӣ имкон медод, ки хоҷагӣ баробари ба роҳ мондани парвариш ҳар сол саршуморро зиёд гардонад. Ҳамчунин, бо мақсади зиёд намудани саршумор, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бархе аз хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик, Кӯлоб ва Ҷаббор Расулов низ парвариши ин навъ зоти гӯсфанд ба роҳ монда шуд.

Умуман, дар ҷумҳурӣ қариб 180 ҳазор сар зоти гӯсфанди тоҷикӣ парвариш меёфт. Ҳамчунин, ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ парвариши онро ба роҳ монда буданд.

Бо мақсади афзун гардонидани саршумор дар хоҷагии таҷрибавии зотпарварии ба номи С. Шерназаров ҳар сол қучқорҳои зотӣ парвариш карда, фурӯхта мешуданд. Ҳатто нутфаи онҳо дар шакли яхкардашуда ба дигар хоҷагиҳо интиқол дода мешуд. Бо вуҷуди зиёд намудани саршумор талабот ба пашми нимдурушти он зиёд мешуду масъулону мутахассисонро водор мекард, ки парвариши онро боз ҳам афзоиш диҳанд. Бесабаб набуд, ки ин зотро дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беназир, беҳамто ва нодир ном гузошта буданд. Вазни ҳар як сар қучқори зоти гӯсфанди тоҷикии дар хоҷагӣ парваришёфта то 180 килограмм, меши он то 140 — 145 килограммро ташкил медод. Барраҳои модда то 40-54 килограмм ва қучқорчаҳо то 50-55 килограмм вазн доштанд. Аз қучқор то 3 — 3,5 килограмм, аз мешҳо то 2-2,5 килограмм пашм тарошида мешуд. Хоҷагӣ ҳар сол ба давлат то 250 тонна гӯшт, 10-15 тонна пашм месупорид. Ҳар сол 500 — 1000 сар қучқор, бо мақсади зиёд намудани насл ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ва ба Ӯзбекистони ҳамсоя фурӯхта мешуд. Аз ин рӯ хоҷагиҳое, ки зоти гӯсфанди тоҷикӣ парвариш мекарданд, даромади хуб мегирифтанд.

Аммо, тавре дар боло қайд намудем, зоти беҳтарин гӯсфанд аз байн рафта истодааст. Яке аз сабабҳои асосӣ он аст, ки замини чарогоҳи хоҷагиҳо бо ҳар роҳу восита ғайриқонунӣ ба шахсоне, ки аз одитарин роҳу воситаҳои парвариши чорво, бахусус зоти гӯсфанди тоҷикӣ огоҳӣ надоранд, фурӯхта ё тақсим карда шудааст.

Баҳонаи фурӯхта шудани беҳтарин чарогоҳҳое, ки дар онҳо зоти гӯсфанди тоҷикиро парвариш кардан мумкин аст, гӯё қарздории замин аст, ки дар натиҷаи фиребу найранги шахсони манфиатхоҳ имконпазир гардидааст. Дар асл, даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ягон вақт замин қарздор набуду намешуд. Ин танҳо «ихтироъ» — и манфиатҷӯён мебошад. Ҳол он ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», қитъаи замини чарогоҳҳо танҳо барои чаронидан ва нигоҳдории чорво бояд мавриди истифода қарор гирад, на ба мақсади дигар. Агар масъулинро мақсадашон тақсими замин буд, пас чаро онро ба мутахассисони соҳа ва саҳмгузороне, ки дар ин ҷода якумр заҳмат кашидаанд, тақсим карда надоданд?

Ба андешаи ман, барои ислоҳи вазъ ва пешгирии нестшавии зоти гӯсфанди тоҷикӣ дахолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Ҳамчунин, тавре таҷрибаи хоҷагии гӯсфанд­парварии «Ҳисор» — и ноҳияи Фархор исбот намуд, танҳо ба тавозуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани хоҷагиҳо метавонад зоти гӯсфанди тоҷикиро аз талаву тороҷ ва аз пурра маҳву нобуд шудан нигоҳ дорад. Банда дар ин соҳа аз соли 1980 то соли 2011 кор кардааму аз дилсӯзӣ ин сатрҳоро болои коғаз овардам. Ба андешаи ман, агар  нобудшавии зоти беҳтарини гӯсфанди тоҷикиро пешгирӣ накунем, моро на насли имрӯза ва на оянда ҳаргиз намебахшад. Умед дорам, ки баъди дахолати шахсони масъул вазъ беҳбудӣ меёбад.

Камолиддин ШОЕВ, мутахассиси соҳа