Зуҳури неруи солим аз рӯҳияи поку созанда ва саломатии зан вобаста аст

№26 (3976) 07.03.2019

Модару кудакМусаллам аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эъти­бори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян мешавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ намуда истодааст. Ва бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз шумори занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул ва амалӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии ин иқдомот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, тавсеаи нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули бонувон маҳсуб меёбад. Маҳз самараи ин иқдомот буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои  гуногуни ҳокимият — иҷроия, қонунгузор, судӣ ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Агар гӯем, ки бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати занон дар ҷомеа ба ҳадде, ки барои ҷомеаи шарқӣ тасаввурнопазир аст, расидааст, муболиға нахоҳад буд. Эътироф бояд кард, ки соҳибистиқлол гардидани кишвар баҳри таъмини мавқеи арзанда ва устувори зан – модар шароиту имконоти заруриро муҳайё намуда, зани тоҷик­ро ба арсаи  сиёсат ворид намуд.

Тавре дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар зикр шуд: «…имрӯз дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд».

Муҳимтар аз ҳама, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ягона мамлакатест, ки Сарвараш Фармонро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расонидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, оғози даврони соҳибис­тиқлолии кишвар теъдоди бонувони соҳибкор 64 нафарро ташкил медод. Айни замон ин шумора қариб ба 200 ҳазор нафар расидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар зикр намуданд, ки: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».

Ба андешаи инҷониб, дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои миллӣ носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани иддае аз бонувони тоҷик ба хурофотпарастӣ  рабт дорад.

Моҳиятан оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан вобаста аст.

Биноан, лозим аст, ки ҳифзу арҷгузори оиларо ҳамчун падидаи муҳимтарини иҷтимоӣ дар мадди назар қарор дода, бо қавииродагӣ, ҳамқадами замон будан, арҷ гузош­тан ба ҳуқуқҳои  модар, ҳамсар  ва хоҳару дигар пайвандон симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд бегазанд нигоҳ дорем.

Азиза Шарифова, омӯзгори МТМУ №77-и шаҳри Душанбе