Табиби ман - ҳабиби ман

Зуком бемории «сабук» нест

№9 (4115) 16.01.2020

Онро пешгирӣ ва муолиҷа бояд кард

IMG_20200115_102747_BURST1Бо омадани мавсими сармо шумораи гирифторони зуком меафзояд. Баъзеҳо барғалат зукомро бемории «сабук» мепиндоранд, ки дар натиҷаи чунин беэътиноӣ гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония), ангина, гайморит, бронхит, миокардит,  отит (дарди гӯш) ва ғайра мегарданд. Дар робита ба ин, бо устоди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб Матлуба Носирова мусоҳиб шудем.

- Бемории зуком чӣ гуна сар мезанад ва ба киҳо бештар хавфи гирифтор шудан ба он таҳдид менамояд?

- Зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас буда, барангезандааш вирус мебошад. То ҳол олимони соҳа зиёда аз 2000 варианти вируси зукомро муайян кардаанд. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол зуком дар ҷаҳон боиси ба бемориҳои вазнин дучор шудани 3-5 миллион нафар ва фавти 390- 650 ҳазор нафар мегардад.

Ба ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)- и заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Зуком он тавре, ки баъзеҳо мепиндоранд, бемории «сабук» нест. Он аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Шахси сироятшуда барои аҳли хонавода ё ҳамкорон манбаи  паҳнкунии беморист. Зимни сироятёбӣ, пеш аз ҳама, узвҳои нафаскашӣ осеб мебинанд. Вируси беморӣ ба трахеяву бронх­ҳо ворид шуда, бо мурури вақт ба системаи асаб, дилу рагҳо ва ғайра таъсири манфӣ мерасонад.

- Нишонаҳои бемории зуком кадомҳоянд? Чӣ тавр зукомро аз шамолхӯрӣ метавон фарқ кард?

- Шахси бемор табларза шуда, ҳарорати баданаш баланд мегардад, дар мушаку буғумҳо дардро ҳис менамояд, аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашад, оби биниаш зиёд меравад, димоғаш маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай мекунанд, сусту беҳол мешаванд.

Бемориҳои шадиди роҳи нафас дар натиҷаи  шамолкашӣ сар мезанад. Зуком бо роҳи ҳавоӣ- қатраӣ дар натиҷаи муошират бо бемор сироят мекунад. Нахустин нишонаҳои зуком баъди 3-4  рӯзи сироятёбӣ маълум мешавад.

Фарқи бемориҳои шадиди роҳи нафас (БШРН) аз зуком дар он аст, ки аввалӣ оҳиста- оҳиста оғоз меёбад. Зуком бошад, якбора сар мезанад. Ҳангоми БШРН ҳарорати баланд (38,5 дараҷа) на зиёда аз 3 рӯз давом мекунад. Аммо зимни гирифторӣ ба зуком ҳарорат аз 39 дараҷа боло шуда, 3-5 рӯз идома меёбад. Нишонаҳои интоксикатсия (заҳролудшавӣ) дар БШРН чандон намоён нестанд. Вале дар зуком беҳолию бемадорӣ, паст шудани иштиҳо назаррас буда, арақкунии шадид, эҳсоси дарди шадид дар мушаку буғумҳо ва сар, ҳангоми ҳаракат додани чашмон ба тарафи росту чап ҳис кардани дард, тарс аз рӯшноии баланд ба  мушоҳида мерасад. Зимни БШРН атсазанӣ зуд – зуд рӯй медиҳад, аммо дар зуком атсазанӣ кам ба назар расида, бинӣ маҳкам ва нафаскашӣ бо он мушкил мешавад. Беморони зуком вақти  сулфидан дар гулӯ ва қафаси сина дард ҳис мекунанд.

- Гирифторони зуком барои зудтар сиҳатёбӣ чӣ бояд кунанд?

- Пеш аз ҳама, сачоқу зарфҳои чою ғизохӯрӣ ва бистари беморро алоҳида бояд кард, то ба дигарон сироят накунад. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо, дуруст нест. Зеро зуком бемории вирусӣ аст ва истеъмоли антибиотикҳо нафъ намерасонад. Духтур ҳолати беморро дида, дору тавсия медиҳад.

Бемор бояд дар як шабонарӯз 8 соат хобад, истироҳат кунад. Дар давоми рӯз нӯшидани чойи сабзи гарм, чойи бобуна, настаран (хулул, хуч), мармарак, пудина, нозбӯ бо иловаи асал муфид аст. Барои мустаҳкам намудани масуният (иммунитет) чойи занҷабил (имбир) бо як қошуқча асал фоида дорад.

Хонаи дар он бемор хобидаро бо латтаи намнок тоза бояд кард. Агар дар дастархони бемор меваю сабзавоти тару тоза (сир, пиёз) маҳсулоти ширӣ, киви, лимӯ, афлесун ва асал бошад, бемор зудтар шифо меёбад. Шӯрбои гӯшти мурғ, моҳӣ, мастобаи серкабудию райҳондор низ фоида дошта, шифоёбии беморро метезонанд. Ҳангоми зуком истеъмоли қаҳва тавсия дода намешавад.

- Чораҳои пешгирӣ аз зуком кадомҳоянд?

- Дар вақти ба ҷойҳои серодам рафтан аз  ниқобҳои тиббӣ, ки ҳоло дар дорухонаҳо фаровонанд, истифода бояд кард. Баъди истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дастҳоро дар хонаю ҷойи кор бо собун ва  биниро бо намакоби ширгарм шустан лозим аст. Бо мақсади пешгирии сироятёбӣ, пеш аз хона баромадан ба сӯрохиҳои бинӣ марҳами оксолин бояд молид. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи нам­нок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт.  Шустани дастон пеш аз хӯроку баъди хӯрок бемориҳои сироятӣ,  аз ҷумла, зукомро низ пешгирӣ мекунад.

Ҳангоми атсазанию сулфа пеши даҳонро бо рӯймолча гирифтан эҳтимоли зиёдтар паҳншавии  барангезандаҳои бемориро пешгирӣ менамояд.

Истифодаи машруботи спиртию тамоку масуниятро заиф карда, хавфи гирифторшавии ҳар гуна бемориро меафзояд.

Ҳамчунин, обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Барои мисол, сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳати 8-соата ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Назрибой АШӮРОВ, собиқадори матбуот.

Сайфиддин СУННАТӢ,«Садои мардум»