Ифтитоҳи ду корхона дар Айнӣ

№ 16.09.2016

ХУшёриДар рўзҳои таҷлили ҷашни фархундаи 25–солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ 2 корхона, ки барои истеҳсоли асфалт ва коркарди сангу шағал пешбинӣ шудаанд, ифтитоҳ шуд. Инчунин, тафдони азим барои омодасозии мазут, ки дар мамлакат назир надорад, барои тавсеаи фаъолият мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Директори филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» Асомиддин Азизов дар маросими ифтитоҳи онҳо зикр намуд, ки азми қавӣ ва нияти неки кормандон замина фароҳам овард, ки дар муддати кутоҳ корхонаҳо мавриди истифода қарор гиранд.  Муҳимтар аз ҳама, бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо буҷети ноҳияи Айнӣ ғанитар хоҳад гашт. Ҷиҳати бунёди корхонаҳо панҷ миллиону панҷсад ҳазор сомонӣ харҷ ва барои васлу насби таљҳизот мутахассисони хориҷӣ љалб шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи корхонаҳо раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, намояндаи Вазорати нақлиёт Абдулло Зиёзода ва дигарон ибтикороти  аз ҷониби «IRS» амалишударо арзандаи ситоиш ва саҳми онро  дар пешрафти ноҳия назаррас арзёбӣ карданд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»