Тозанашр

Инъикосгари корномаи бунёдкорон

№17 (3163) 18.02.2014

китобДар ҷаҳони муосир меъмор ва сохтмончӣ мақому манзалати хос доранд. Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои охир  ин бахши муҳими ҷомеа дар мамлакат ба давраи нави рушди босубот ворид шудааст. Нуктаи муҳим он аст, ки тӯли солиёни охир зимни бунёди иншоот, ҳамрадиф бо талабот ва усулҳои байналмилалӣ, унсурҳои миллӣ хеле васеъ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Рӯз то рӯз рушду тавсеа ёфтани корҳои бунёдкориву созандагӣ аз пурмаҳсул будани фаъолияти меъморон ва сохтмончиёни ватанамон дарак медиҳад. Коршиносон дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани ин равандро ба фаъолияти муассири Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) рабт медиҳанд. Воқеан ҳам, мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти ниҳоди фавқуззикр, ки роҳбарии онро мутахассиси поквиҷдон, масъулиятшинос ва меҳандӯст Абдувалӣ Комилов ба зимма дорад, беш аз пеш беҳбудӣ меёбад. Имрӯз ба шарофати дастони пурэъҷози меъморон ва сохтмончиён дар тамоми минтақаҳои мамлакат эъмори иншооти нав ва таҷдиди сохтмонҳои ба таъмир ниёздошта суръати тоза касб намудааст.

Ин  ва дигар нуктаҳо дар китоби тозанашри «Сохтмончиёни Тоҷикистон», ки ба қалами Абдураҳмон Аҳмадов тааллуқ дорад, зикр шудаанд. Нашри китоби алоҳида вобаста ба фаъолияти намояндагони ин қишри ҷомеа дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нав буда, шоистаи таҳсин ва қобили дастгирист.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов дар сарсухани китоб чунин нигоштааст: «Таҳия ва нашри китоби «Сохтмончиёни Тоҷикистон» иқдоми хубу шоистаи дастгирист. Месазад, ки доир ба фаъолияти бунёдкорона ва созандаи шахсоне, ки дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон бо амалҳои худ саҳм мегузоранд, садҳо китоб иншо шавад».

Агар фаъолияти кумитаро мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мешавад, ки ҳамасола дар тамоми самтҳо тамоюли пешравӣ бармалост.  Дар сарсухани китоб Абдувалӣ Комилов пешравиҳои соҳаро самараи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он бунёдкорӣ ва созандагӣ афзалияти бештар доранд, арзёбӣ намудааст. Дар китоби мазкур, ки ба маънои томаш бозгӯкунандаи корномаи бунёдкорони ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, тамоми самтҳои фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ширкатҳои бонуфузи сохтмонӣ инъикос ёфтаанд. Мутолиаи китоби «Сохтмончиёни Тоҷикистон» хонандаро ба олами рангин ва пурэъҷози меъморӣ ва сохтмон ғӯтавар менамояд ва ҳар кас аз ин баҳри бекарон гавҳарчинӣ хоҳад кард.

Далер Мерганов, «Садои мардум»