Дар мавзӯи рӯз

Интизор шавем, ки боз нархҳо зиёд шаванд?

№62 - 65 3699-36702) 03.06.2017

бозорииииМоҳи шарифи Рамазонро айёми файзу эҳсон мегӯянд. Мутаассифона, дар ин моҳи муборак, ҳамин ки нарх дар бозорҳои пойтахт «дандоншикан» шуд, фурӯшандагони бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав «таъҷилӣ» фурӯшандагони бозорҳои пойтахтро «дастгирӣ» намуданд.

Мушоҳидаи рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон нишон дод, ки фурӯшандаҳо боло бардоштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро байни ҳам тарҳрезӣ мекунанд. Чунин ҳолро дар бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», «Шоҳмансур», «Дӯстӣ», маҳаллаи 33-юми пойтахт ва бозорҳои яклухтфурӯшии «Сомон» ва ҶДММ «Ҳалим Саид» дидем.

Гаронии нархи меваю сабзавотро фурӯшандаҳо ба қиматии роҳкиро нисбат медиҳанд, вале намегӯянд, ки то бозор расидан маҳсулот аз чанд даст мегузарад. Аз ин рӯ, ибораҳои «дар бозор деҳқон намондааст», «деҳқонро ба бозор роҳ намедиҳанд» аз ҷониби харидорони аз қиматии бозор рамида зуд-зуд садо медиҳад.

Дар шароити имрӯз нақши миёнаравро миёни деҳқон ва бозор сохторҳои маҳаллии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» метавонанд ба дӯш гиранд, зеро ҷамъияти мазкур дар такя ба таҷриба метавонад дар маҳалҳо нуқтаҳои қабули маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, онро ба бозор барорад.

Бубинед, як ҳафта пеш аз моҳи Рамазон нархи помидор 3- 3,5 сомонӣ, бодиринг 2 сомонӣ, пиёз 1,80- 2 сомонӣ, сабзӣ 2,5 сомониро ташкил медод, дар се рӯзи аввали моҳи шариф нархи он то се баробар боло рафт.

«Ба танзим даровардан»-и нархи гӯшт дар бозору дӯконҳои гӯштфурӯшии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ натавонист болоравии нархи онро пешгирӣ намояд. Ин аст, ки бо баҳонаҳои гуногун нархи гӯшт аз 32 сомонӣ то ба 37-38 сомонӣ дакка хӯрд.

Ба ғайр аз ин, аксар вақт дари бисёр растаҳои гӯштфурӯшӣ баста буда, сифати гӯшти дар фурӯшбуда назар ба моҳи пеш хеле фарқ мекунад. Баъзе фурӯшандагон бо нархи «тавсияшуда» савдоро бефоида меҳисобанд.

Барои мисол, дар растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юми пойтахт изҳор доштанд, ки чорвои калони фарбеҳро забҳ карда, бо нархи 32-33 сомонӣ як килограмм гӯштро фурӯхтан ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Чунин ҳолат (манзурамон сифати пасти гӯшт аст) дар бозорҳои дигари пойтахт, шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод низ мушоҳида мешавад.

Дар бозорҳои фурӯши чорвои шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ шоҳиди он будем, ки миёнаравҳо ва тоҷироне, ки ба савдои чорво сарукор доранд, дар мавриди нархи гӯшт гӯштфурӯшҳоро ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ақидаи онҳо, маҷбурӣ паст фуровардани нархи гӯшт оқибатҳои ногувор дорад. Ҳарчанд онҳо «оқибатҳои ногувор» -ро шарҳ надоданд, вале гумони ғолиб он аст, ки чунин ҳаннотон фоидаи камтар ба даст овардани худро «оқибати ногувор» медонанд. Биноан, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки пеши роҳи чунин миёнарав ва бо ном тоҷиронро гиранд.

Ғайр аз ин, қариб як моҳ мешавад, ки болоравии нархи орд дар бисёр ҷой ба назар мерасад. Барои мисол, нархи як халта навъи якуми 50 — килограммаи он аз 148-150 то 160-165 сомонӣ расидааст.

Ба ақидаи коршиносон, талаботи солонаи аҳолии мамлакат ба ғалла як миллиону 565 ҳазор тонна аст. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 899448 тонна ғалла истеҳсол шудааст. Мутахассисон муътақиданд, ки барои истеҳсоли як миллиону 565 ҳазор тонна ғалла дар ҷумҳурӣ имконият ҳаст. Ба истеҳсоли он бо роҳи баланд бардош­тани ҳосилнокии ғалла, ки алъон дар сатҳи хеле паст (18-20 сентнерӣ) аст, метавон даст ёфт.

Дар пеш ду даҳаи моҳи шарифи Рамазон аст. Агар дар оғоз нархҳо чунин бошанд, дар арафаи иди саиди Фитр мардумро чӣ интизор хоҳад буд?

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»