Қирғизистон. Жогорку Кенеши созишномаҳои ба CASA – 1000 рабтдоштаро тасдиқ намуд

№ 18.06.2016

icon150Тавре ҳамватанонамон  иттилоъ доранд, бо ташаббуси ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи минтақавии «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA – 1000) таҳия, ҷонибдорӣ шуда, 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ­Абдулло ­Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба оғози татбиқи он асос гузошта шуд.

  Мақсади лоиҳаи мазкур интиқоли барқи изофаи давраи тобистона ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард.  Дар робита ба ин, 16 июни соли равон вакилони Жогорку Кенеш – парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон дар хониши сеюм чандин созишнома,  аз ҷумла  Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ»,  Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Бонки сармоягузории аврупоӣ оид ба «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ», Созишномаи қарзӣ байни ҶСК «Хатҳои миллии барқи Қирғизистон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» — ро  тасдиқ намуданд. Зимни муаррифии созишномаҳои мавриди назар гуфта шуд, ки  аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳа 45 миллион доллари ИМА ҷалб хоҳад гашт, ки аз он 38,25 миллион доллари америкоиаш карз, ки меъёри фоизиаш  0,75 буда, баргардониданаш барои 40 сол пешбинӣ шудааст. Дар доираи Қарордоди молиявӣ  байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Бонки сармоягузории аврупоӣ бо ин мақсад 70 миллион эвро дар 10 марҳила (транш) ҷудо мегардад. Ҷоиз ба зикр аст, ки меъёри фоизии ин маблағҳои қарзӣ дар марҳилаи алоҳида (дар ҳар транш) муайян гашта, муҳлати ниҳоии бозпас гардониданашон 29 солро дар бар мегирад.  Тибқи муқаррароти Созишномаи қарзӣ байни ЧСК« Хатҳои милли барқи Қирғизистон» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ», ки идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад,  аз муассисаи молиявии  фавқуззикр ҷалби 50 миллион доллари ИМА бо 1,5 фоизи солона ба муҳлати 25 сол дар назар дошта шудааст.  Масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва сохторҳои зидахл  дурнамои ин лоиҳаро нек арзёбӣ намуда, муътақиданд, ки дар муддати кӯтоҳ хароҷоти худро ҷуброн хоҳад кард. Барои мисол, ҶСК« Хатҳои миллии барқи Қирғизистон» ният дорад давоми 15 соли оянда аз ҳисоби интиқоли неруи барқ тариқи хати мазкур қарзҳои аз муассисаҳои молиявии  фавқ бо мақсади татбиқи лоиҳа ҷалбшударо баргардонад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»