Ҳисоботи дуюми миллӣ оид ба тшси муаррифӣ шуд

№129 (3923) 25.10.2018

trading-methodsЧанде пеш бо ибтикори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад-Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаррифии ҳисоботи дуюми миллӣ оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» чорабинӣ баргузор шуд.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷонмамадзода зикр кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шаффофият дар соҳаи истихроҷ таъмин бошад. Номбурда афзуд, ки Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббусро моҳи июни соли 2011 оғоз намуд. Моҳи августи ҳамон сол 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдории худро ба ТШСИ изҳор намуда, Иттифоқи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии «Шаффофият барои рушд»-ро ташкил карданд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмил додани усулҳои идоракунӣ дар соҳаи истихроҷ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, пурзӯр гардидани мубориза бо коррупсия, таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорати буҷет, ба Буҷети давлатӣ пурра дохил кардани маблағҳое, ки аз истихроҷи маъданҳо ба даст омадаанд, 31 августи соли 2012 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ» имзо гузоштанд, — изҳор дошт М. Ҷонмамадзода.

Нотиқ аз он ёдовар шуд, ки 23-27 феврали соли 2013 дар шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия ҷаласаи 22-юми Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ баргузор гардид, ки дар он дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани мақоми мамлакати номзад ба ТШСИ пазируфта шуд.

Дар идома номбурда зикр кард, ки ҳисоботи якуми миллии Тоҷикистон оид ба ТШСИ моҳи октябри соли 2015 пешниҳод шуда буд, ки 14 ширкати бахши истихроҷ ва пардохтҳои онҳоро то соли 2014 дар бар мегирифт.

Ҳисоботи дуюми миллӣ солҳои 2015-2016-ро фаро гирифтааст.

Дар конференсия намояндаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад-Тоҷикистон Ҷ. Ибодов суханронӣ намуд. Ҳамчунин, паёми видеоии иҷрокунандаи вазифаи директори ТШСИ Эдди Рича намоиш дода шуд. Роҳбари ширкати «БДО» Фирӯз Булбулов ҳисоботи мавриди назарро муаррифӣ намуд. Ш. Абдуллозода дар мавзӯи «Натиҷаҳои аввалини валидатсия ва амалишавии ҳаракатҳои ислоҳкунӣ», Р. Ҷумъаева — «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳандозии ТШСИ дар Тоҷикистон» ва С. Вазиров бобати «Харитаи роҳнамо оид ба ҳуқуқи бенефитсиарӣ дар Тоҷикис­тон» маърӯза намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи соҳаи истихроҷ суханронӣ намуда, гуфт, ки баҳри фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқии соҳаи истихроҷ дар кишвар 18 қонун қабул шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ мебошанд.

Дар конференсия, ҳамчунин, намояндагон аз давлатҳои Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулис­тон суханронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»